02:45:51 20-уми Январи 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Январ 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ГУЛНОРА КАРИМОВА ВА ҶАНҶОЛИ ХАДАМОТИ ТЕЛЕФОНӢ

Бозрасон дар Суис ва Суэд дар ҳоли таҳқиқи иддаъоҳои иртиботи як ширкати умдаи мухобиротии урупоӣ бо тақаллуби молии чандмиллиюндулорӣ ва фасоди молӣ дар Узбакистон ҳастанд. Ин иддаъоҳо роҳро ба зани тоҷир, овозхони мусиқии поп ва замоне сафири Созмони Милали Муттаҳид - Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон мебаранд.

/images/stories/2012/12/04_gulnara_41212.jpgӮ то кунун дар мавриди ин иддаъоҳо изҳори назаре накардааст ва талоши Би-би-сӣ барои анҷоми ин кор бидуни посух мондааст. Ширкати суэдии TeliaSonera, ки бархе саҳҳоми он мутааллиқ ба давлат аст, дар маркази ҷанҷоли азими сиёсӣ қарор гирифтааст. Телевизиюни Суэд бо пахши гузорише ин ширкатро муттаҳам кард, ки барои ба даст овардани ҳуқуқи ироаи хадамоти телефуни ҳамроҳи 3G дар ин ҷумҳурии Осиёи Миёна ба як ширкати восита (миёнарав) 300 миллиюн дулор пардохтааст. Ба назар мерасад ин пардохт нопадид шудааст.

Ширкати TeliaSonera ба шиддат ҳар гуна тахаллуфро рад мекунад аммо ин қазия аз суи додситонии кулли Суэд мавриди таҳқиқ қарор дорад ва дар порлумон мариди баҳс қарор гирифта ва сархати гузоришҳои расонаҳои суэдӣ будааст.

Тақвияти иддаъоҳо

Дар меҳвари қазияи ширкати TeliaSonera як ширкати кучак ба номи Takilant қарор дорад, ки дар Ҷабалутториқ (Гибралтар) сабт шуда ва мутааллиқ ба Гаяна Авакян, шаҳрванди Узбакистон аст.

Дар бораи хонуми Авакян ва ин ки чӣ гуна ӯ тавониста дар синни 29 солагӣ раҳбарии ширкатеро дар ихтиёр дошта бошад, ки ба намояндагӣ аз давлати Узбакистон дар бораи муҷаввизи ироаи хадамоти телефунҳои ҳамроҳ музокира мекунад, иттилоъи андаке вуҷуд.

Бо ин ҳол дар як аксе, ки аз ӯ ба тозагӣ дар як намоиши муд дар Порис гирифта шудааст, вай дар паҳлуи хонуми Каримова нишастааст. Ҳамин пайванд аст, ки иддаъҳо дар мавриди TeliaSonera- ро шадидан тақвият кардааст.

Бовар бар ин аст, ки Гулнора Каримова дар Узбакистон дорои манофеъи бузурги тиҷорӣ аз ҷумла дар бахши иртиботот аст. Аммо то кунун амалан ҳеҷ шавоҳиде дида нашуда, ки иртиботи ӯро бо тиҷорате ё иттиҳомоти мукаррари иртибот бо тақаллуб алайҳи ӯро таъйид кунад. Вале достони TeliaSonera мумкин аст ин вазъро тағйир диҳад.

Ин ширкат барои аввалин бор дар моҳи апрел дар сархатти хабарҳои расонаҳо қарор гирифт, замоне изъон кард, ки ба сарвисҳои амниятии Озарбойҷон, Узбакистон ва Белорус иҷоза додааст ба системҳои компютериаш дастрасӣ дошта бошанд. Коре ки ин сарвисҳоро амалан қодир ба анҷоми ҷосусӣ дар мавриди соҳибони телефунҳои мубойл месозад. Ширкати TeliaSonera дар ҳарсеи ин кишварҳо хадамоти телефонӣ ироа мекунад.

Таҳқиқоти баъдӣ тавассути телевизиюни Суэд нишон дода, ки маблағи 300 миллиюн дулор, ки ширкати TeliaSonera изҳор дошта онро барои ба даст овардани муҷаввизи ироаи хадамоти телефуни ҳамроҳи 3G ба ширкати Takilant пардохтааст, ба асноди сабти ин ширкат ҳаргиз нарасидаанд.

"Тақаллуби густарда"

Рӯзноманигорони суэдӣ ба Ҷабалутториқ, ки ширкати Takilant дар он ҷо сабти ном шудааст, сафар карданд то бубинанд, ки оё метавонанд дар бораи он иттилоъоти бештареро дар ихтиёр дошта бошанд. Онҳо агарчи тавонистанд нусхаи гузориши солонаи ин ширкатро ба даст оварданд, вале натавонистанд дафтар ва кормандонашро ҷое кашф кунанд.

