17:38:40 01-уми Июни 2025 сол

БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ ДАР РОҲЕ ТО РАЁСАТИ ШӮРОИ СУЛҲ

Бурҳониддин Раббонӣ, раҳбари ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва аз раҳбарони барҷастаи "ҷиҳодӣ" дар Афғонистон буд. Ӯ пас аз такмили омӯзишҳои исломии худ дар Қоҳира дар даҳаи 1960 ба Кобул баргашт ва ба яке аз мухолифони ислоҳоти секулори Муҳаммад Зоҳиршоҳ, шоҳи вақти Афғонистон табдил шуд.

/images/stories/2011/09/20_rabboni_1_20.9.2011.jpgОқои Раббонӣ, ки имрӯз сешанбеи 20 сентябр дар Кобул террур шуд, дар соли 1940 дар Файзободи вилояти Бадахшон дар шарқи Афғонистонба дунё омадааст. Ӯ мактабро дар зодгоҳи худ, вилояти Бадахшон ва як мактаби мазҳабиро дар Кобул такмил кард ва пас аз он вориди донишкадаи шаръиёти долнишгоҳи Кобул шуд. Оқои Раббонӣ дар соли 1968 аз донишгоҳи муътабари Алазҳари Миср дар риштаи фалсафаи исломӣ дараҷаи фавқи лисонс гирифт ва ба Кобул боз гашт.

Муборизаи мусаллаҳона бо давлат

Бурҳониддин Раббнӣ дар соли 1971 ҳизби Ҷамъияти Исломиро бунёдгузорӣ кард, ҳизбе ки фароз ва фурудҳои зиёдеро дар солҳои ҷанги дохилии Афғонистон таҷриба кард ва оқои Раббонӣ то ҳоло низ раҳбарии онро бар уҳда дорад. Пас аз кудетои Муҳаммад Довудхон алайҳи Зоҳиршоҳ ва эҷоди давлати ҷумҳурӣ дар Афғонистон оқои Раббонӣ ба Покистон рафт ва созмондиҳии ҳамалоти мусаллаҳона алайҳи давлати Довудхонро шуруъ кард.

Аммо ӯ пас аз ишғоли Афғонистон аз суи Шуравии собиқ ба шуҳрат расид ва дар ҳамин замон буд, ки тавонист ҳизби Ҷамъияти Исломиро аз тариқи Покистон бо миқдори зиёде аз силоҳ ва пул муҷаҳҳаз кунад.

Раиси ҷумҳурӣ

/images/stories/2011/09/20_rabboni_2_20.9.2011.jpgБа дунболи солҳо ҷанг алайҳи давлати вақт гурӯҳҳои муҷоҳидин дар соли 1992 ворид Кобул шуданд. Барои ду моҳ Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ раёсати давраи муваққати давлати муҷоҳидинро бар уҳда дошт, вале расман оқои Раббонӣ аввалин раиси ҷумҳури Афғонистон эълом шуд. Замоне ки оқои Раббонӣ дар соли 1992 раиси ҷумҳури давлати муҷоҳидин шуд, ба назар мерасид, ки тамоюле ба канорагирӣ аз қудрат пас аз такмили давраи раёсати ҷумҳурии 4 моҳаи худ надорад.

Ӯ қодир шуд, ки замони интиқоли қудратро дар поёни давраи раёсати ҷумҳурии худ барои чандин моҳ бо ироаи ин далел ки мушкилоти амниятӣ вуҷуд дорад, ба таъхир биандозад ва пас аз он ба тавофуқе рсид, ки худ ҳамчунон ба унвони раиси ҷумҳур боқӣ бимонад ва рақиби умдаи ӯ Гулбидин Ҳикматёр ба нахуствазирии Афғонистон бирасад.

Ҷанги дохилӣ

Афғонистон аммо пас аз соли 1992 вориди ҷанги хунини дохилӣ шуд, ки талафоти сангинеро ба ғайринизомиён ворид кард ва аз Кобул, пойтахти Афғонистон як вайрона сохт. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ аз ҷумла Созмони Афви Байналмилал мегӯянд, ки азҳоб ва гурӯҳҳои даргир дар ҷангҳои дохилии Афғонистон масъули кушта шудани бисту панҷ ҳазор ғайринизомӣ ҳастанд. Бар асоси ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ дар ин солҳо мавориди зиёде аз қатл, нопадид шудани афрод, шиканҷа ва таҷовузи ҷинсӣ низ сурат гирифтааст.

Мубориза бо Толибон

/images/stories/2011/09/20_rabboni_3_20.9.2011.jpgПас аз ба қудрат расидани Толибон дар соли 1996 оқои Раббонӣ ба зодгоҳи худ шаҳри Файзободи вилояти Бадахшон рафт ва дар ташкили ҷабҳаи зиддитолибон нақш бозӣ кард. Дар манотиқи таҳти кунтрули ӯ бар хилофи сойири манотиқи Афғонистон, ки дар ихтиёри гурӯҳи Толибон буд, духтарон ва занон иҷоза доштанд дар берун аз хона кор кунанд ва ба мактаб ва донишгоҳ бираванд.

Пас аз кушта шудани Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи аршади зиддитолибон дар як ҳамлаи интиҳорӣ ҳифзи иттиҳод ва якдастӣ миёни ҷабҳаи муттаҳиди зиддитолибон, ки дар он аҳзоби мухталифе чун ҳизби Ҷунбиш ба раҳбарии женерол Дустум ва ҳизби Ваҳдати Миллӣ низ узвият доштанд, ба унвони як чолиши аслӣ дар баробари оқои Раббонӣ қарор гирифт.

Пас аз Толибон

/images/stories/2011/09/20_rabboni_4_20.9.2011.jpgБа дунболи фурӯпошии режими Толибон дар ҳамалоти Орико дар соли 2001 мелодӣ оқои Раббонӣ, ки то он замон ба унвони раиси ҷуҳури Афғонистон шинохта мешуд, қудратро расман ба Ҳомиди Карзай, раиси идораи муваққати Афғонистон таҳвил дод,, аммо ҷойгоҳе дар кобинаи ҷадиди Афғонистон наёфт. Оқои Раббонӣ ҳамвора аз мунтақидони ҳукумати ба раҳбарии Ҳомид Карзай дар Афғонистон будааст.

Интизор мерафт ӯ дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар соли 2004 ба унвони номзади ин интихобт ширкат кунад, аммо дар охирин дақоиқ аз ин тасмими худ мунсариф шуд. Оқои Раббонӣ дар интихоботи порлумонии Афғонистон дар соли 2005 ширкат кард ва узвияти маҷлиси намояндагони ин кишварро ба даст овард. Ба дунболи эҷоди Шурои Олии Сулҳи Афғонистон оқои Раббонӣ раиси ин шуро шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854