БРИТОНИЁ БАРОИ ҲАМЛА БА ЭРОН ОМОДА МЕШАВАД?
Рӯзномаи “Гуардиан” навиштааст, ки артиши Бритониё барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон омодагӣ мебинад. Бино ба гузориши рӯзнома, нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши нигаронҳо аз барномаи атомии Эрон, дар ҳоли беҳбуд бахшидан ба тарҳҳои эҳтиётии худ барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон ҳастанд.
Ин гузориш меафзояд, бо пешбинии чунин ҳамлае ба Эрон, тарроҳони низомии Бритониё, дар ҳоли баррасии ин ҳастанд, ки чӣ маконе беҳтарин ҷой барои истиқрори зердарёиҳои Бритониё аст. Киштиҳо ва зердарёиҳое, ки ба навиштаи “Гуардиан” муҷаҳҳаз бо мушакҳо ҳастанд, то даргири як ҷанги эҳтимолии дарёӣ ва ҳавоӣ бо Эрон бишаванд.
Ба гузориши рӯзномаи “Гуардиан”, мақомҳои бритониёӣ мӯътақиданд, ки Амрико аз Лондон иҷоза хоҳад хост, то аз пойгоҳи ин кишвар дар Уқёнуси Ҳинд барои ҳамла ба Эрон истифода кунад. Ҷазирае, ки пеш аз ин ҳам амрикоиҳо аз он барои анҷоми амалиёт дар Ховари Миёна истифода карда буданд.
Ин рӯзномаи бритониёӣ менависад, бо шуморе аз мақомҳои давлатӣ ва Вазорати дифои Бритониё дар ҳафтаҳои ахир гуфтугӯ доштааст ва онҳо гуфтаанд, пас аз инқилоби Либия, Эрон бори дигар мавриди нигарониҳои дипломатӣ қарор гирифтааст.
Ба навиштаи рӯзномаи “Гуардиан”, мақомҳои бритониёӣ бо ин ҳол таъкид кардаанд, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ тамоюле ба як риски низомии тоза пеш аз интихоботи моҳи ноябри соли оянда надорад.
Аммо ҳамин манобеи рӯзнома гуфтаанд, мумкин аст, вазъ тағйир кунад, чаро ки иттилооти гирдоваришудаи созмонҳои ҷосусии ғарбӣ ва ҳам ситезаҷӯёнатар шудани рафтори Эрон бар нигарониҳои дипломатӣ афзудааст.
«Озодӣ»