РОҲПАЙМОИИ РӮЗИ ҚУДС ОҒОЗ ШУД
Роҳпаймоии рӯзи Қудс дар шаҳрҳои мухталифи Эрон оғоз шудааст. Бомдоди рӯзи ҷумъа, 18 сентябр, расонаҳои давлатии Эрон аз оғози роҳпаймоии рӯзи Қудс, ки ҳамасола ба нишонаи ҳимоят аз мардуми Фаластин дар охирин ҷумъаи моҳи Рамазон баргузор мешавад, хабар додаанд.
Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, теъдоде хабарнигори хориҷӣ низ иҷоза ёфтаанд барои пӯшиш ин роҳпаймоӣ ба Эрон сафар кунанд ва хабаргузории давлатии Эрон, ИРНО, дар хабаре, ки ҳудуди соъати 9-и бомдод ба вақти маҳаллӣ мухобира кард, гуфт, ки бисёре аз хабарнигорон, аккосон ва тасвирбардорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар чаҳорроҳи Валиасри Теҳрон, наздики маҳалли баргузории намози ҷумъаи рӯзи Қудс дар донишгоҳи Теҳрон, мунтазир шудаанд.
ИРНО шумори ин гузоришгаронро беш аз сесад нафар зикр кардааст. Пас аз эъломи натиҷаи интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ, мақомоти давлатӣ зимни вазъи маҳдудиятҳои шадид алайҳи расонаҳои дохилӣ ва ихлол дар шабакаҳои иртиботӣ, маҳдудиятҳои шадидеро ҳам алайҳи фаъолияти аксар гузоришгарони хориҷӣ ба иҷро гузоштанд, аз идомаи фаъолияти бисёре аз онон ҷилавгирӣ ба амал оварданд ва теъдоде аз рӯзноманигорон, аз ҷумла чанд гузоришгари хориҷиро ба иттиҳоми интишори ахбори эътирозот боздошт карданд.
Натанҳо ниҳодҳо ва ташкилоти давлатӣ ба раволи ҳамешагӣ аз мардум хостаанд дар роҳпаймоӣ ширкат кунанд, балки шахсиятҳо ваташкилотҳои ислоҳталаб ва муътаризон ба натиҷаи интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ ҳам, ки ҳаракати худро "Мавҷи сабз" меноманд, зимни эъломи ҳузур дар роҳпаймоии Теҳрон, аз мардум барои ширкат дар роҳпаймоиҳои Қудс даъват ба амал овардаанд.
Меҳдии Каррубӣ, дабири кулли Ҳизби Эътимоди Миллӣ, Мирҳусейни Мусавӣ ва Муҳаммад Хотамӣ аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки ваъда додаанд дар ин роҳпаймоӣ ҳузур хоҳанд дошт. Сойти интернетии "Тағйир", ки ба далели қобили дастрас набудани сойти "Саҳом нюз", ахбор ва иттилоъоти Ҳизби Эътимоди Миллиро мунташир мекунад, гуфтааст, ки оқои Каррубӣ дар соъати ёздаҳи субҳ аз майдони "Ҳафти тир"-и Теҳрон роҳпаймоии худро шурӯъ хоҳад кард.
Ҳамин сойт ва теъдоде дигар аз сойтҳои мутаъаллиқ ба муътаризон, дар гузоришҳое аз эҳтимоли сафари Оятуллоҳ Сонеъӣ, аз мароҷеъи тақлиди Қум, ба Теҳрон барои ширкат дар роҳпаймоиҳои рӯзи Қудс хабар дода, аммо ин гузоришҳо ҳанӯз таъйид нашудааст.
Намози ҷумъаи рӮзи Қудс
Роҳпаймоӣ расман аз соъати даҳи бомдод ба вақти маҳаллӣ аз нуқоти мухталиф ба сӯйи маҳалли баргузории намози ҷумъа оғоз мешавад ва дар Теҳрон, Аҳмади Хотамӣ, узви Маҷлиси Хубрагон ва аз руҳониёни тундрави тарафдори давлат, имомати намози ҷумъаро бар уҳда дорад ва Маҳмуди Аҳмадинажод ва раҳбари яке аз гурӯҳҳои фаластинӣ низ ба унвони суханронони қабл аз хутбаҳо дар ин маросим ҳузур хоҳанд дошт.
Дар солҳои қабл, маъмулан Акбари Ҳошимии Рафсанҷони, раиси Маҷлиси Хубрагон ва раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, имомати намози ҷумъаи рӯзи Қудсро бар уҳда дошт, аммо дар соли ҷорӣ ин равол тағйир ёфтааст.
Маъмулан раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ хатибии намози ҷумъаро аз миёни панҷ эмоми ҷумъаи муваққати Теҳрон интихоб мекунад, аммо далели ҳузур надоштани оқои Рафсанҷонӣ дар намози рӯзи Қудси соли ҷорӣ эълом нашудааст.
Оқои Рафсанҷонӣ, ки хостори ширкати мардум дар роҳпаймоиҳо шуда, барои охирин бор дар рӯзи 26 тирмоҳ имомати намози ҷумъаи Теҳронро, ки бо ҳузури шумори бесобиқаи намозгузорон баргузор шуд, бар уҳда дошт.
Дар ҷараёни намози ҷумъаи он рӯз, маъмурони давлатӣ ба намозгузорон ҳамла ва шуморе аз ононро захмӣ ва теъдоде боздошт карданд. Гуфта шудааст, ки эҳтимолан иллати канор гузоштани оқои Рафсанҷонӣ аз имомати намози Рӯзи Қудс нигаронии мақомоти амниятӣ аз ҳузури густардаи муътаризон дар маҳалли намоз ва атрофи он будааст, дар ҳоле ки гузоришгарони хориҷӣ низ дар ин маҳал мустақар ҳастанд ва имкони инъикоси ин вақоеъро доранд.
Муътаризон ба натиҷаи интихоботи даҳумини давраи раёстаи ҷумҳурӣ, ки ин натиҷаро ношӣ аз тақаллуби густарда ба нафъи Маҳмуди Аҳмадинажод медонанд, гуфтанд ба таври густарда дар роҳпаймоии рӯзи Қудс ширкат хоҳанд кард, то зимни ибрози ҳимоят аз мардуми Фаластин, норизоии худро аз эъломи пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳамчунин рафтори хушунатомези маъмурони давлатӣ бо таҷаммуъҳои эътирозии пас аз интихобот ва муътаризони боздоштӣ иброз доранд.
Аз замони эъломи натиҷаи баҳсбарангези интихобот дар моҳи май, раҳбарони муътариз дар садади касби муҷаввиз баргузориҳои мусолиматомез будаанд, аммо мақомоти давлатӣ бо ин дархост мувофиқат накарданд.
Дар натиҷа, муътаризон дар чанд маврид аз гирдиҳамоиҳое, ки бо муҷаввизи давлатӣ барои маросими гуногун баргузор шуда ба манзури ҳузур ва ибрози дидгоҳи худ истифода кардаанд, ки зоҳиран далели лағв ва ё тағйир дар наҳваи баргузории теъдоде аз маросими роиҷи мазҳабӣ дар ҳафтаҳои ахир будааст.
Рӯзи гузашта Сипоҳи посдорон дар эъломияе алайҳи додани "шиъорҳои инҳирофӣ" ва ҳамроҳ доштани нумоди сабз, ба нишони ҳимоят аз эътирозоти мардум, дар ҷараёни роҳпаймоии рӯзи Қудс ҳушдор дод, аммо ҳанӯз гузорише аз наҳваи ҳузури маъмурони басеҷи вобаста ба ин ниҳоди низомӣ дар хиёбонҳо мухобира нашуда, аммо бархе хабаргузориҳо ба нақл аз шоҳидони айнӣ гуфтаанд маъмурони нерӯи интизомӣ дар нуқоте аз Теҳрон мустақар ҳастанд.
Би-Би-Си