06:52:35 06-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАҲАВУЛЛОТИ ТОЗА ДАР РАВОБИТИ РУСИЯ ВА ЭРОН

 

Таҳавуллоти пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, равобити Теҳрон ва Кремлинро дар яке аз наздиктарин лаҳзоти худ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ қарор додааст. Дар тозатарин вокуниш нисбат ба таҳаввулоти Эрон, Владимир Аҳмадов, коршиноси аршади Анституи шарқшиносии Русия, дар гуфтугӯйе бо родиюи давлатии Русия гуфтааст, ки “иттиҳомоти Эрон ба Ғарб барои дахолат дар вақоеъи пас аз интихобот воқеъият дорад.”

Ба гуфтаи оқои Аҳмадов “Эрон таъкид дорад, ки муҳокимаи ошӯбгарон дар Эрон бо риъояти ҳуқуқи башар анҷом мегирад ва коркунони дастгиршудаи сафоратҳои ғарбӣ дарвоқеъ ба ҷосусӣ пардохта ва тазоҳуркунандагонро ба иртикоби тахаллуфоти қонунӣ ташвиқ кардаанд.” 


Шиъори "Марг бар Русия"

Шиъори "Марг бар Русия" дар намози ҷумъаи19 тирмоҳ дар Теҳрон нишонае буд аз ин ки муътаризон аз ин ки Русия нахустин кишвари қудратманде буд, ки ба Маҳмуди Аҳмадинажод табрик гуфт, хашмгин ҳастанд.

Аммо ба назар мерасад, ки Русия ин эътирозро ба як ақаллият нисбат дод ва онро нодида гирифт. Чунон ки Владимир Сажин, эроншинос ва узви Муассисаи ховаршиносӣ, дар гуфтугӯйе бо бахши форсии Би-би-сӣ мегӯяд равобити Русия бо Эрон пас аз интихобот тағйире накардааст.

Оқои Сажин таъкид кардааст, ки давлати Русия аз бархӯрдҳои давлати Эрон бо муътаризон ҳимоят намекунад, аммо ҳамчунин муътақид аст, ки ихтилоф бар сари интихобот мавзӯъе аст, ки ба худи мардуми Эрон марбут аст.

Равобити тиҷорӣ

Афзун бар равобити сиёсии наздик ва ҳамкорӣ дар пружеи роҳбурдии (истротежики) нерӯгоҳи атумии Бушеҳр дар солҳои гузашта ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Русия афзоиш дошта ва Русияро дар сатҳи шарикони аслии тиҷории Эрон қарор додааст.

Агарчи барномарезӣ барои густариши равобити Эрон ва Русия дар давлатҳои пешини Эрон шурӯъ шуда буд, аммо мизони воридоти Эрон аз Русия дар замони давлати Маҳмуди Аҳмадинажод ба ду баробар афзоиш ёфтааст. Бино бар омори расмӣ, мизони воридоти Эрон аз Русия дар соли 1386 наздик ба 864 милюн дулор буда ва ин мизон дар соли гузашта ба дувуним милёрд дулор расидааст.

Бо вуҷуди ин, ба назар мерасад сафари Генадий Селезнёв, раиси Маҷлиси Намояндагони Русия ба Теҳрон дар ин ҳафта бозтобе аст аз нигарониҳои Русия, ки оқои Селезнёв гуфтааст бояд бо тавсеъаи равобити бахши хусусӣ ба он масуният (иимунитет) бахшид.

Баҳман Оқоӣ Дебо, коршиноси умури байналмилал, ба Би-би-сии форсӣ гуфтааст, ҳам Эрон ва ҳам Русия мехоҳанд аз равобиташон ба унвони аҳруми (фишанг) фишоре барои кунтрули шароити Эрон ва муқобала бо бахши хусусии ғайри вобаста ба Русия истифода кунанд.

Равобити роҳбурдӣ 

Оқои Оқоӣ мегӯяд: “Вуҷуди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ва бавижа таҳримҳои Омрико ва дар шароити феълӣ равобити танишомези Эрон ва Ғарб бар сари додгоҳҳои ахир, ки ангушти иттиҳомро ба сӯйи Ғарб нишона рафтааст, Эронро дар шароите қарор дода, ки беш аз пеш ба Русия муттакӣ бошад.”

Оқои Оқоӣ меафзояд: “Бо вуҷуди ин ки мизони марғубияти колоҳо ва хадамоти русӣ дар ҳадде нест, ки Эрон метавонад аз кишварҳои дигари ғарбӣ харидорӣ кунад, пайвандҳои сиёсӣ Эронро ба навъе дар шароити иҷбор қарор додааст.”

Ба гуфтаи оқои Сажин, дар Русия дар бораи Эрон ду нигоҳ вуҷуд дорад: нигоҳе, ки ба Эрон ба унвони муттаҳиде дар баробари Ғарб менигарад ва нигоҳе, ки худро ба Ғарб наздиктар мебинад, аммо ба гуфтаи оқои Сажин, феълан ҳар ду ҷиноҳ дар ҳифзи равобити наздик бо давлати Эрон иттифоқи назар доранд.

Оқои Сажин ин интиқоди бархе аз муътақидонро, ки Русия аз барномаи ҳастаии Эрон дар баробари Ғарб ҳимоят мекунад, рад мекунад ва муътақид аст, ки Русия бар ин бовар аст, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ба марҳилае, ки хатти қирмиз тавсиф мешавад, нарасидааст ва то он замон набояд Эронро дар шароити инзиво қарор дод.

Ёдоварии хотироти талх

Равобити давлати Эрон ва Русия дар ҳоле ба наздиктарин лаҳазоти худ расидааст, ки мухолифони давлат ва ислоҳталабон дар Эрон бар эътирозоти худ ба Русия дар қолаби нақд ва таҳлил идома медиҳанд ва ҳатто бархе аз кудетои интихоботии русӣ сухан мегӯянд.

Бо вуҷуди шиддат гирифтани интиқодоти норозиён дар Эрон, соҳибназарон эҳтимоли таваҷҷуҳи давлати Русия ба афкори умумии кишварҳоро баъид медонанд. Оқои Оқоӣ муътақид аст, ки моҳияти давлат дар Русия ба ин кишвар иҷозаи таваҷҷуҳ ба афкори умумиро намедиҳад.

Агарчи то пеш аз интихобот ихтилофи ҷиддӣ миёни ҷиноҳҳои ҳоким дар Эрон бар сари равобити Эрон ва Русия вуҷуд надошт, аммо ба назар мерасад, бо вуҷуди наздикии Русия ба давлати оқои Аҳмадинажод интиқодот аз Русия дар миёни ҷиноҳҳои ислоҳталаб ва муътаризон ба интихобот дар Эрон афзоиш ёфтааст.

Ин амр барои онон, чунонки дар бархе веблогҳо и муътаризон ёд мешавад, ба таъбири як веблогнавис, ёдовари хотироти талхи ҳимояти Русия аз мустабиддон дар даврони "истибдоди сағир" дар даврони неҳзати Машрутият аст.

Алиасғари Рамазонпур, Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi