17:47:19 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ВИКИЛИКС: БА ӮЗБАКИСТОН РЕЖИМИ МАФИОЗӢ ВА ҒОРАТГАР РОҲБАРӢ МЕКУНАД

Шефи ҷинояткорон ё яке аз ду роҳзану ғоратгари асосии Ӯзбакистон Салим Абдувалиев, чӣ хеле ки ӯро сафири ИМА Ҷон Пурнелл дар маълумотномааш муаррифӣ кардааст, вақти корӣ бо фурӯши мансабҳои давлатӣ машғул аст ва вақти холияшро бошад ҳамроҳи аъзои ҳукумати Ӯзбакистон ва занҳои онҳо мегузаронад. Дар ин бора "Uznews.net" навиштааст.

/images/stories/2011/11/28_salimboy-281111.jpgИфшогарии нави сомонаи "Викиликс" ба яке аз асосҳои режими раисҷумҳур Ислом Каримов -иртиботи наздики он бо олами ҷиноӣ дахл кардааст, ки ба ҳамаи бахшҳои ҳокимияти давлатӣ роҳ ёфтааст ва ҳатто мансаби сардори шӯъбаи кадрҳоро ишғол кардааст. Дар маълумотномаи сафири ИМА Ҷон Пурнелл бо аломати "махфӣ" гуфта мешавад, ки Салим Абдувалиев ба бизнесменҳо дар гирифтани тендерҳои давлатӣ ва ба хоҳишмандони мансабҳои давлатӣ дар "харидан"-и онҳо кӯмак мерасонад.

"Шефи ҷинояткорон Салим Абдувалиев довталабонро ба озмун бо ҳамроҳии бизнесмени эронӣ, ки шаҳрванди Бритониё аст, интихоб мекунад ва охирӣ коғазҳоро барои тасдиқ ба духтари раисҷумҳур Гулнора Каримова мебарад", -омадааст дар маълумотномаи сафири ИМА.

Дар идомаи маълумотнома Пурнелл навиштааст, ки Салим якҷоя бо муовини вазири умури дохила кор мекунад, ки масъули масъалаи кадрҳо аст, бо вай нархро маслиҳат мекунад ва баъд пеш аз фурӯхтани мансаб ба нархи он ҳаққи худро ҳамроҳ менамояд.

"Салим, чӣ хеле ки хабар дода шудааст, мансабҳои зиёди давлатиро фурӯхтааст, аз ҷумла мансабҳои ҳокими вилоят, сардори милитсия ва вазифаҳоро дар вазорати умури дохила. Мушовири раисҷумҳур ва вазири собиқи умури дохила дар бахши хариду фурӯши мансабҳо бо Салим якҷоя кор мекарданд", -навиштааст Ҷон Пурнелл.

Дар маълумотномаи дигар сафири амрикоӣ навиштааст, ки Салим ҳангоми баргузор намудани тендерҳои довталабӣ миёнравӣ мекунад ва ба сармоягузорҳои хориҷӣ барои "ғолиб омадан" кӯмак мерасонад ва барои ин хизматаш аз арзиши лоиҳа фоиз мегирад.

Ба мисли фурӯши мансабҳои давлатӣ, сармоягузорҳои хориҷии ҳавасманди тендер аз тариқи Салим бо ҳамон эронии бритонӣ иртибот барқарор мекунанд ва ӯ дархостҳои эшонро чун ҳарвақта ба Гулнора Каримова мебарад, навиштааст дар идомаи маълумотнома сафири ИМА.

Пурнелл қайд кардааст, ки эронӣ бо писари муовини собиқи сарвазири Ӯзбакистон Дилбар Ғуломова кор мекунад.

Байни ширкатҳои хориҷӣ, ки бо ҳамин роҳ дар тендер дар Ӯзбакистон ғолиб омадаанд, Пурнелл "Gemka"-и Голландияро номбар мекунад, ки сохтмони роҳи оҳанро дар Бухоро сармоягузорӣ кардааст. Вай барои ин ба Салим Абдувалиев 700 ҳазор доллар додааст.

Бино ба маълумоти сафир дар Ӯзбакистон ширкати швейтсарӣ-исроилӣ, ки бо лоиҳаи об дар вилояти Тошканд машғул аст ва ширкате аз Куриёи Ҷанубӣ оид ба муҷаҳҳаз кардани мактабҳо бо компютер бо чунин усул кор мекунанд.

Таҳти ҳамин сарлавҳа сафири ИМА Ҷон Пурнелл ба тасвири системаи зишти хариду фурӯши мансабҳо дар Ӯзбакистон идома медиҳад.  Лардакс бо номи "Аброрхоҷа" номзадеро ба мансаб назди Салим меорад ва ӯ нархи вазифа ва роҳҳои додани пулро баррасӣ мекунад. Шефи ҷинояткорҳо дар иртиботи наздик бо Турсунхон Худойберганов- муовини вазири умури дохила оид ба масоили кадрҳо кор мекунад, қайд намудааст Пурнелл.

Салим бо Худойберганов нархи мансабро маслиҳат мекунад, баъд ҳаққи худро илова карда, вазифаро бо нархи калонтар мефурӯшад.

Сафир махсус қайд кардааст, ки Салим пештар ба "фурӯш"-и мансабҳо ҳамроҳ бо мушовири давлатӣ Исмоил Ҷӯрабеков ва вазири умури дохила Зокир Алматов ҳамроҳ кор мекард.

Вале ҳамчун миёнрав дар хариду фурӯши мансабҳои давлатӣ, чӣ хеле ки сафири амрикоӣ навиштааст, Салим на ҳама вақт ба ваъдааш вафо мекунад.

Масалан, вақте ки ҳокими ноҳияи Ӯртачирчиқи вилояти Тошканд Максим Тешабоев ба қаҳру ғазаби калонҳо гирифтор шуд, ҳамсараш бо хоҳишу кӯмак ба назди Салим омад.

Салим ба Тешабоева гуфт, ки агар пули хуб диҳанд, шавҳараш дар ҷойи кораш мемонад.

Мувофиқи гуфтаҳои сарчашма Салим ба Тешабоева гуфтааст, ки пулро ба вай бо воситаи бародари ҳоким Азимҷон Тешабоев бидиҳанд. Баъди он ки пулҳоро гирифт, Салим гуфт, ки вай ҳатто барои як бор хӯрок хӯрдан ҳам нарасид, -менависад сафир Пурнелл дар маълумотномааш.

Дар шарҳи худ Ҷон Пурнелл хулоса мекунад: "Нақши Салим дар гирифтани тендерҳо ва мансабҳои давлатӣ аз иртиботи наздики байни ҷинояткории муташаккил ва ҳукумат гувоҳӣ медиҳад. Коррупсия дар ҳукумати Ӯзбакистон васеъ паҳн шудааст.

Гирифтани тендерҳо ва мансабҳои давлатӣ кори осон аст, агар маблағи зарурӣ пардохт шавад. Ин боиси он мешавад, ки кадрҳои беихтисоси нав сари кор омада ба инкишофи коррупсия мусоидат мекунанд ва худашон порахӯр мегарданд, то пулҳои барои харидани мансаб додаашонро бозпас бигиранд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi