20:47:10 10-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲУКУМАТ ВА МАФИЯ – БАРОДАРОНИ ДУГОНИК

Uznews.net

Лидерҳои ҷиноӣ дар Ӯзбакистон аз нуфузи қариб номаҳдуд бархурдоранд: онҳо ғолибони тендерҳои баргузоршавандаро муайян мекунанд ва мансабҳои давлатиро мефурӯшанд, ба онҳо вазирон ва амалдорони дигари баландпоя сари таъзим фуруд меоранд, хабар медиҳад "Викиликс".

Ғафур Раҳимовро чӣ хел "ғорат карданд"?

/images/stories/2011/12/15_gulnora-karimova_1512.jpgБайни авторитетҳои ҷиноӣ дар Ӯзбакистон аз ҳама бештар Салим Абдувалиев ва рақиби ӯ Ғафур Раҳимов машҳуранд, гузориш додааст сафири ИМА Ҷон Пурнелл соли 2006 дар таблограммае бо тамғаи "махфӣ". Перомуни Раҳимов дар маълумотномаҳои сафорати амрикоӣ сухан кам меравад. Аслан ҳамагӣ як лаҳзае аз муносибатҳои байниҳамдигарии мураккаби ӯ бо духтари калони раисҷумҳур Гулнора Каримова ёдрас шудааст.

Дар маълумотнома аз 28-уми январи соли 2005 таҳти унвони "Гулнора INC боз зарба мезанад" Пурнелл хабар додааст, ки Каримова бо босси маҳаллии мафия Ғафур Раҳимов мувофиқа ҳосил кардааст. Тибқи ин созишнома вай саҳми Раҳимовро дар ширкати "Зеромакс" аз они худ мекунад ва бар ивази ин ба бизнесҳои дигари вай халал намерасонад. "Агар бо амри тақдир чунин шавад, Гулнора бо контроли ширкати "Соса-Сола"-ширкати шавҳари собиқаш идома медиҳад", -хулоса мекунад сафир.

Дар маълумотномаи дигар, ки моҳи январи соли 2008 равон шудааст, намояндаи сафорати ИМА Ричард Фитеморис дар бораи Гулнора Каримова сухан ронда, қайд кардааст, ки вай дар Тошканд маъруфият надорад ва ӯро бизнес-ледии хунхор меҳисобанд.

"Ҳарчанд вай, аз дастгирии падараш бархурдор аст, ба фикри нозирон, аз сабаби беинсофона роҳандозӣ кардани бизнес, душманҳои пурзӯр пайдо кардааст, аз қабили сарвари Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятов ва сарвари машҳури дастаи ҷинояткорон Ғафур Раҳимов (гӯё аз вай яке аз ширкатҳояш -корпоратсияи "Зеромакс"-ро кашида гирифтааст)", -менависад Фитесморис.

Дар Тошканд ҳақиқатан ҳам тахмин мекарданд, ки ин яке аз сабабҳои муқими Аврупо шудани ӯст, то дар ҳолати вафоти нобаҳангом ва ё бемории вазнини падар (сактаи мағзи сар ва монанди инҳо) вай барои душманҳои сершумораш дастнорас бошад, ки Ғафур Раҳимов ҳам аз ҷумлаи онҳост.

Салим Абдувалиев. Таблограммаи якум

Маълумоти хеле бештар дар бораи "авторитет"-и бонуфузи дуюми Ӯзбакистон Салим Абдувалиев оварда мешавад. Дипломатҳои амрикоӣ ба ӯ маълумотномаи алоҳидаро бахшидаанд.

Дар аввалини онҳо аз таърихи 5-уми майи соли 2005 таҳти унвони суханпардозонаи "Босси мафия тендерҳо ва мансабҳои давлатиро мефурӯшад" муфассал нақл мешавад, ки чӣ хел Салим Абдувалиев бо амалдорони баландпояи ҳукумат забон як карда, бар ивази музди муайян ғалабаро дар тендерҳои баргузоршаванда таъмин менамояд ва ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо духтари калони раисҷумҳур Гулнора Каримова мансабҳои давлатиро мефурӯшад.

"Нақши Салим дар таъмини тендерҳо ва мансабҳои давлатӣ бори дигар иртиботи наздики байниҷинояткории муташаккил ва ҳукумати Ӯзбакистонро маълум мекунад", -навиштааст сафири ИМА Ҷон Пурнелл.

"Коррупсия дар ҳукумати Ӯзбакистон рушд мекунад. Дар тендерҳо метавон бо осонӣ ғалаба кард ва бо осонӣ соҳиби мансаби давлатӣ шуд, агар ба одами зарурӣ миқдори муайяни пул пардохт шавад. Дар натиҷа одамони беихтисоси ба сари мансабомада ҳар як имкониятро барои фаъолияти коррупсионӣ истифода мебаранд, то қарзҳои калонашонро баргардонанд, ки ба онҳо барои гирифтани мансаб ғӯтидаанд", хулоса мекунад сарвари намояндагии дипломатии Амрико.

Салим Абдувалиев. Таблограммаи дуюм

Маълумотномаи дуюми ба Салим Абдувалиев бахшидашуда 9-уми марти соли 2006 навишта шудааст. Муаллифи он ҳамон Ҷон Пурнелл мебошад. Номи ҳуҷҷат худ гувоҳи ҳол аст: "Видео иртиботи мафияро бо ҳукумати Ӯзбакистон намоиш медиҳад".

Дар маълумотнома омадааст, ки сафорати ИМА дар Ӯзбакистон видеотасвирҳои ду тантанаи оилавиро ба даст овардааст, ки "сардори мафияи Тошканд" Салим Абдувалиев баргузор намудааст. Видеотасвирҳои ба дастомада аз мавҷудияти иртиботи наздик байни хонаводаҳои амалдорони баландпояи ҳукумат ва ҷинояткории муташаккил нақл мекунанд. Маводи сабтшуда ҳамсарҳои чаҳор вазири асосии баландпоя ва ду муовини сарвазирро бо оилаи босси ҷиноии Тошканд Салим Абдувалиев ва ҳамсари бизнес-магнати ӯзбакистонии муқими хориҷа нишон медиҳад", -хабар медиҳад Пурнелл.

Салим Абдувалиев. Таблограммаи сеюм

Маълумотномаи сеюм мутааллиқ ба моҳи апрели соли 2007 аст ва "Боссҳои мафия "Салими Бузург"-ро муборакбод мегӯянд", ном дорад. "Манбаъе, ки бо сарварии мафия Салим Абдувалиев муносибати дур дорад, DVD-ро бо сабти маъракаи зодрӯзи Салим ба мо тақдим кард, ки моҳи майи соли 2006 дар мулки ӯ воқеъ дар Газалкенти берун аз Тошканд баргузор шудааст", -менависад сафири ИМА Пурнелл.

Баъд гуфта мешавад, ки рӯйхати меҳмонон аз намояндагони мафияи Русия, Гурҷистон ва Украина, ҳамчунин ҳофизон, актёрҳо ва варзишгарони номдор иборат буд. Боз домоди раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳузур дошт. Меҳмонҳо якчанд маротиба дар ҳаққи "Салими Бузург" нӯшбод гуфтанд. Салим ба домоди Назарбоев Дониёр Сакенов -шавҳари духтари раисҷумҳури Қазоқистон Олия таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекард, бо ӯ дасту ба даст сайругашт менамуд ва ба ӯ барои гусел эскорти пулис ва ё муҳофизатӣ пешкаш мекард.

Байни меҳмонҳо вакили Думаи давлатии Русия Арсен Фарзаев -қаҳрамони дукаратаи бозиҳои олимпӣ оид ба гӯштин аз Осетияи Шимолӣ ҳузур дошт, ки дар олимпиадаи соли 2006 Ӯзбакистонро намояндагӣ мекард. "Салим президенти Ассотсиатсияи гӯштини Ӯзбакистон ва федератсияи гӯштини Ӯзбакистон мебошад", -гуфта мешавад дар маълумотномаи сафорат.

"Лидери машҳури синдикати ҷиноӣ" Лев Семёнович Чёрный (ҳамчунин Черной ҳам навишта мешавад. -қайди сафир) ҳам ҳузур дошт, ки бо асо мегашт. "Ба нишони эҳтиром Салим Чёрний ва наздиконашро ба дастархони худ даъват кардааст", -омадааст дар номаи сафир. Ҳамчунин писари хурдии Салим -Ҷасур ҳамроҳи сарвари "Алп Ҷамол Бонк" Муҳиддин Ҷамолов ва директори тарабхонаи "Флагман"-и Тошканд ба назар мерасад.

Дар шабнишинӣ аз ҳофизон Ғулом Ёқубов ва Муртад Вилли Токарев, ки пештар дар Ню-Йорк иқомат мекард, иштирок доштанд. Токарев бемор барин менамуд. Вай табрикоти бародари Лев Чёрний Михаил- бизнесмени русӣ-исроилиро, ки дар Русия синдикати ҷиноиро роҳбарӣ мекунад, ба муносибати зодрӯзаш ба Салим расонд.

Дар маърака актёр Ёдгор Саъдиев низ ҳузур дошт, ки дар филми "Шайтонат" нақши боссро бозидааст. Чӣ хеле ки хабар дода мешавад, Салимро бо зодрӯзаш мири шаҳри Маскав Юрий Лужков ҳам табрик кардааст. Аксарияти меҳмонҳо тӯҳфаҳои худро дар лифофаҳо ва ё қутичаҳо овардаанд. Тибқи маълумоти бадастомада дар баъзе қуттиҳо, ки аз шахсиятҳои мафиози Русия тақдим шудааст, аз 100 ҳазор то 200 ҳазор доллари ИМА будааст.

Филми дар DVD сабтшуда аз намоиши кортежи ба Салим мутааллиқи "Ленд Крузерҳо" ва лимузинҳои "Мерседес-Бентс"-ҳои сиёҳ шурӯъ мешавад, ки ба кӯшки дар Ғазалкент будаи ӯ равонанд. Дар он ҷой кормандони пулис меҳмонҳоро пешвоз мегиранд ва рост истода ба Салим ба таври ҳарбӣ салом медиҳанд. "Тибқи хабарҳо бародари Салим афсари баландпояи пулиси роҳи вилояти Тошканд мебошад", -менависад Пурнелл.

"Сифати садо дар DVD олиҷаноб аст ва суханҳо хеле шунаво. Нусхаи ин DVD, чӣ хеле ки хабар дода мешавад, дар Тошканд чарх мезанад ва мумкин дар интернет ҳам бошад. Корманди сафорат низ нусхаи онро гирифтааст", -хабар медиҳад сафири ИМА.

Қадркунии қаҳрамонҳо

Нақш ва хизматҳои Салим Абдувалиеву Ғафур Раҳимов дар Ӯзбакистон сазовори қадрдонӣ шудаанд. Масалан, байни онҳое, ки соли 2007 барои дастовардҳо дар бахшҳои фарҳангу варзиш аз тарафи ҳукумати кишвар мукофотонида шудаанд, ду духтари раисҷумҳур ва ду "бизнесмени бонуфуз" (онҳоро дар ватанашон чунин меноманд) -Салим Абдувалиев ва Ғафур Раҳимов низ буданд.

Ба Салим Абдувалиев, президенти Ассотсиатсияи гӯштини Ӯзбакистон ҷоизаи "Ба фаъолтарин сарпарасти варзиш ва фарҳанг"-ро супориданд. Ғафур Раҳимов (ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё аз минтақаи Осиёи Марказӣ, ноиби президенти Федератсияи байналмилалии бокс (AIBA), раиси бизнес-комиссияи AIBA, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбакистон) соҳиби ҷоизаи "Мубаллиғи фаъоли варзиш дар сатҳи байналмиллалӣ" гардид.

Дар бораи наздикии ҳокимият ва мафия боз он далел гувоҳӣ медиҳад, ки духтари хурдии раисҷумҳур Лола Каримова ҳамсари Темур Тиллоев мебошад, ки падари ӯ Ҳаким Тиллоев дӯсти наздики Салим Абдувалиев аст. Яке аз хабарҳои ҷанҷолии охирини алоқаманд ба Абдувалиев он аст, ки соли 2009 интернет-провайдерҳои Ӯзбакистон блог-платформаи маъруфи "Живой журнал"-ро (ЖЖ) муҳосира карданд. Дар он журналисти аксбардори маскавӣ Виктор Борзых силсилаи аксҳоро дар бораи зиндагии бо карру фарри Салим ҷой дода буд. Онҳо соли 2004 барои маҷаллаи "Элита общества" тайёр шуда буданд.

Дар ин фоторепортаж Абдувалиев ҳамчун ҳокими соягӣ (теневой) тасвир шудааст, ки дар Тошканд сайругашт мекунад ва гербҳои шахсиашро намоиш медиҳад, ки дар пойафзолҳои бо фармоиши махсус дӯхташуда кашида шудаанд. Маълум аст, ки ин аксҳо ҳокимияти расмии Ӯзбакистонро ба хашм овард ва "Живой журнал" аз тарафи правайдери давлатӣ- "Ӯзбактелеком" муҳосира карда шуд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi