18:07:45 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро номзад пешниҳод кард

Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ кард. Дар анҷумани 11-уми ҲХДТ, ки ин лаҳзаҳо дар Кохи Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 1050 тан аз вакилон, номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Усмон Солеҳ, масъули бахши иттилоотии ҲХДТ қабл аз оғози анҷуман ба мо гуфта буд, ки "ба анҷуман беш аз як ҳазор вакил ва меҳмонон аз тамоми созмонҳои ҳизбӣ, иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳо даъват шудаанд".

emomali-rahmon-4557788Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон раҳбарии ин ҳизбро ба дӯш дорад, дар ҳоле, сурат гирифт, ки худи ӯ дар ин анҷуман ширкат надошт. Масъулони ҲХДТ адами ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуманро ба машғул будани ӯ бо корҳои давлатӣ рабт доданд. Дар ҳамин ҳол аз Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки оқои Раҳмон имрӯз эътимодномаи сафирони хориҷиро қабул кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки раҳбарии ин ҳизбро низ ба дӯш дорад, ба унвони вакил ба анҷумани 11-уми ХХДТ, аз сӯи созмони вилоятии ин ҳизб дар Бадахшон дар ду ҳафтаи пеш интихоб шуда буд.

Хабарнигори мо аз маҳалли баргузории анҷуман иттилоъ дод, ки  қабл аз баргузории анҷуман дар саҳни Кохи Филармония, намоишгоҳи дастовардҳои соҳаҳои мухталифи кишвар дар тӯли солҳои истиқлол, аз ҷумла соҳаи иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ба таъкиди Усмон Солеҳ, масъули бахши иттилоотии ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари ин ҳизб, ҳанӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи бошукуҳ ба муносибати 22-умин солгарди истиқлоли кишвар таъкид карда буданд, ки “итминон дорам, ки интихоботи навбатӣ намунаи беҳтарини амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари худро озодона, бо майлу иродаи хеш интихоб мекунанд ва ин чорабинии муҳими сиёсӣ низ ба сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллии мардуми кишвар ва болоравии обрӯи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳанӯз чанд моҳи пеш, мақомоти ҲХДТ, аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони номзади ин ҳизб ба интихоботи президентӣ ном мебурданд. Аксари соҳибназарону нозирони умур низ дар муаррифӣ шудани Эмомалӣ Раҳмон, ба мақоми президентӣ аз ҳизби худаш шакке надоранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан Иттиҳоди ҷавонон ва касабаи Тоҷикистон номзадии президент Раҳмонро ба интихобот пешбарӣ карда буданд.

Ҳамакнун бар иловаи Эмомалӣ Раҳмон, Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик, Саъидҷаъфар Исмонов, Олим Бобоев ва Абдуҳалим Ғаффорров, раҳбарони ҳизбҳои демократ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сотсиалист, Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҳизби коммунист ва вакили порлумон ва Толиббек Бухориев. муовини раҳбари ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ ба унвони номзадҳои интихоботи президентӣ муаррифӣ шудаанд.

Интихоботи президентӣ ба таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. 6-уми ноябр - рӯзи қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон низ аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi