08:17:42 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭРДУҒОН ШӮРОИ АМНИЯТИ СММ-РО БА НОТАВОНӢ АЙБДОР КАРД

Нахуствазири Туркия аз Шӯрои амнияти СММ ба далели "нотавонӣ" дар муқобила бо бӯҳрони Сурия интиқод намуд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, гуфт, иштибоҳи Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки ба кушторҳои Боснӣ-Ҳерзоговина дар даҳаи навадуми қарни гузашта анҷомид, дар ҳоли такрор шудан аст.

/images/stories/2012/10/14_erdughon-141012.jpgИнтиқоди нахуствазири Туркия дар ҳоле матраҳ мешавад, ки нерӯҳои давлати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ҷангандаи бобмафкан ва тӯпхонаҳои худро дар набард бо мухолифон дар чанд ҷабҳа ба кор мегиранд. Ҳарчанд бӯҳрони Сурия амиқтар шуда, аммо ҳанӯз ҳеҷ нишонае аз роҳи ҳалли дипломатӣ барои он вуҷуд надорад.

Туркия акнун дар раъси ҷабҳаи байналмилалӣ қарор гирифта, ки хостори дахолати хориҷӣ дар Сурия, аз ҷумла эҷоди минтақаи парвози мамнӯъ бар фарози он ба василаи ҳавопаймоҳои низомии хориҷист. Даргир шудани Туркия дар бӯҳрони Сурия рӯз ба рӯз дар ҳоли бештар шудан аст, махсусан пас аз он ки ҳафтаи гузашта ҷангандаҳои артиши Туркия як ҳавопаймои мусофирбари Сурияро, ки аз Маскав ба Димишқ мерафт, маҷбур ба фуруд омадан кард. Мақомоти Туркия мегӯянд, ин ҳавопаймо ҳомили муҳимоти сохти Русия барои вазорати дифои Сурия буд. Моҷарое, ки Маскав ва Димишқро хашмгин кардааст.

Ба гузорииш Ройтерз, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ дар Истанбул сухан мегуфт, изҳор дошт, ки "бо вуҷуди талошҳои ҳамаи мо, Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бӯҳрони инсонии Сурия дахолате накард."

Русия ва Чин то кунун се бор қатъномаҳои пешниҳодӣ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ барои афзоиши фишор бар низоми Башор Асадро вето карданд. Эрдуғон гуфт, вазъияти Сурия дар ҳоли шабеҳ шудан ба вазъяити Боснь-Ҳорзеговина дар солҳои навадуми қарни гузашта аст, ҳангоме ки СММ дар ҳаллу фасли он шикаст хӯрд. Ӯ идмоа дод, "бисёр мояи таассуф аст, ки Созмони Милал имрӯз ҳамчун бист соли гузашта нотавон бошад, он ҳангом ки садҳо ҳазор нафар дар Балкан, Боснӣ ва Серебренитса қатли ом шуданд."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi