16:26:34 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Президент созишномаи будубоши пойгоҳи 201-ро ба парлумон фиристод

Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз, 18 сентябр, cозишномаи шароити будубоши пойгоҳи 201 – и Русия дар Тоҷикистонро барои тасвиб ба парлумон пешниҳод кард.

soglasheniya 12455689Аз маркази матбуоти президент бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфтанд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар асоси моддаи 9 – и Қонун “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Созишномаи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кардааст.

Ин созишнома 5-уми октябри соли 2012 миёни раисҷумҳурони Русияву Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Парлумони Русия ҳанӯз моҳи апрел ин созишномаро ба тасвиб расондааст. Ин қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам эътои ҳаққи дахлнопазирӣ ба низомиёни рус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ба дарозо кашида шудани тасвиби ин созишнома дар расонаҳои Русия мавриди баҳсҳои зиёд шуда буд. Аз ҷумла Тоҷикистонро барои иҷро накардани тааҳҳудаш бо шарики стратегӣ муттаҳам мекарданд. Мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд, ки пас аз тасвиб шудани ду созишномаи дигар – Созишномаи шароити будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва Созишномаи интиқоли маводи нафтӣ ин санади муҳим низ ниҳоӣ хоҳад шуд.

Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия 8-уми феврали соли 2013 ба имзо расида, ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз 6 феврали соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст.

Амирқул Азимов , раиси Кумитаи дифоъ, амният ва тартиботи ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр ба мо гуфт, вакилони парлумон то як моҳи дигар мавзӯъи тасвиби созишномаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ  хоҳанд кард. Оқои Азимов аз шарҳи бештари ин масъала ва гуфтани таърихи мушаххаси баррасии мавзӯъи пойгоҳ дар парлумон худдорӣ кард, вале ғолибан ин созишнома то боздиди Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия ба Тоҷикистон тасвиб хоҳад шуд.

Ин изҳороти вакили аршади парлумони Тоҷикистон дар ҳоле буд, ки муовини вазири корҳои хориҷаи Русия Григорий Карасин низ рӯзи 10 сентябр дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Коммерсант" гуфтааст, «мо мунтазирем, ки парлумони Тоҷикистон имзо кардани созишномаи пойгоҳи ҳарбии 201-умро дар рӯзҳои наздик ба тасвиб мерасонад.»

Ин дипломати рус ҳамчунин гуфтааст, ки дар баробари тамдиди замони будубоши пойгоҳи низомӣ кишвараш ӯҳдарориҳои зиёдеро бар дӯш гирифта, аз ҷумла ба навсозии техникаи ҳарбии Тоҷикистон кумак карда, дар роҳи фурӯши маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва ҳамчунин и барои муҳоҷирони кори тоҷик дар қаламраваш сабукиҳо хоҳад дод.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон ба мо гуфт, дар ҳоли ҳозир Созишномаи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар парлумон баррасӣ мешавад ва Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ҳанӯз ба парлумон нарасидааст. Вай афзуд, ин як пакети созишномаҳо ҳаст ва ҳама дар якҷоягӣ ба баррасӣ гирифта ва тасвиб мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон ҳам бар ин буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба истиснои ин созишномаҳо барои тасвиби Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи 201 – и Русия дар Тоҷикистон пуштибонии Маскавро низ аз худ дар интихоботи президентии моҳи ноябр интизор дошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi