23:43:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

ПОСУХИ АҲМАДИНАЖОД БА ИНТИҚОДҲОИ ХОМАНАӢ

Як рӯз баъд аз интиқоди раҳбари Эрон аз ҷанҷоли президент бо раиси маҷлиси ин кишвар, Маҳмуди Аҳмадинажод дар номае ба Хоманаӣ навиштааст, ки ҳукуматаш “кӯчактарин қадаме” бар хилофи мусолиҳа дар Эрон нахоҳад гузошт.

/images/stories/2013/02/18_ahmadinajad-180213.jpgБа гузориши матбуоти давлатии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нома гуфтааст, ки ӯ ва ҳамкоронаш ба хидмати миллат ва мардуми Эрон камар бастаанд ва “итминон медиҳам, ки ҳама талошҳоро ба унвони ходимони миллат барои рафъи мушкилот ва рифоҳи кишвар хоҳем кард ва кӯчактарин қадаме бар хилофи мусолиҳаи кишвар барнахоҳем дошт.”  ​

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи шанбе дар робита ба ин ҷанҷол, ки хусумати ошкори ду раҳбари баландпоя дар давлати Эронро ба намоиш гузошт, гуфт: “Ин ки раиси як қувва ба хотири як санади исботношуда ду қувваи дигарро муттаҳам кунад, хилофи шаръ ва қонун ва тазйиъи (поймоли) ҳуқуқи мардум аст.”

Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод дар номааш ба раҳбари олии Эрон ҳеҷ ишорае ба ҷанҷоли бесобиқа дар порлумон накардааст ва ба интиқодҳои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳам посухе надодааст.

Чанде пеш Маҳмуди Аҳмадинажод барои ҳимоят аз вазири кору ҳифзи иҷтимоии Эрон дар порлумон, ки баъдан бо раъйи вакилон барканор шуд, дар ҷаласаи порлумон, навореро пахш кард ва гуфт, ки ин навор нишон медиҳад, ки хонаводаи Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумон ба фасод олуда аст.

Ин навор муколамаи Фозил Лориҷонӣ бародари Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумон ва Содиқ Лориҷонӣ, вазири адлияи Эрон бо Саид Муртазавӣ, додситони пешини Теҳрон буд, ки ба гуфтаи Маҳмуди Аҳмадинажод нишон медиҳад, ин хонавода барои ба даст овардани суд аз фаъолиятҳои иқтисодӣ, аз мақомҳои худ сӯистифода мекунанд.

Раҳбари Эрон ҳамчунин вакилони порлумони Эронро барои барканории вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ танқид кард, ки ба гуфтаи  ӯ, то поёни кораш чанд моҳи дигар монда буд. Соате пас аз ин танқидҳои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, Алӣ Лориҷонӣ, раиси порлумон ва бародараш Содиқ Лориҷонӣ, вазири адлияи Эрон дар номаҳои ҷудогона ба ӯ гуфтанд, ки мувофиқи “фармудаҳояш” амал хоҳанд кард. Вакилони мардумии Эрон ҳам рӯзи якшанбе дар номае ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ӯ барои барканории вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ узр пурсидаанд.

Номаи Аҳмадинажод баъд аз он нашр шуд, ки ҳалқаҳои муҳофизакори Эрон бо назардошти сукути ӯ ва таъхир дар вокуниш ба интиқодҳои Оятуллоҳ Али Хоманаӣ хостанд, ки ӯ дар назди раҳбари олӣ “узрхоҳиву тавба” кунад.

Ихтилофоти амиқи назар ва ҷудоӣ дар миёни ҳалқаҳои ҳукмрони Эрон дар ҳолест, ки ин кишвар барои интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ омодагӣ мегирад. Қарор аст, рӯзи 18 июн интихоботи нави раёсати ҷумҳурии Эрон баргузор шавад. Баъди 8 соли қудрат, давраи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод ба поён мерасад. Соли 2009 пирӯзии баҳсбарангези ӯ дар интихоботи сабаби тазоҳуроти азими мардумӣ шуд, ки дар натиҷа чандин нафар низ кушта шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi