12:57:14 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сафар Сафаров: "Розигии Раҳмонро пеш аз анҷуман гирифтем"

Муовини аввали раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳизби ҳокими халқии демократӣ мегӯяд, дар ин ҳизб "яккараҳбарӣ" нест, чунки ҳизби онҳо "ҳам халқист ва ҳам демократӣ."

1.safar-safarov-48566Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) рӯзи 4 октябр дар анҷуманаш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳизб ва раисиҷумҳури кунуниро номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Дар ҳоле ки ҲХДТ аз ҳама охир анҷуманашро баргузор кард, аз ҳама пеш эълон кард, ки алакай миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъ оварда, ба КМИРТ супурдааст.

Дар сӯҳбате, ки бо Сафар Сафаров, муовини якуми раиси ҲХДТ перомуни масоили вобаста ба интихоботи президентӣ доштем, нахуст пурсидем, ки дар муддати кӯтоҳ ҷамъ овардани 210 ҳазор имзо ба онҳо чӣ гуна муяссар гардид?

Сафар Сафаров: Дар ҳизби мо яккараҳбарӣ нест, ки танҳо раиси ҳизб гӯяду мо иҷро кунем. Баъди таҳлили ҳама корҳо ба хулосае омадем, ки анҷуманро 4 октябр баргузор кунем. Мо ҳанӯз аз аввали сол барои анҷуман омодагӣ доштем. Ин кори саҳл нест. Ҳизбҳои дигар 50-100 нафар вакил доштанд, мо - 1050 вакил. Пеш аз анҷуман машваратҳои зиёд буд, ки мо киро номзад пешниҳод мекунем. Ҳозир одамон мегӯянд, ки шумо номзад доштед.

Не, дар ҳизби мо ҳам фикрҳо мухталифанд. Ин хел нест, ки як нафарро аз ҳизб гириву даррав пешниҳод кунӣ. Пешниҳоди номзад масъалаи ҷиддист. Баъдан, мо 4000 созмони ибтидоии ҳизбӣ дорем. Ҷамъ овардани 210 ҳазор имзо барои мо ягон мушкил надорад. Агар мо танҳо имзои аъзои ҳизбро ҷамъ кунем, кофист. Пешакӣ кор кардем.

Пешакӣ имзо ҷамъ накардем, тавре баъзе расонаҳо менависанд. Беш аз 200 гурӯҳи ташаббускор дорем. Мо ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касаба, ки пеш аз мо номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод карда буданд, дар мавриди ҷамъоварии имзо баъзе маслиҳатҳо додем, ки ба назди кӣ раванд. Худамон  212 ҳазор имзо ҷамъ карда, рӯзи 7 октябр ба КМИРТ супурдем.

-Ҳанӯз соле қабл ХХДТ гуфта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон номзади ягонааш ба президентӣ аст. Аммо худи ӯ то лаҳзаҳои охир мегуфт, ҳанӯз розигиамро надодаам. Ризояти президент кай ва чӣ гуна ҳосил шуд?

-Мо ягон боре нагуфтем, ки номзади мо Эмомалӣ Раҳмон аст. Шояд баъзе шахсони алоҳида гуфта бошанд. Мо пеш аз анҷуман наздашон даромада, розигиашонро ҳосил кардем. Ӯ гуфт, ки ман розиам. Мо номзадии ӯро пешниҳод кардем, анҷуман қабул кард. Ҳамон рӯз раисиҷумҳур розигии хаттиро ба мо дод, мо онро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба КМИРТ пешниҳод кардем.

-Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократ изҳорот дод, ки номзад шудани Эмомалӣ Раҳмон ғайриқонунист, зеро ӯ алакай ду давраи ҳафтсола раисиҷумҳур буд ва Қонуни асосӣ давраи севуми раёсатро ба як нафар манъ кардааст. Назари ҳизб ба ин иддаои ин ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор чист?

-Ман ҳамеша ҷонибдори онам, ки сухан дониста ва эҳтиёткорона гуфта шавад. Сухани ноҷо сари сабзро барбод медиҳад. Ман Раҳматулло Зоировро дар назар надорам, аммо ҳамин гуна мақол ҳаст. Раҳматулло Зоиров ҳамчун ҳуқуқшинос бояд ин гапро намегуфт. Мо дар даст Сарқонун, қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, қонун дар бораи интихобот дорем ва дар онҳо ба ин савол ҷавоб ҳаст.

Дар Сарқонун, ки ба тариқи райъпурсӣ қабул шуд, омадааст, ки президент ду навбат ҳафтсолӣ метавонад дар ин вазифа бошад. Аммо ин ҳуқуқшинос дидаву дониста онро ғайриқонунӣ мегӯяд. Агар ба суд диҳанд, ҳамчун ҳуқуқшинос чӣ посух мегӯяд? Ҷомеаро ба тарафи дигар бурда, ба таҳлука андохтан  кори хуб нест. Мо ба ин андешаҳои Зоиров ҷавоб навиштем.

-Намояндагони ҲХДТ гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон алтернатива надорад ва буданаш ҳам мумкин нест. Ба назари шумо, алтернатива надоштани раҳбари як давлат барои ин миллат хуб аст ё бад?

-Бояд аъзои ҳизби мо ин ҳарфро нагӯянд. Мо ҳизби ҳам халқӣ ҳастем, ҳам демократӣ. Ин ду чиз аъзои ҳизби моро намегузорад, ки чунин суханони подарҳаво гӯянд. Бе алтернатива гузарондани интихобот ягон маънӣ надорад. Раисиҷумҳур дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ гуфта буд, ки бояд интихобот шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шавад. Мо ҳатто интихоби раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳоро ба тарзи алтернативӣ баргузор мекунем.

Бигзор шахсони шинохтаи ҷомеа дар интихобот бошанд. Дигар мардуми мо он мардуми соли 1992 нест. Имрӯз таҳлилҳои зиёд дорад ва медонад, куҷо сафед аст ва куҷо сиёҳ. Мо ягон касро фиреб додаву ба ягон ҷониб кашида наметавонем. Ҳар як номзад мехоҳад алтернативаи худро дошта бошад.

-Барномаи номзадии Эмомалӣ Раҳмон омода аст ё барномаи қаблӣ аз нав эълон хоҳад шуд?

-Як гурӯҳи калони кориро аз ҳисоби олимон, ҷомеашиносон, ҳуқуқдонон ва фаъолони ҳизб созмон додем ва барномаро пеш аз анҷуман таҳия ва бо номзадамон мувофиқа кардем. Фикрҳои ӯро гирифта, пурра кардем. Фикр мекунам, як барномаи барои мардуми тоҷик муфид таҳия кардем, ки нуктаҳои асосии он дар мулоқот бо интихобкунандаҳо ироа мешавад.

-Фикр мекунед, барномаи пешина ба иҷро расидааст? Кадом бандҳои он иҷро шуд ва кадоме на?

-Барномаи пешин қариб ба пуррагӣ иҷро шудааст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон медонад, ки мо чӣ гуна дар бунбасти иртибототӣ қарор доштем. Мо аз бунбасти иртиботии дохилӣ раҳоӣ ёфтем. Аммо истиқлоли энергетикии мо аз бунёди Роғун вобаста аст. Бубинед, чӣ қадар аз ҳар ҷониб намегузоранд, ки мо кори дохилии худро кунем. Ҳамин нукта иҷроношуда монд, лекин зиёда аз 200 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта шуд. Бадахшон пурра истиқлоли энергетикӣ дорад. Дар барномаи нав омадааст, ки мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ҳам дипломатияи дохилӣ ва ҳам дипломатияи байналмилалиро истифода мебарем, то Роғун сохта шавад.

-ҲХДТ дар интихоботи нави президентӣ аз кадом тактикаҳо истифода хоҳад кард?

-Агар дар маҷмӯъ гирем, мо ягон тактикаи зиёдатӣ надорем. Тактикаи аслии мо такя ба халқ, ба интихобкунанда аст, яъне, ҳар чӣ бештар дастовардҳои замони истиқлолро ба мардум фаҳмондан. Чӣ ҳол доштем ва ба чӣ сатҳ омада расидем? Сатҳи камбизоатӣ 48 дарсад буд, ҳоло ба 38 дарсад расидем. Дар барнома зикр кардем, ки то соли 2020 сатҳи камбизоатӣ то 20 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Тавзеҳи ҳамаи ин корҳо аст тактика ва стратегияи барномаи мо.

-Бархе аз ҳизбу созмонҳо хостори тағйири қонуни интихобот шуданд. Аз ҷумла гуфтанд, ба хотири таъмини адолат ва шаффофӣ намояндагони ҳамаи ҳизбҳо ба куммиссиюнҳои интихоботӣ шомил шаванд. ҲХДТ аз ин пешниҳод ҳимоят накард ва онро айбдор мекунанд, ки хостори интихоботи шаффофу озод нест. Шумо чӣ мегӯед?

-Мо дар Маҷлиси намояндагон фраксия дорем, аммо онҳо озодона фаъолият мекунанд, аз мо чизе намепурсанд. Мавқеи мо доир ба он пешниҳоди тағйиру иловаҳо чунин аст, ки қонуни мавҷуда моро қонеъ мекунад. Ягон монеа барои мо ва ҳизбҳои дигар ҳам нест. Худи ман  беш аз 10 сол дар парлумон кор кардаам, медонам, ки тағйиру иловаҳоро сари вақт пешниҳод кардан лозим аст. Кӣ барои ворид кардани намояндаҳои ҳизбҳо монеъ шудааст?

-Пешниҳоде шудааст, ки номзадҳо даромад ва моликияти худро эълом доранд? Номзади Шумо ба чунин кор омода аст?

-Ҳамаи фаъолияти номзади мо ошкору озод аст. Агар ҳамин хел талабот шавад, Ҷаноби Олӣ худаш пешниҳод мекунад. Ягон фаъолияти номзади мо махфӣ нест. Ҳатто либоси танашро мардум медонад, ки аз куҷо мепӯшад, чӣ нарх дорад? Фаъолияти номзади моро аз одамони мухталиф пурсед, ҷавоб медиҳанд.  

-То ҳол ягон бор созмонҳои байнулмилалӣ интихоботҳои Тоҷикистонро озод, одилона ва шаффоф наномидаанд. Фикр мекунед, интихоботи навбатии президентӣ ин анъанаро хоҳад шикаст?

-Чун худам чанд сол дар берун аз Тоҷикистон кор кардам, ба шумо мегӯям, ки ба умеди ягон созмони байналмилалӣ шудан ҷоиз нест. Ба наздикӣ ман раиси Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтам.

Ба  ӯ гуфтам, ки чаро Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ шаффофу демократӣ гузаштани интихоботро тасдиқ карданд, аммо САҲА навишт, ки шаффоф набуд. Аммо САҲА интихоботи Афғонистонро шаффоф ҳисобид. Дар Афғонистоне, ки ҷанг аст, шаффоф гузаштани интихобот мумкин нест. Худатон қазоват кунед.

-ҲНИТ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Нозирон мегӯянд, аслан интихобот миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Ойниҳол Бобоназарова сурат мегирад. Оё ҲХДТ ӯро рақиби аслии номзади худ меҳисобад?

-На танҳо Ойниҳол Бобоназарова, балки ҳамаи номзадҳои пешниҳодшуда рақибони номзади мо ҳастанд. Шояд Ойниҳол Бобоназароваро дар ҳамаи минтақаҳо нашиносанд, аммо дар шаҳри Душанбе мешиносанд. Чанд нафар дар сӯҳбатҳо мегӯянд, ки ба мо дарс додааст. Бобоназарова шахсияти сазовор будааст, ки як ҳизби сиёсӣ номзадиашро пешниҳод кардааст. Ман шахсан ӯро хуб намешиносам. Аммо дар маъракаи пешазинтихоботӣ ҳангоми вохӯрӣ бо мардум маълум мешавад, ки чӣ қудрату тавоноӣ дорад. Майдон аз далер аст.

2.safar-safarov-48566Сафар Сафаров 22 майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 1983 мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Дар замоин Шӯравӣ бештар дар ниҳодҳои комсомоливу ҳизби коммунист кор карда, то мақоми котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло -Темурмалик) расида буд. Солҳои 1990-2000 вакили парлумон. Солҳои 2000-2001  раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2001 сафири  Тоҷикистон дар Русия ва соли 2007 намояндаи мухтори Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шудааст. Аз соли 2007 то феврали соли 2010 муовини авали раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Аз соли 2010 муовини якуми раиси ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон. Дорандаи ордени «Шараф» ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi