06:25:15 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИМА ҲАМСОЯҲОИ ЭРОНРО МУСАЛЛАҲ МЕКУНАД

Владимир Гладков, Голос Россия

Бо вуҷуди изҳороти расмии вазири дифои ИМА Леон Панетта перомуни он, ки амалиёти ҳарбӣ зидди Эрон ин ҳамагӣ як овоза аст, маълум мешавад, ки Кохи Сафед барои дар минтақаи Халиҷи Форс ташкил намудани эътилофи зиддиэронӣ кӯшишҳои ҷиддӣ ба харҷ медиҳад. Алҳол, ки тамоми ҷаҳон пайомадҳои барномаи ҳастаии Эронро муҳокима мекунад, маъмурияти Барак Обама ният дорад ба Аморати Муттаҳидаи Араб ҳазор адад авиабомбаи навтарин ва яроқу аслиҳаи дигар бифрӯшад.

/images/stories/2011/12/03_iran-usa_21211.jpgГузориши МАГАТЭ мавҷи нави овозаҳоро перомуни омодагии Иёлоти Муттаҳида ба ҷанги зидди Ҷумҳурии Исломӣ ба вуҷуд овард. Дар гузориш омадааст, ки Эрон озмоишҳои "ба коркарди дастгоҳҳои тарканда марбут" доир намудааст. Леон Панетта кӯшиш кард, ҷомеаи ҷаҳониро ором кунад ва изҳор дошт, ки дар гумон аст амалиётҳои ҳарбӣ Эронро аз он коре, ки кардан мехоҳад, боздоранд ва ин (яъне амалиётҳои ҳарбӣ) "метавонад барои минтақа ва барои нерӯҳои амрикоӣ пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад".

"Дар ин ҷой бояд эҳтиёткор буд -мумкин паёмадҳои ғайриинтизор ба вуҷуд оянд", -гуфт сарвари Пентагон дар посухи саволи хабарнигорон перомуни он, ки вай дар бораи амалиёти ҳарбӣ чӣ фикр дорад.

Лекин чораҳои имрӯз андешидаистодаи маъмурияти Обама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Амрико ба таври ҷиддӣ Эронро хатари калон меҳисобад. Фурӯши дар назар будаи яроқу аслиҳаи навтарин ба Аморати Муттаҳидаи Араб арсенали ҳарбии ин кишвари ба Вашингтон дӯстро барои задани зарба ба ҳадафҳои беҳаракат, аз қабили нақбҳову (туннел) бункерҳо боз ҳам пурзӯртар мегардонад. Интизор меравад, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳо дар бораи фурӯши қариб 4900 системаи расонандаи авиабомбаҳо ба АМА ва комплексҳои дигари ҷангӣ рӯзҳои наздик ба Конгресс пешниҳод мегардад.

Аморати Муттаҳидаи Араб дар бозиҳо ба муқобили Эрон шарики хеле хуб ба шумор меравад. Бо вуҷуди он, ки байни Аморати Муттаҳида ва Эрон муносибатҳои хеле устувори тиҷоратӣ мавҷуданд, Абӯдабӣ ошкоро аз эҳтимоли пайдо шудани силоҳи ҳастаӣ дар кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ мекунад: ҳамсояҳо аз ҳад зиёд пешгӯинашавандаанд. Лекин амалиёти ҳарбие, ки ИМА ва Исроил ба муқобили Эрон оғоз карданашон мумкин аст, барои ин кишвари хурд, вале аз нафт бой, сенарияи хеле номатлуб ба назар мерасад, зеро ҷанг метавонад дар тамоми минтақа паҳн гардад.

Ғайри Аморати Муттаҳидаи Араб ба эътилоф таҳти васоити Вашингтон боз метавонанд Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Уммон ва Қувайт ҳамроҳ шаванд -ҳамаи ин кишварҳо ба Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои арабии Халиҷи Форс дохил мешаванд. Пентагон муттаҳидинро на танҳо бо бомбаҳои нав таъмин карданист, балки боз мехоҳад байни онҳо мубодилаи босамари маълумотҳои иктишофиро роҳандозӣ намояд.

Инак, ҳарчанд сиёсатмадорон изҳор мекунанд, ки дар оянда ҳам авлавиятро на ба нерӯи ҳарбӣ, балки ба фишори иқтисодиву дипломатӣ нисбати Эрон медиҳанд, Амрико варианти он қадар зиёд надорад. Вокуниши Теҳрон ба иттиҳоми МАГАТЭ танҳо мақоми онро ҳамчун кишвари марбут тасдиқ мекунаду халос.

"Ҳар касе, ки дар сар орзуи ҳуҷум ба Эронро дорад, бояд ба хӯрдани зарбаи ҳассос омода бошад", -изҳор намуд пешвои олии кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ. Ва ҳарчанд таҳримҳои байналмилалӣ, ба эътирофи худи сиёсатмадорони эронӣ, ба иқтисоди Ҷумҳурии Исломӣ зарари назаррас мерасонанд, дар гумон аст Эронро маҷбур созанд, ки амбитсияҳои ҳастаии худро бознигарӣ кунад.

Ҳамзамон бо ин амрикоиҳоро лозим аст, ки таҷрибаи талхи худро дар мусаллаҳсозӣ ва таълими душманҳои ояндашон фаромӯш накунанд. Технологияҳои навтарин дар бахши яроқу аслиҳа ва иктишоф (разведка), ки Вашингтон ба бозингарони нисбатан бонуфузи минтақа доданист, мумкин аст ба муқобили худи вай истифода шаванд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi