08:52:57 26-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"23 ҲАЗОР САРБОЗИ ИМА СОЛИ ҶОРӢ АФҒОНИСТОНРО ТАРК МЕКУНАНД"

Бахши бузурге аз 23 ҳазор сарбози амрикоӣ дар моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

/images/stories/2012/07/23_generali-amrikoi-230712.jpgФармондеҳи умумии нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон мегӯяд, аз 23 ҳазор сарбози амрикоие, ки қарор буд Афғонистонро тарк кунанд, тақрибан нисфашон аз ин кишвар хориҷ шудаанд. Генерал Ҷон Аллен, ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки бахши бузурги боқимондаи ин нерӯҳо дар моҳҳои август ва сентябр Афғонистонро тарк хоҳанд гуфт.

Оқои Аллен дар мавриди 23 ҳазор низомие сӯҳбат кард, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар соли 2009 онҳоро ба Афғонистон фиристода буд. Барак Обама он замон дастур дода буд, ки 33 ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон фиристода шавад. Аз ин ҷумла даҳ ҳазор низомӣ соли гузашта Афғонистонро тарк карданд ва қарор аст 23 ҳазори боқимонда то охири моҳи сентябри имсол аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Фармондеҳи умумии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон дар идомаи изҳороташ ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО тибқи ҷадвали замонии таъйиншуда таъкид кард ва гуфт: «Нерӯҳои муштарак афғон, амрикоӣ ва НАТО то поёнии соли 2014 дар маъмуриятҳои низомӣ иштирок хоҳанд кард.»

Ба гуфтаи оқои Аллен, дар ҳоле ки нерӯҳои байналмилӣ дар тақрибан дуввуним соли оянда Афғонистонро ба сурати комил тарк хоҳанд кард, ҷангҳо дар ин кишвар идома хоҳанд ёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi