09:42:00 01-уми Июни 2025 сол

СӮИҚАСД БА ҶОНИ БУРҲОНУДДИНИ РАББОНӢ

Дар вилояти Кундуз ба ҷони президенти собиқи Афғонистон, Бурҳонуддини Раббонӣ, сӯиқасд сурат гирифтааст.

Ҷаноби Раббонӣ аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд, аммо ду корманди полис, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, дар даргирӣ бо ҳамлаварон кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ситезаҷӯёни марбут ба Толибон дар ҷодаи Алиободи вилоятии Кундуз ба мошинҳои Раббонӣ ҳамла карданд, аммо бар асари оташи ҷавобии муҳофизони Раббонӣ се нафари онҳо кушта ва бақия майдонро тарк кардаанд.

Президенти собиқи Афғонистон, Раббонӣ, ки ҳоло узви маҷлиси қонунгузор аст, ба ин минтақа барои таблиғи номзади раёсатҷумҳурии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки рақиби асосии президенти феълӣ Ҳомид Карзай мебошад, сафар карда буд ва ҳамла ҳангоми бозгашти ӯ ба зодгоҳаш ба вуқӯъ пайваст.

Намояндаи Толибон ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст, ки ин ҳамла аз тарафи ҷумбиши мазкур тарҳрезӣ ва иҷро шудааст.

Бо наздик омадани интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки рӯзи 20-уми август баргузоор мешавад, нооромиҳо дар ин кишвар рӯ ба афзоиш дорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854