20:03:26 10-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ПУТИН: «МАН РУСИЯРО ДИГАРГУН СОХТАМ»

newsru.com

Чанде пеш сарвазири Русия Владимир Путин бо аъзои клуби муҳокимавии "Валдай" вохӯрд. Вохӯрӣ дар Красногорск доир бигашт ва дар он Путин чун президенти оянда стратегияи худро баён сохт. Танҳо 40 дақиқаи аввали сӯҳбат барои матбуоти кушода буд.

/images/stories/2011/12/15_vladimir_putin_1512.jpgҚисми зиёди ин вақт Путин исбот мекард, ки модели кунунии ҳокимияти Русия моҳияташро гум накардааст -бар хилофи ақидаи яке аз иштирокдорон, декани факултаи раёсати давлатии донишгоҳи Ҳарвард Тимоти  Колтон, ки суоли мутаносибро дода буд. Маънои умумӣ посухҳои Путин оиди масоили сиёсати дохилӣ чунин буд -рушди сохтори сиёсӣ эҳтиёткорона хоҳад буд, то ин ки ба муташанниҷӣ роҳ дода нашавад, менависад "Ведомости" такя бар сарвари клуби Валдай Сергей Караганов.

Путин аз он хотиррасон намуд, ки кишвар чӣ гуна буд, вақте ӯ аввалин маротиба сари қудрат омад ва сари ин солҳо кишвар ба чӣ дастовардҳо ноил бигашт: ҷангро хотима бахшидан (дар Қафқоз, ки онро сарвазир "ҷанги шаҳрвандӣ" номид), Сарқонунро ҳифз намудан, рушди иқтисодӣ ва сатҳи баланди зиндагониро таъмин кардан. Ва агар ба касе мӯътадилияти иқтисодиву сиёсӣ дар кишвар маъқул набошад, Путин бино бар суханонаш, "хеле афсӯс мехӯрад".

Дар қисми пӯшидаи мусоҳиба Путин ба сиёсатшиносон гӯшзад намуд, ки нияти ду мӯҳлат паиҳам мондан дар сари қудратро дорад. Тибқи суханони директори барномаҳои Осиёии Институти бехатарии ҷаҳонии ИМА Николай Злобин, сарвазир оиди реформаҳое, ки ният дорад дар перспективаи 15 сол роҳандозӣ намояд, ҳарф меронд.

Ҳамчунин дар қисми пӯшида Путин ҳукми бераҳмона нисбати Иттиҳоди Аврупо баровард: тибқи суханони ӯ, Иттиҳод ба суғуре монанд аст, ки даҳонро бо хӯрок пур кардааст (аъзои навро дар назар дорад), з-ин сабаб фурӯ бурда наметавонад, менависад "Коммерсант".

Посухи Путин оиди шахсиятҳои нав дар сиёсати русиягӣ мароқангез буд. Сиёсатшинос Николай Злобин изҳори ақида намуд, ки тӯли солиёни охир шахсиятҳои нав, сиёсатмадорони миқёсан миллӣ пайдо нашуданд. Сарвазир ин ақидаро рад намуда, Дмитрий Медведевро мисол овард.

ӣ тавр Дмитрий Медведев сиёсатмадори ҷавон аст? -эътироз намуд Злобин. -Ӯ аллакай президенти кишвар буд. Боз кӣ?

Путин дуюумбора "Медведев" гуфт.

Вале сиёсатшинос ором намешуд ва гуфтани номҳои навро талаб мекард.

-Боз сарварони дигари ҷавон низ ҳастанд, -изҳор дошт сарвазир. -Номҳои онҳоро ман ба шумо намегӯям, -гуфт ӯ. Он вақт Злобин хоҳиш намуд, ки ақаллан шахсонеро, ки Путин мехоҳад ба ҳукумати Медведев тавсия бидиҳад, номбар кунад.

-Ин Медведев пешниҳод ва тавсия медиҳад, ман баъдан фикр хоҳам кард ва мо якҷоя муҳокима хоҳем ронд, -посух дод Путин.

Худи Злобин инро чунин арзёбӣ намуд: Путин ба ҷомеа шахсиятҳои ҷадидро ваъда дод, вале номҳояшонро ба забон наовард. Эҳтимол, ӯ ҳоло ҳатто намедонад, ки ходимони ҳизби ӯ киҳоро интихоб мекунанд. Вале, гумон меравад -тамоман амалиёти дигари "ҷадидсозии симоҳо" омода мешавад, ки Путин медонад, дигарон бошанд на. Масалан, интихобот бидуни "Единая Россия" тавассути Ҷабҳаи Миллӣ ё ягон чизи нав, натиҷагирӣ мекунанд рӯзноманигорон.

Боз як иштирокчии вохӯрӣ, профессори Донишгоҳи Карлтон (Канада) Пётр Дуткевич хоҳиш надоштани Путин дидани аҳзоби нав дар саҳнаи сиёсиро қайд намуд. "Посухҳои сарвазирро ҳамчун рад сохтани худи идеяи созмон додани аҳзоби нав дидан мумкин аст, чунки он дар чашмони Путин чун омили номӯътадилӣ тобиш  медиҳад. Бино ба ақидаи Путин, тақсим кардани сохтори ҳизбӣ лозим нест, ба ивази ин бояд демократияи дохилиҳизбиро рушд дод", -гуфт ӯ ба "Московский комсомолец".

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi