08:12:49 27-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТУРКИЯ: ЭРОН ОМОДАИ МУЗОКИРОТ БО ГУРӮҲИ 5+1 АСТ

Вазири хориҷаи Туркия гуфт, Эрон мувофиқати худро барои азсаргирии музокироти ҳастаӣ бо гурӯҳи 5+1 эълом кард.

turkiaАҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия мегӯяд, дар ҷараёни дидори ахираш аз Эрон мақомҳои ҷумҳурии исломиро тарғиб кардааст, то музокироти ҳастаиро бо шаш қудрати ҷаҳонӣ аз сар бигиранд. Вай дар бораи вокуниши мақомҳои Эрон ба пешниҳоди ӯ гуфтааст, "онҳо мувофиқат карданд."

Дар ҳамин ҳол, як дипломат аз кишварҳои гурӯҳи 5+1 ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, Эрон то кунун ба номаи Кетрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо посух надодааст.

Ин дипломат, ки хост номаш фош нашавад, гуфтааст, "он чи ки дархост кардаем, нисбатан содда мебошад. Мо ниёз дорем, ки онҳо дар бораи мавзӯъҳои марбут ба барномаи ҳастаии ин кишвар, ки қарор аст дар дастури музокирот қарор бигирад, комилан рӯшан ва шаффоф бошанд. Онҳо бояд ин масъаларо аз тариқи расмӣ ва рӯшан баён кунанд."

Аз ин пеш, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар як конфронси хабарӣ ба ҳамроҳи Аҳмад Довудоғлу гуфта буд, ки Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи ҳастаии Эрон, посух ба хонум Аштонро ба сафири Туркия хоҳад супурд.

Даври пешини музокироти Эрон ва намояндагони кишварҳои 5+1, яъне Бритониё, Амрико, Чин, Русия ва Фаронса ба ҳамроҳи Олмон, дар моҳи январи соли гузашта бидуни натиҷае баргузор шуд.

Дар ин музокирот дар ҳоле ки гурӯҳи 5+1 моил буд, то меҳвари ин гуфтугӯ барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ бошад, Эрон хоҳони музокира дар бораи масоили байнулмилалӣ буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi