20:14:09 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САВГАНДИ ПРЕЗИДЕНТИИ ВЛАДИМИР ПУТИН

Владимир Путин имрӯз, душанбеи 7-уми май барои бори севум ҳамчун раисиҷумҳури Русия савганд ёд кард. Путин аз соли 2000 то 2008 алакай ду давра раиси ин ҷумҳурӣ буд ва сипас барои 4 сол ин курсиро ба ворисаш Дмитрий Медведев супурда, худ ба симати сарвазирӣ нишаст.

/images/stories/2012/05/07_vladimir-putin-7.5.12.jpgВа инак, баъди 4 соли «танаффус», барои давраи севум ва ин бор шашсолаи раёсат ба Кремл баргашт. Дар расми адои савганди Путин дар Кремл, ҳудуди 3000 меҳмон, аз ҷумла вакилони ҳарду маҷлиси парлумони Русия, қозиёни Додгоҳҳои олӣ ва конститутсионӣ ва дигар мақомоти баландпояи ин кишвар ширкат доштанд.

Владимир Путин дар савгандаш аз ҷумла гуфт: “Қасам мехӯрам, ки зимни иҷрои салоҳиятҳои раисиҷумҳури Русия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эҳтиром ва ҳимоят кунам, Қонуни асосии Федеросиюни Русияро риоя ва дифоъ кунам, истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва амнияту якпорчагии давлатро ҳимоят ва содиқона ба мардум хидмат кунам.”

Қабл аз адои савганди Путин, Дмитрий Медведев, ки аз мақоми раёсат канор рафт, ба мардум барои пуштибонии онҳо дар 4 соли раёсаташ изҳори сипос кард ва Путинро ҳам табрик гуфт, ки ба гуфтаи ӯ, ҳимояти аксари мардумро ба даст овардааст. Интизор меравад, Путин акнун Медведевро ба сарвазирӣ пешбарӣ кунад.

Владимир Путин дар пайи адои савганд таҳкими демократия дар Русияро низ ваъда супурд: “Тамоми корро хоҳам кард, ки ба боварии миллионҳо нафар шаҳрвандони мо сазовор шавам. Хидмат ба ватанро маънои тамоми зиндагии худ ва қарзи худ меҳисобам.”

Путин гуфт, Русия вориди “марҳалаи нави рушди миллӣ” мешавад ва чанд соли оянда барои ин кишвар солҳои “сарнавиштсоз” хоҳанд шуд.

Аммо дар ҳоле, ки дар Кремл расми адои савганди Путин мегузашт, пулис ҳудуди 80 эътирозгар, бо шумули раҳбари мухолифин Борис Немтсовро, ки талош доштанд дар ду минтақаи Маскав тазоҳурот доир кунанд, боздошт кардааст. Эътирозгарон шиор мезаданд, ки даври севуми Путин зиндон аст, на курсии раёсат дар Кремл.

Як рӯз қабл аз расми савганди Путин ҳудуди 20 000 нафар дар Маскав алайҳи бозгашти ӯ ба қудрат эътироз карданд. Пулис беш аз 400 нафар, бо шумули раҳбарони мухолифин Сергей Удалтсов, Алексей Навалний ва Немтсовро боздошт кард. Онҳоро шаби душанбе бо судури ҷазои маъмурӣ раҳо карданд. Дар даргириҳо бо эътирозгарон, бино ба хабарҳо, чандин маъмури пулис низ ҷароҳат бардошт.

Борис Немтсов субҳи 7 май дар сӯҳбат бо хабарнигорон Путинро бо президенти худкомаи Беларус Александр Лукашенко ташбеҳ дод:  “Ӯ дирӯз аз ҳадд гузашт ва Русия акнун босуръат аз роҳи Беларуси даврони Лукашенка пеш хоҳад рафт. Ман ба ин ягон шакку шубҳа надорам.”
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi