03:53:46 02-уми Июли 2025 сол

ИНФИҶОР ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН "БИСТ КУШТА ДОД"

Мақомоти афғон мегӯянд дар асари вуқуъи инфиҷор дар наздикии шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон дастикам бист нафар кушта шудаанд. Ин инфиҷор дар ҷараёни маросими хоксупории яке аз хешовандони омири бахши оташнишонии вилояти Тахор сурат гирифтааст.

/images/stories/2011/12/26_takhar_261211.jpgМанобеъи бемористонӣ дар Тахор гуфтаанд, ки ҳудуди 25 нафари дигар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд. Абдулҷаббори Тақво, волии Тахор ба Би-би-сӣ гуфт, ки Абдулмуталиб Бег, намояндаи вилояти Тахор дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар миёни кушташудагони ин ҳодиса аст.

Оқои Бег аз фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ буд, ки афроду марбут ба ӯ бо гурӯҳи Толибон даргир буданд. Ҳанӯз иллати аслии ин ҳамла рӯшан нашудааст ва ҳеҷ гурӯҳе масъулияти онро бар уҳда нагирифтааст. Оқои Тақво гуфт эҳтимолан ҳадафи муҳоҷим ӯ ва ё ҳам узви Маҷлиси намояндагон будааст.

Гузориш шуда ки шуморе дигар аз мақомоти давлатии афғон низ дар ин маросим ҳузур доштаанд, аммо ба онҳо осебе нарасидааст. Абдулмуталлиб Бег, узви маҷлиси намояндагони Афғонистон, ки дар ин инфиҷор кушта шуд, пеш аз ин ба унвони фармондеҳи пулиси вилоёти Тахор ва Қундуз кор карда буд.

Оқои Бег аз фармондеҳони ҷиҳодии ӯзбактабор ва аз афроди пурнуфуз дар маҳал будааст. Вилояти Тахор дар солҳои ахир шоҳиди ноамниҳои зиёде будааст ва ҳадди ақал се мақоми аршади амниятии Афғонистон дар ин вилоят дар асари ҳамалоти ҷудогона кушта шуданд. Тахор аз ҷумлаи манотиқе аст, ки масъулиятҳои амниятии он қарор аст аз НАТО ба нерӯҳои афғон супурда шавад.

Бо он ки афроди вобаста ба шабакаи Алқоъида ва Толибон дар ин вилоят нуфузи густардае доранд, аммо гузоришҳо ҳокист, ки ҳалақоте марбут ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки гуфта мешавад бо Алқоъида дар иртибот аст, дар Тахор ва манотиқи ҳамҷавори он фаъол ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