05:12:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30          

"Тарафкашӣ"-и навбатӣ дар сафҳои ҲДТ

Ҳизби демократ зоҳиран ба гирдоби буҳрони нави раҳбарӣ фурӯ меравад. Ва он ҳам дар ҳамагӣ якуним моҳе ки то интихоботи раёсатҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ду муовини аввали раиси ҳизб Мамлакат Ҷайчиева ва Саидраҳмон Назриевро бо ҷурми “тарафкашии чандинбора” аз Шӯрои сиёсиаш хориҷ кардааст.

mamlakat-jaychieva-4545Дар анҷумани рӯзи 17 сентябри ҲДТ, ки раисаш Саидҷаъфар Исмоновро номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ кард, 5 узви аршади ҳизб, аз ҷумла Мамлакат Ҷайчиева, Саидраҳмон Назриев ва раҳбари бахши душанбегии ҲДТ Раҷаби Мирзо ба нишони эътироз ва “то замони рафъи ихтилофҳои дохили ҳизб” узвияти худро боздоштанд. Раҷаби Мирзоро ҳанӯз рӯзи 3 август “бо хоҳиши худаш” аз симати сухангӯи ҲДТ ва узви Шӯрои сиёсиаш хориҷ карда буданд. Дуи дигар дар ҷаласае, ки Шӯрои сиёсии ҲДТ рӯзи 18 сентябр барпо кардааст, ихроҷ шудаанд.

ҲДТ соли 1990 таъсис ёфта, то оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз аҳзоби пурнуфуз ба шумор мерафт. Вале аз миёнаҳои солҳои 90 ба ин сӯ ин ҳизб пайваста дар чанги кашмакашҳои дохилӣ қарор дошт ва нуфузи қаблиашро аз даст дод.

Саидҷаъфар Исмонов низ моҳи декабри соли 2012 дар натиҷаи чунин як “кашмакаш” раиси ҲДТ интихоб шуд. Вале бо вуҷуди барканории аъзои аршадаш, ҲДТ дар изҳороташ мегӯяд, “дар ҳоли эҳёи дубора қарор дорад.”

Раҷаби Мирзо, Мамлакат Ҷайчиева ва Саидраҳмон Назриев аз ҷумлаи он аъзо бонуфуз ва собиқадори ҲДТ буданд, ки дар анҷумани рӯзи 23 декабри соли 2012 дар барканории Масъуд Собиров аз раёсати ҳизб ва интихоби Саидҷаъфар Исмонов ба ин мақом нақши муҳим доштанд.Аммо омадани Исмонов ба раёсат танҳо “кудатои навбатӣ” дар сафҳои ин ташаккули як замон пурнуфузи мухолифини тоҷик буд. 

Нахустин “тарафкашӣ” дар ҲДТ ҳанӯз ба солҳои аввали фаъолияташ бармегардад. Вақте дар интихоботи поёни соли 1991 Раҳмон Набиев ғолиб омад ва президенти Тоҷикистон шуд, ҲДТ дар мухолифат бо давлати ӯ қарор гирифт. Он замон Абдулло Очилов ва Мирзо Самиев - ду тан аз раҳбарони аз ин мавзеъгирии раҳбари вақти ҲДТ Шодмон Юсуф норозӣ - дар як изҳороти пурсарусадо, ки тавассути телевизиони давлатӣ нашр шуд, намоишкорона аз ҳизб рафтанд.

Дар миёнаҳои солҳои 90, вақте Шодмон Юсуф, ки дар Эрон дар ғурбат қарор дошт, мавқеъи Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар музокироти сулҳ бо давлати Эмомалӣ Раҳмонро напазируфт, ҲДТ ба ду ҷиноҳ – Платформаи Теҳрон, ки тарафдорони Шодмон Юсуфро муттаҳид мекард, ва Платформаи Алма-Ато тақсим шуд. Баъди имзои созишномаи сулҳ ва сабтиноми дубораи ҲДТ, ки фаъолияташ аз соли 1993 бо қарори Додгоҳи олӣ манъ шуда буд, вакилони анҷумани ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров,аз фармондеҳони бонуфузи мухолифин дар минтақаи Тоҷикободи водии Рашт ва танҳо демократ дар миёни фармондеҳони ҷангро раис интихоб карданд.

Искандаров, ҳамин тавр, тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси ширкати давлатии “Тоҷиккоммунсервис” ва баъдан раиси “Тоҷикгаз” таъйин шуд. Вале дар пайи боздошт ва маҳкум ба 23 соли зиндон шудани Искандаров дар соли 2005 ин марҳалаи суботи оромӣ дар сафҳои ҲДТ дубора ба поён омад ва байни аъзояш бар сари таъсими “мероси Искандаров” моҷаро бархост.

Маҳз дар ҳамон рӯзҳо раиси феълии ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов ба ҳизб омад. Ин соҳибкор ва собиқ мудири  маркази техникии Кумитаи радио ва телевизион, дар соли 2006 дар ҳоле ба сафи ҲДТ пайваст, ки ин ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуда буд.

Як ҷиноҳро муовини раиси ҳизб Раҳматулло Валиев сарварӣ мекард ва тарафдорони ӯ мехостанд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки бо ҳукми додгоҳ ба сирқати амволи иттиҳодияи "Тоҷикгаз" айбдор ва зиндонӣ шудааст, ба ҳайси раҳбари ҳизб боқӣ бимонад. Мухолифони ин ақида ҷиноҳеро бо номи "Ватан" таъсис дода буданд, ки ба он Масъуд Собиров, устоди собиқи риштаи молияву иқтисоди Донишгоҳи миллӣ ва бародарзодаи шоиъир маъруф Бозори Собир раҳбарӣ мекард.

Дар ҳамон рӯзҳои мубориза бо ҷиноҳи Искандаров Собиров Саидҷаъфар Исмоновро ба ҷиноҳи "Ватан" овард. Ҳарду якҷоя  тавонистанд ҷиноҳи Искандаровро ба ҳошия биронанд, вале баъди ин байни ду муттаҳиди собиқ ба истилоҳ “пишаки сиёҳ гузашт. Дар поёни соли 2006 ва моҳи январи 2007 Собиров ва Исмонов ҳар кадом бо баргузории ҳамоиши тарафдороншон худро раиси ҲДТ эълон карданд. Аммо он дафъа вазорати адлия анҷумани баргузоркардаи Собировро қонунӣ хонда, ӯро дар мақоми раиси ҳизб эътироф кард. Собиров дар соли 2008 Саидҷаъфар Исмоновро барои зарба задан ба обрӯву эътибораш ҳамчун раиси ҳизб ба додгоҳ кашид ва пирӯз ҳам гашт.

Дар поёни соли 2012 мурғи иқбол ин бор рӯи шонаҳои Исмонов нишаст ва ӯ бо кумаки собиқадорони ҲДТ Масъуд Собировро барканор карда ва худ ба раёсати ҳизб нишаст. Вале моҷароҳои охир нишон медиҳад, ки ҲДТ ҳамчунон дар панҷаи буҳрону ихтилофҳои дохилӣ боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи як сиёсатшиноси тоҷик, ҳамин ихтилофҳо ҳизби демократро аз дохил хӯрданд ва ба як гурӯҳи маргиналие табдилаш доданд, ки ҳоло, бо вуҷуди пешбарии номзади алоҳида, гумон аст, ки битавонад то 7 октябр 210 000 имзои лозим барои сабти номзадаш дар интихоботи президентиро ҷамъ кунад. Дар интихоботи соли 2006 номзади ҲДТ Таваралӣ Зиёев маҳз ба далели ҷамъ наовардани шумори кофии имзоҳо сабти ном нашуд.

Коршиносон ва ҳамин тавр, бисёре аз аъзои собиқи ҲДТ дар ин ҳама “кашмакаш”-ҳо дасти мақомотро мебинанд ва мегӯянд, ҳадаф аз ин ҳама ба як ҳизби дигари кисагӣ табдил додани ҲДТ буд. Ба бовари онҳо, ин ташаккул аз соли 2006 ба ин сӯ,аз ҷумлаи аҳзоби ошкоро ҳаводори давлат маълум мешуд ва як иллати аз даст рафтани нуфузаш ҳамин шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi