09:14:04 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Интихоботи президентии Тоҷикистон 6-уми ноябр баргузор мешавад

Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор кард, ки интихоботи президентии кишвар дар рӯзи чаҳоршанбеи 6-уми ноябр баргузор шавад. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Ин тасмим имрӯз, ҷумъаи 30-юми август зимни баргузории ҷаласаи муштараки Маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод ва қабул карда шуд.

uchastkai-intikhobot 451212Пешниҳоди баргузориии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба таърихи 6 ноябри соли ҷориро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки аз аз сӯи вакилону Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллии Тоҷикистон бо аксари оро (30 аъзои Маҷлиси миллӣ ва 63 тан аз вакилони Маҷлиси Намояндагон) қабул шуд.

Ҷаноби Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид кард. ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар асоси Қонуни Асосӣ ва қонунҳои кишвар баргузории интихоботи шаффофу озод ва демjкратиро кафолат додааст.

Зимнан, 6 ноябр дар Тоҷикистон ба унвони рӯзи қабули Қонуни Асосӣ аст. Ҳарчанд 6 ноябри соли ҷорӣ ба рӯзи чоршанбе рост меояд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба таҷлили Рӯзи қабули Қонуни Асосӣ таътил аст.

То ҳол ҳеҷ як аз номзадҳои эҳтимолии калидӣ роҷеъ ба омодагии худ барои ширкат дар интихобот изҳори назар накардаанд. Дар ҳоле, ки гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат роҷеъ ба эҳтимоли дар интихобот пешбарӣ шудани номзадии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезананд, худи ӯ ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумони Тоҷикистон аз таърихи  баргузории интихобот дар 6-уми ноябр истиқбол кард. Вай имрӯз, ҷумъаи 30-юми август зимни суханронӣ дар нишасти муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки "ман шаке надорам, ки интихобот дар фазои босубот, ором ва озод нагузарад". Танҳо оқои Кабирӣ афзуд, ки муҳим он аст, то қонун риоя ва ба раъйи мардум эҳтиром шавад. Раҳбари ҲНИТ гуфт, " чун маъракаи интихоботӣ муваққатӣ аст, мансабҳо муваққатӣ аст, бояд тарзе рафтор кунем, ки фардо ба чашми ҳамдигар нигоҳ карда тавонем".

Вай ба хусус аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хоҳиш кард, ки дар ҷиҳати баргузории интихобот, қонун ва меърҳои интихоботӣ риоя шавад. Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард, ки "амну суботи кишвар аз ҳар яки мову шумо вобаста аст ва ин ватан аз ҳамаи мо аст. Як бор иштибоҳ кардем, вале ин бор набояд ба иштибоҳ роҳ диҳем". Ҳамчунин ҷаноби Кабирӣ гуфт, ки "ҳар касеро, ки миллат интихоб кард, интихоби миллат хоҳад шуд".

Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби комунисти Тоҷикистон дар ҳошияи таъини баргузории интихоботи президентӣ гуфт, ки "шафофияти интихоботӣ қар ҳеҷ кишвари дунё сад дар сад таъмин нахоҳад шуд, аммо ба қадри имкон мешавад, ин меъёрро таъмин кард"

Вай таъкид бар он дорад, ки дар раванди баргузории интихобот набояд ба ҳизбҳои сиёсӣ фишор ворид карда шавад ва ҳизбҳои сиёсӣ низ бояд бар асоси меъёри қонун фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ахиран тариқи матбуот фишорҳое ба бархе  аз аҳзоб, ба хусус ҳизби коммунист сурат мегирад, ки "ин ҳизб диндор аст, инаш бедин аст", гуфта мешавад, комилан нодуруст аст.

Шодӣ Шабдолов гуфт, "мо эътироф мекунем, ки материалист ҳастем ва дар ойинномаи мо навишта шудааст ва ҳеҷ гуна маҳдудият нисбати аъзои ҳизб вуҷуд надорад, аммо набояд дигарон ба ҳизби мо ва дигар ҳизбҳо наҳ зананд, ки ин ҳизби диндор асту ин бедин".

Аз назари ҷаноби Шабдолов "муҳим манфиати умумихалқист" ва интихобот низ  бояд манофеи мардумро дар назар дошта бошад.

Айни замон, намояндагони нирӯҳои мухолифин ҳам ҳанӯз ба тавофуқи назар наомадаанд, ки дар интихоботи президентии имсола ба кадом шакл ширкат хоҳанд кард. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки аз аҳзоби умдаи мухолифин ва ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ иборат аст, мегӯяд, феълан сари ду роҳ андеша дорад - яке пешбарии номзади ягонаи мухолифин ва дигаре - пешбарии номзадҳои ҷудогона аз ҳар ҳизби сиёсӣ.

Ин дар ҳолест, ки дар авоили моҳи ҷорӣ Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ бо мо гуфт, ки мехоҳад дар интихобот иштирок кунад. Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ахиран ба расонаҳо гуфт, ки ҳизби ӯ мустақилона ва бидуни шарик шудан ба эътилофҳо, вориди корзори интихоботӣ мешавад.

Тибқи иттилои Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, имсол тақрибан 4 миллион нафар сокини ин кишвар ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро ба даст меоранд. Аз ин шумор, ҳудуди 900 ҳазор нафарашон дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд.

Тибқи иттилои ахир, Комиссияи марказии интихобот ба ҳукуматҳои ноҳияву вилоятҳои Тоҷикистон ва ба масъулони 68 ҳавзаи интихоботӣ супориш додааст, ки ҷавонони аз 18-сола болоро ба қайд гиранд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳақи ширкат дар интихоботҳоро доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi