16:40:02 02-уми Июни 2025 сол

МЕДВЕДЕВ ВА ПУТИН МАСЪАЛАИ ДОДУГИРИФТРО ҲАЛ КАРДАНД

Сарвазири Русия ва раисиҷумҳури пешини ин кишвар Владимир Путин ба мақоми раисиҷумҳур номзад шуд. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев дар анҷумани ҳизби “Русияи воҳид” дар Маскав гуфт, бояд раҳбари ин ҳизб, сарвазири кишвар Владимир Путин раисиҷумҳури ояндаи кишвараш шавад. Вай афзуд: “Ба фикрам, дуруст мешавад, ки анҷуман номзадии раҳбари ҳизб Владимир Путинро ба мақоми раёсатҷумҳурии кишвар пуштибонӣ кунад.”

/images/stories/2011/09/24_medvedev_putin_24.9.2011.jpgИн изҳорот ҳадсу гумонҳоро дар бораи мавҷудияти як созиш миёни Медведев ва Путин ва ҳамчунин танҳо бо мақсади дигарбора ба сари қудрат баргаштани Путин ба мақоми раёсатҷумҳурӣ баргузида шудани Меведевро собит кард. Владимир Путин бо қаноатмандӣ аз вокуниши вакилони анҷуман гуфт: “Мехоҳам аз вокуниши мусбати шумо ба пешниҳоди номзадии ман ба мақоми раисиҷумҳури Русия ташаккур кунам. Ин барои ман шарафи бузургест. Ман рӯйи пуштибонии шумо ҳисоб мекунам.”

Пештар аз ин радду бадалҳо сарвазир Путин гуфт, Медведев дар саргаҳи феҳрасти ҳизбӣ дар интихоботи порлумонии 4-уми декабр ҳузур хоҳад дошт. Ин дар ҳолест, ки худи Путин раиси ҳизби “Русияи воҳид” аст ва усулан феҳрасти интихобии ҳизбҳо бо номи раисони аҳзоб шурӯъ мешавад. Аммо Путин ба ёд овард, ки дар яке аз интихоботи гузашта вай ҳарчанд президент буд, рӯихатти ҳизбиро сарварӣ кард. Ҳамаи ин сӯҳбатҳо, зоҳиран, зимни масалаи “ман ба ту ва ту ба ман” ҷараён гирифт.

Чунончӣ, Путин инро ҳам изофа кард, ки Медведев на танҳо ҳизбро ба интихобот омода мекунад, балки оянда дар ҳукумат ба ҳайси сарвазир кор хоҳад кард. Вай ба ҳайси сарвазир ба модернизатсияи кишвар машғул хоҳад гашт. Ба ин тартиб, бино бар тарҳи Путин, дар оянда сарвазиру президент, яъне Путину Медведев бо ҳам ҷой иваз хоҳанд кард.

Путин дар анҷуман ҳамчунин инро ҳам гуфт, ки машварату созиши чунин амалкард байни вай ва Медведев дар ин бора муддатҳо пеш ҳосил шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳам Путин ва ҳам Медведев қаблан ба суолҳои марбут ба интихоботи президентӣ посухҳои норӯшан додаанд ва  ҳар кадом гуфтааст, ки шояд дар интихоботи президентӣ ширкат кунад. Дар ин замина ва бар пояи камтарин таҳаввулот расонаҳои ҳамагонӣ ва таҳлилгарони умури сиёсӣ аз ихтилофи байни Путин ва Медведев дар ростои интихоботи оянда сӯҳбат кардаанд.

Яке аз сарони мухолифони давлати Русия, сарвазири пешини ин кишвар Борис Немтсов ба ин таҳаввулот баҳои шадидан манфӣ дод ва Путинро дар ин росто ба Лукашенко, Ҳуснӣ Муборак ва Қаззофӣ монанд карда, ояндаи Русияро бисёр тира ва ногувор қаламдод кард: “Ин бадтарин сенариои таҳаввулот дар кишвари ман аст. Маънии он фирори азими сармоя, мавҷи нави муҳоҷират аз Русия ва фурӯпошии минбаъдаи давлат аст. Маънияш ин аст, ки кишварро нооромиҳои хеле бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ, таконҳои марбут ба фурӯпошии кишвар интизор аст. Амалан, Путин ба як Лукашенкаи тазминӣ табдил ёфта, мумкин аст, баъдан ба Муборак ва Қаззофӣ мубаддал шавад.”

Дар робита ба он ки бозгашти Владимир Путин ба сари қудрат дар Русия ба вазъи равобити байни Маскав ва Душанбе чӣ таъсир хоҳад дошт, раиси конуни “Мушоракати иҷтимоӣ”, Қироншоҳи Шарифзода ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ин бозгашт мумкин аст, муносибати Маскавро бо Тоҷикистон “дар қиёс бо аносири либералии феълӣ сахттар кунад.”

Аммо корманди Маркази пажӯҳишҳои стартегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов дар ин бора ба РО гуфт: “Ин бозгашт баъзе ҷиҳатҳои мусбат ҳам дошта метавонад, зеро Путин баъзе аз воқеиятҳои Тоҷикистонро беҳтар дарк мекунад.”

Ба ақидаи коршинос, дар давраи президентии Путин дар равобит байни Русия ва Тоҷикистон ҷунбишу ҳаракат, қатъи назар аз анвои онҳо, аз лиҳози ҳаҷм бештар буд ва дар давраи Медведев ин муносибатҳо аксаран беҳаракат монд.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
+1 #2 Guest 24.09.2011 20:26
Коршинос маъруфи сиёсии Точик, Zamir Иванов ! мегуяд ки Путин хамсояи ман буд ва метавонад ки Рохи Точикистон ки рохи-охан убур кардан-ро бо Узбакистон кушода мекунад ! Да
 
 
+1 #1 Guest 24.09.2011 20:07
ин Чамъ-ро Хирс даро Рох, номидан мункин - Медвед-ев Путин в пути ! хиёл накунед ки Путин бачаи Холаатон аст эй Точико на - балки Медведев бачаи холаи Ислом Каримов аст ! бале !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854