09:03:20 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

FBI: Дар нома ба Барак Обама заҳр ошкор шудааст


FBI - Бюрои федеролии тафтишоти ИМА эълом дошт, дар хокаи дар нома ба раиси
ҷумҳур Барак Обама ошкоршуда осори заҳри қаттоли ритсин пайдо шудааст. Масъулини ин ниҳоди амниятӣ дар ин бора баъд аз анҷоми тафтиши муқаддамотӣ хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, тайи 24 то 48 соати оянда ба хотири тайид шудани ин иттилоъ тафтишоти иловагӣ гузаронида мешавад.

kokhi-safed-18042013Имрӯз, 17 апрел, Хадамоти махфии Амрико, ки ҳимояти раисиҷумҳур ва аъзои хонаводаи ӯро бар ӯҳда дорад, дар бораи як рӯз пеш ҳангоми тафтиши почта пайдо шудани хокаи шубҳанок дар як нома ба Барак Обама хабар дод. Ҳамон рӯз дар як баста унвонии узви Сенат аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Роҷер Уикер низ хокае бо нишонаҳои заҳри қаттоли ритсин пайдо шуда буд. Ритсин хокае сафеди бебӯй аст ва 0,3 миллиграмми он метавонад боиси марги инсон шавад.

Шабакаҳои телевизионии ИМА хабар доданд, ки баъд аз ошкор шудани хокаи машкук дар нома унвонии раисиҷумҳур аз кормандони ду бинои Конгресс хостанд то ҷойҳои кори худро тарк кунанд.Мақомоти амниятӣ дар биноҳо дигар номаву бастаҳои машкукро ҷустуҷӯ карданд.

Хабаргузории «Франс-Пресс», менависад, ки ошкоршавии лифофаву бастаҳо бо хокаи шубҳанок асабоният баъд аз ду таркиш дар марафони Бостон дар рӯзи душанберо бештар кард. Бар асари ин ҳамлаҳои террористӣ се нафар кушта ва беш аз 180 кас маҷрӯҳ шуданд. Бюрои федеролии тафтишоти ИМА эълом дошт, ки айни ҳол ягон робита миёни бастаҳои шубҳанок ва бомбгузорӣ дар марафони Бостон ба чашм намерасад.

FBI имрӯз ҳамчунин хабар дод, ки масъулияти ҳамлаҳо дар марафонро касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Ба иттилои масъулини ин ниҳоди амниятӣ, бомбҳо бо истифода аз “дегҳои бухори фелизӣ” сохта шудаанд. Дохили онро бо мех ва оҳанпораҳо пур карда будаанд, то шумораи бештари одамон талаф ёбад.

Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе гуфт, таркишҳо дар марафони Бостон чун амали террористӣ таҳқиқ хоҳанд шуд. Сарвари ИМА ин бомбгузориҳоро “як амали нафратовар ва буздилона” номид, аммо гуфт: “Он чӣ ки мо ҳанӯз намедонем, ин аст, ки ин ҳамларо кӣ ва чаро анҷом дод, он аз сӯи созмони террористии дохилӣ ё хориҷӣ тарҳрезӣ ва иҷро шудааст ё амали дасти як фарди бадхоҳ буд. Таъқиби ҳар фарзия ва ошкор кардани асли воқеъа вақт мехоҳад. Вале мо онро ошкор хоҳем кард.”

Шоми чаҳоршанбе расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки шахсияти бомбгузори эҳтимолӣ дар таркишҳои Бостон ошкор ва ӯ дастгир шудааст. Ба иттилои шабакаи телевизионии CNN, бомбгузори эҳтимолӣ дар наворҳои ҳадди аққал ду дурбин - яке дар фурӯшгоҳ ва дигарӣ дар бинои шабакаи телевизионии маҳаллӣ падид омадааст.

Нашрияи Boston Globe афзудааст, гап сари марде меравад, ки бо борхалтаи сиёҳ дар наздикиҳои ҷойи таркиши дуввум мегашт. Аммо мақомоти амниятии ИМА хабари боздошти гумонбари эҳтимолӣ дар ташкили таркишҳо дар марафони Бостонро рад карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi