17:27:35 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Миср дар интизори эътирозҳои рӯзи "Ҷумъаи саркашӣ"

Низомиҳои Миср ваъдаи тазмини ҳаққи мардум ба эътирозҳоро дода, вале боз ҳам алайҳи аъмоле ҳушдор додаанд, киметавонад ба амнияти миллӣ осеб расонад.

protest-mursi 05072013Эъломияи низомиҳо дар Facebook дар остонаи раҳпаймоиҳои исломиҳо, ки барои рӯзи ҷумъа барномарезӣ шудааст, нашр шуд. Исломгароҳо мехоҳанд ба нишони эътироз ба барканории раисиҷумҳури таҳти ҳимояти онҳо Муҳаммад Мурсӣ аз сӯи низомиҳо ба майдонҳо бирезанд. Ин эътирозҳоро “Ҷумъаи саркашӣ” ном додаанд.

Қабл аз нашри баёнияи ахир, низомиҳои Миср раҳбарони Ихвонулмуслимин, ҷунбишеро, ки аз Мурсӣ ҳимоят мекард, дастгир карданд. Ихвонулмуслимин  тавассути табаддулоти низомӣ барканор кардани Мурсиро, ки нахустин раисиҷумҳури ба таври демократӣ интихобшудаи Миср буд, маҳкум мекунанд.

Бино ба хабари дигари расида аз Миср, як сарбози мисрӣ дар нимҷазираи Синай дар натиҷаи ҳамлае, ки гумон меравад, ҷангиёни исломӣ анҷом додаанд, кушта шуд. Дар ин ҳамлаи субҳи ҷумъа ба яке аз иншшоти амниятӣ дар атрофи Рафоҳ, дар марзи Миср бо сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза, бино ба хабарҳо, 2 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамлаҳо дар вокуниш ба барканории Мурсӣ анҷом шудаанд ё пушташ чизи дигаре меистад.

Сухангӯи Ихвонулмуслимин Ҷиҳод Ал-Ҳаддод дирӯз дар Қоҳира, пойтахти Миср, ба хабарнигорон гуфт: " Ихвонулмуслимин мехоҳад ин нуктаро бизҳор бидорад ва таъкид кунад, ки онҳо ҳам як бахш ва як порча аз матоъи миллати Мисранд ва онҳо дар тӯли солҳо ва даҳсолаҳои охир тибқи қавонин ва Қонуни асосӣ талош ба харҷ додаанд ва мо мехоҳем руи ин нукот таъкид кунем, ки пеш аз ҳама, мо табаддулоти низомӣ алайҳи раисиҷумҳур, алайҳи Қонуни асосӣ ва алайҳи машрӯъияти давлатро комилан қабул надорем ва радд мекунем.”

Низомиҳои Миср дар баёнияи худ ваъда кардаанд, ки “алайҳи ягон гурӯҳи сиёсӣ аз чораҳои истисноӣ ва истибдодӣ” кор нахоҳанд гирифт. Дар баёния гуфта мешавад: "Эътирози сулҳомез ва озодии баён ҳуқуқест, ки барои ҳамагон кафолат дода мешавад, ҳуқуқест, ки мисриҳо ҳамчун яке аз муҳимтарин комёбиҳои инқилоби муаззам ба даст овардаанд.”

Аммо дар айни замон ин баёния меафзояд, ки “истифодаи беш аз ҳад ва бедалел аз ин ҳаққ метавонад пайомадҳои манфие ҳам ба бор биоранд.” Низомиҳо алайҳи аъмоле, чун бастани роҳҳо, тахриби иншоот ваосеб расондан ба амнияту иқтисод ҳушдор додаанд.

Амрико, ки ҷамъи ёриҳои низомиву мулкиаш ба Миср солона ба 1,5 миллиард доллар мерасад, ба бозгашти “зуд ва бомасъулият”-и Миср ба ҳукумати мулкии бо роҳи демократӣ интихобшуда даъват карда, аз мақомот хостааст, ба боздоштҳои “худсарона” роҳ надиҳанд. Вазири хориҷаи Миср Комил Амр гуфт, дар як тамоси телефонӣ ба ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрё “фаҳмондааст”, ки барканории Муҳаммад Мурсӣ табаддулоти низомӣ набуд, балки дар заминаи “иродаи қариб ба иттифоқи орои мардум” ва дар пайи эътирозҳои густарда сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи Амр, Керрӣӯро итминони хотир додааст, ки Миср як муттаҳиди калидии Амрикост ва суботаш барои Вошингтон муҳим аст. Амр ба навбаи худ ба суоли Керрӣ дар мавриди ҳуқуқи башр ӯро мутмаин сохтааст, ки алайҳи Мурсӣ ваё пайравони ӯ аз Ихвонулмуслимин кадом аъмоли интиқомҷӯёна анҷом нахоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки Мурсӣ баъди барканориаш аз мақом дар кадом макони эълоннашудае дар боздошт қарор дорад.

Қозии аршади Додгоҳи Қонуни асосии Миср Адлӣ Мансур рӯзи 4 июл ба ҳайси раисиҷумҳури муваққат савганд ёд кард. Низомиҳо аз як роҳкоре, ки интихоботи нав дар Мисрро дар назар дорад, ҳимоят мекунанд.

Муҳаммад Мурсӣ, ки моҳи июни соли 2012 дар нахустин интихоботи озоду демократӣ баъд аз суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар Миср, ба қудрат расид, баъди ҳамагӣ як соли ҳукмрониаш ба мавҷи эътирозҳои густурдае рӯбарӯ шуд, ки аз замони суқути Муборак дар феврали соли 2011 собиқа надошт. Низомиҳо рӯзи 1 июл дар пасманзари ин эътирозҳо ба давлати Мурсӣ барои ҳалли буҳрони сиёсӣ 48 соат фурсат доданд. Мурсӣ аз истеъфо даст кашид ванизомиҳо шоми 3 июл ӯву иддае аз раҳбарони Ихвонулмуслиминро дастгир карда, ба Мурсӣ эълон карданд, ки ӯ дигар раисиҷумҳур нест.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi