00:47:47 02-уми Июни 2025 сол

НАХУСТВАЗИРИ ҶАДИДИ ЛИБӢ ИНТИХОБ ШУД

Шӯрои Миллии Интиқолӣ дар Либӣ Абдураҳмон Алкайбро ба унвони нахуствазири ҷадиди ин кишвар таъйин кардааст. Абдураҳмон Алкайб дар рақобат бо ҳашт довталаби дигар тавонист бо раъйи 26 узв аз 51 узви ин шӯро ба раёсати давлати муваққати Либӣ мансуб шавад.

/images/stories/2011/11/01_abdurrahim_al_keib_2011.jpgОқои Кайб донишомӯхтаи муҳандисии барқ ва устоди донишгоҳ аст ва таҳлилгарон ӯро кондидои мавриди тавофуқи ҳамаи ҷиноҳҳои узв дар Шӯрои Миллии Интиқолӣ медонанд. Интихоби нахуствазири ҷадид дар Либӣ дар камтар аз даҳ рӯз баъд аз эъломи "озодсозии" ин кишвар пас аз ба қатл расидани Муъаммар Қаззофӣ ва ҳамзамон бо поёни амалиёти НОТУ дар нимашаби душанбе сурат мегирад.

Маҳмуд Ҷабраил, нахуствазири пешини Шӯрои Миллии Интиқолӣ, қаблан эълом карда буд, бо эъломи озодсозии Либӣ аз ин симат канорагирӣ хоҳад кард. Абдураҳмон Алкайб қарор аст то чанд рӯзи дигар аъзои ҳайъати вазиронро интихоб кунад. Давлати муваққати Либӣ то замони баргузории интихобот ӯҳдадори умури ин кишвар хоҳад буд.

Шӯрои Миллии Интиқолӣ хоҳони баргузории интихоботи Маҷлиси Миллӣ то ҳашт моҳи дигар ва интихоботи чандҳизбӣ дар соли 2013 аст. Мустафо Абдулҷалил, раиси Шӯрои Миллии Интиқолӣ пас аз интихоби нахуствазири ҷадид гуфт: "Ин раъй нишон медиҳад, ки мардуми Либӣ метавонанд ояндаи худро бисозанд."

Аз сӯйи дигар, амалиёти ҳавоии НОТУ дар Либӣ пас аз ҳафт моҳ дар нимашаби душанбе ба поён расид. Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи гузашта ба рағми дархости давлати ҷадиди Либӣ барои идомаи амалиёти НОТУ ба таваққуфи он раъй дода буд.

Ондерс Фуг Росмусен, дабири кулли НОТУ, ки ба Либӣ сафар карда буд, аз итмоми маъмурияти ин созмон ба унвони поёни як гуфтори муваффақ дар таърихи он ва оғози фасле тоза дар таърихи Либӣ ном бурд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854