08:15:55 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КАРИМОВ ИТТИҲОДИ АВРУОСИЁРО ТАНҚИД КАРД

Дэвид Триллинг, Eurasia Net

Вақте, ки моҳи октябр сарвазири Русия Владимир Путин мақсади ташкили Иттиҳоди Авруосиёро ба миён гузошт ва баъзеҳо онро "ИҶШС (СССР) дар варианти сабуктар номиданд", баъзе аз роҳбарони лагандбардори ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ саросемавор ба ташаббуси нав часпида гирифтанд.

/images/stories/2011/12/23_karimov20111.jpgЧӣ хеле ки интизор мерафт, танҳо як ходими давлатӣ калимае ба забон наовард. Раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ҳама вақт ба идеяи ташкили чунин иттиҳод нописандона муносибат мекард, тақрибан аз ҳамон лаҳзае, ки пешвои Қазоқистони ҳамсоя Нурсултон Назарбоев ҳанӯз соли 1994 ин идеяро пешниҳод карда буд. Чанде пеш Каримов, бигзор бевосита ҳам набошад, ба ҳар ҳол ба Путин ҷавоб дод. Вай кушоду равшан фаҳмонд, ки Ӯзбакистон дар танҳоии мағрурона бо роҳи худ меравад.

Ҷойи тааҷҷуб нест: мавҷудияти элитаи ҳукмрони ҷумҳурӣ ба контроли сахт бар иқтисодиёт асос ёфтааст ва ин имконият медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои табии кишвар, ба мисли пахтаву газ бой шавад. Ҳангоми суханронии худ аз таърихи 7-уми декабр тавассути телевизиони давлатӣ ба муносибати иди рӯзи Қонуни Асосӣ Ислом Каримов, ки ба ҳамаи ҳамсояҳояш муносибати сард дорад, изҳор намуд, ки "равандҳои интегратсионӣ" ягон зарурияте надоранд.

Иттиҳодия, ки ба амалӣ шудани чунин равандҳо мусоидат мекунад, ҳадафаш маҳрум кардани Ӯзбакистон аз истиқлолияти бо душворӣ ба даст омада ва зери ҷабру зулми Маскав даровардани он мебошад, гуфт вай. Каримов ҳамчунин хотиррасон кардани мавҷудияти репрессияро дар Иттиҳоди Шӯравӣ фаромӯш накард, ки ин хеле ҳайратовар аст, зеро худ Каримов ҳам дар сабқати поймолкунии ҳуқуқҳои инсон дар байни пешсафон қарор дорад. Инак, порае аз суханронии ӯ.

"Барои ҳеҷ кас махфӣ нест, ки имрӯзҳо барои бардурӯғ пешниҳод кардани душвориҳои рӯ ба рӯи мо, фаъолияти собитқадамонаи мо дар роҳи ба даст овардани истиқлолият, ин рӯзҳои дурахшони фарорасида ва ҳамчунин моҳияту аҳамияти итиқлолияти мо кӯшишҳои гуногун ва фаъолона ба харҷ дода мешаванд. Ва пеш аз ҳама дар фазои пасошӯравӣ манзараро ба чашми ҷавонон, ки дар замони режими репрессивии Шӯравӣ зиндагӣ накардаанд ва дар бораи он маълумоти кофӣ надоранд, нодуруст ва бардурӯғ нишон медиҳанд, ки мо инро мушоҳида мекунем. Бо ин кӯшишҳо мехоҳанд дар мағзи сари ҷавонон нисбати замони гузаштаи Шӯравӣ шавқу рағбат пайдо кунонанд.

"Душвор нест мушоҳида кардан, ки ин кӯшишҳо барои тан надодан ба пошхӯрии Иттиҳоди собиқ аст, ки империяи Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва ин фурӯпошӣ раванди табиӣ буд ва онҳо фаҳмидан намехоҳанд, ки сабабҳои он пеш аз ҳама бепоя будани асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии вай давлат будааст".

Каримов даъват намуд, ки ба интегратсия эҳтиёткорона муносибат кунанд ва ҳушдор дод, ки чунин иттиҳодия ҳарчи бештар ба худ ранги сиёсӣ мегирад. Тамоман табиист, ки чунин ҳолат метавонад ба муносибат ва ҳамкориҳои аъзои Иттиҳодия бо кишварҳои дигари хориҷӣ таъсири манфӣ расонад. Ӯзбакистон, ба қавли Каримов "ҳеҷ вақт ба кишвари дигар сари таъзим фуруд намеорад".

"Мехоҳам гӯям, ки чархи таърихро қафо гардонида намешавад. Халқи мо, насли ҷавонони мо, ки давоми 20 соли охир ба камол расидаанд, имрӯз ба оянда бо боварӣ менигаранд ва ҳеҷ гоҳ аз роҳи интихобкардаи худ қафо намегарданд".

Ба ҷойи дохил шудан, Худо нишон надиҳад, ба ягон Иттиҳод бо ҳамсояҳо, Каримов ваъда дод, ки кишвараш минбаъд ҳам бо роҳи худ пеш меравад ва перомуни дар Ӯзбакистон ба вуҷуд овардани имкониятҳои инвеститсионӣ гап зад ва ҳатто қавл дод, ки маҳдудиятҳоро барои хориҷиҳо бекор мекунад. Вале барои инвесторҳои хориҷӣ, ки ҳамагӣ чанде пеш ширкатҳояшонро кашида гирифтанд ва ё барои онҳое, ки аз Ӯзбакистон дурӣ меҷӯянд, на сухан, балки амал лозим аст. Онҳо хеле хуб медонанд, ки Каримов дар ваъда додан беустухон аст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi