09:50:59 01-уми Июни 2025 сол

ЮСУФ РИЗО ГЕЛОНӢ АЙБДОР ШУД, АММО АЗ ҲАБС ЭМИН МОНД

Додгоҳи олии Покистон Гелониро дар беэҳтиромӣ нисбати додгоҳ айбдор хонд, аммо равонаи зиндон накард. Нахуствазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ, дар он айбдор шудааст, ки аз дархост ба ҳукумати Швейтсария барои эҳёи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ сарпечӣ кардааст.

/images/stories/2012/04/26_riza-gelani-26412.jpgПарвандаи даст доштани Зардорӣ дар фасод аз сӯи додгоҳи Швейтсария солҳои 90-ум тафтиш мешуд ва соли 2008-ум бо дархости Исломобод тафтишот қатъ карда шуд. Додгоҳ Гелониро муваззаф карда буд, ки ба Швейтсария барои дубора фаъол кардани парванда дархости расмӣ ирсол намояд.

Юсуф Ризо Гелонӣ сарпечияш аз ин талаби додгоҳ бо он омил марбут кард, ки раисиҷумҳури Покистон аз дахлнопазирӣ бархӯрдор аст. Ҳадс зада мешуд, ки нахуствазир барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ ба шаш моҳи зиндон маҳкум мешавад ва аммо додгоҳ ҳукми “рамзӣ” содир кард – Гелонӣ то поёни мурофиаи имрӯза дар додгоҳ монд.

Дар соли 2007-ум, каме пеш аз такя задани Осиф Алӣ Зардорӣ ба курсии раёсати ҷумҳури Покистон, қонуне дар ин кишвар қабул шуд, ки бар асоси он, раисиҷумҳур ва бархе мақомҳои дигар аз ҳузур дар додгоҳ ба далели парвандаҳои пешин вобаста ба фасоди молӣ, ҳифз хоҳанд монд. Пас аз қабули ин қонун, додгоҳи швейтсарӣ низ аз пайгирии ин парванда худдорӣ кард.

Аммо дар соли 2009, Додгоҳи олии Покистон қонуни ​​дахлнопазир будани раисиҷумҳурро бекор кард ва аз давлат хост, то бо фиристодани нома ба мақомоти қазоии Швейтсария хостори бозкушоии парвандаи фасоди молии Осиф Алӣ Зардорӣ шаванд.

Давлати Покистон дар тақрибан се соли ахир бо таъкид бар дахлнопазирии қазоии раисиҷумҳур, аз фиристодани нома худдорӣ кард, ки ҳамин амр сабаб шуд, то нахуствазири ин кишвар муттаҳам ба "тавҳин" ба Додгоҳи олӣ шавад. Ин бори аввал аст, ки нахуствазири Покистон дар замони анҷоми вазифа аз сӯи додгоҳи ин кишвар муттаҳам шинохта мешавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854