Дар ҳамин ҳол кормандони бахши узбакии Би-би-сӣ дар Ландан замоне ба суроғи як бахши марбут ба ширкати Takilant, ки дар Бритониё сабт шуда рафтанд, ба айни ҳолат рӯбарӯ шуданд.

Ба дунболи гузориши телевизиюни Суэд додситони давлатии ин кишвар таҳқиқотро оғоз ва дастур дод, ки ҳисоби бонкии ширкати Takilant дар бонки суэдии Nordea, ки ҳовии 30 миллиюн дулор аст, мутаваққиф шавад.

Ҳамзамон бо таҳқиқоти телевизиюни Суэд ширкати Takilant мавриди таваҷҷуҳи Идораи гузориш дар мавриди пулшӯӣ дар Суис қарор гирифт.

Ин таҳаввул замоне сурат гирифт, ки кормандони бонки Lombard Odier Bank дар Женев дар моҳи июн аз он нигарон шуданд, ки Бекзод Аҳмедов, аз афроди сарватманди ширкати мухобиротии Узбакистон (Узтелеком), яке аз муштариёни ин бонк дар феҳристи пулиси байналмилалӣ (Интрепол) ба иттиҳоми тақаллуби густарда дар Узбакистон ба мушоҳида расид.

Оқои Аҳмедов дар собиқ мудири кулли як ширкати телефуни ҳамроҳ ба номи Уздунробита будааст.

"Мустақил нестанд"

Бар асоси асноди ба даст омада тавассути рӯзномаи "Файненшал Таймз" (Financial Times) дар соли 2003 ин ширкат мутааллиқ ба Гулнора Каримова будааст. Дар печутоби бештари марбут ба ин гиреҳи печидаи ҳаводис ду фарди узбаки дигар дар моҳи июл дар Женев пас аз гӯё талоши дастрасӣ ба ҳисобҳои ширкати Takilant бо истифода аз асноди тақаллубӣ дастгир шуданд. Гуфта мешавад ин аснод дар хориҷ тақаллуб шуда буд.

Ба дунболи ин ҳодиса додситонҳои суисӣ таҳқиқоти умдаро дар мавриди пулшӯӣ оғоз ва чанд ҳисоби ширкати Takilant - ро мутаваққиф карданд, ки ҳовии садҳо миллиюн дулор ҳастанд. Яке аз ин афрод Алишер Эргашев, дорандаи ҳисоби таълиқшудаи Takilant дар Суэд аст.

Ҷолиб аст, ки исми оқои Эргашев ва имзои ӯ дар асноди тоза ошкоршудаи ин ширкат дар Фаронса низ дида мешавад, ки аз ӯ ба унвони мудири ду ширкати амвол ёд шудааст. Саҳомдори асосии ин ду ширкат Гулнора Каримова аст, ки имзои ӯ дар аснод ба назар мерасад.

Алишер Эргашев ва фарде, ки ҳамроҳи ӯ боздошт шуда буд, дар ҳоле ки таҳқиқоти ширкати Takilant идома дорад, ҳарду ҳоло ба қайди васиқа озод ҳастанд. Дафтари додситонии Суис ба Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо дар робита ба ин қазия дар мавриди ду фарди узбаки дигар низ таҳқиқот анҷом медиҳанд.

Исми онҳо ошкор нашуда, аммо як рӯзноманигори суисӣ ки дар бораи мавзуъ иттилоъ дорад,ба Бибисӣ гуфт, ки тибқи манобеъи ӯ яке аз ин афрод Гаяна Авакян, молики ширкати Takilant аст. Бовар меравад фарди дигар оқои Аҳмедов, сарватманди пешини хадамоти телефун аст.

Бернард Бертосса, додситони умумии собиқи Суис ба Би-би-сӣ гуфт, ки интизор надорад, ки мақомоти Узбакистон дар робита ба ин қазия ҳамкорӣ кунанд. Ӯ афзуд: "Замоне чунин таҳқиқот ба афроди наздик ба аъзои давлат дар кишварҳои мисли Узбакистон иртибот мегирад, мушкил аст."

"Додгоҳҳо (дар он ҷо) мустақил нестанд."

Дар ҳамин ҳол дар Суэд таҳқиқот дар мавриди Takilant ва TeliaSonera идома дорад. Ларс Найберг, мудири омили ширкат истеъфои худро дар сурати вуҷуди ҳар гуна шавоҳиди фасод пешниҳод кардааст. Ӯ таҳқиқоти мустақилеро дар бораи фаъъолияти TeliaSonera дар Узбакистон оғоз кардааст, ки то охири сол натоиҷи он гузориш хоҳад шуд.

Ва дар худи Узбакистон ба назар мерасад хаёли хонум Каримова хеле аз баҳсҳои фасод дур аст. Ӯ машғули тарвиҷи оҳангу видиюҳояш ва номи тиҷории муди худ аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi