16:30:26 02-уми Июни 2025 сол

АВВАЛИН ИНТИХОБОТИ МИСР ПАС АЗ МУБОРАК 21 НОЯБР БАРГУЗОР МЕШАВАД

Ҷузъиёти аввалин интихоботи порлумонии Миср аз замони сарнагунии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср эълом шуд. Қарор аст марҳалаи нахусти ин раъйгирии семарҳалаӣ дар бисту якуми ноябр баргузор шавад. Ин интихобот дар сеюми январи соли баъд ба поён мерасад.

/images/stories/2011/09/18_egypt_elections_18.9.2011.jpgПорлумони Миср аз ду маҷлиси намояндагон бо 504 курсӣ ва сано ташкил шудааст. Бо ин ҳол ҳанӯз иттилоъоте дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълом нашудааст. Интизор меравад ҷонишини оқои Муборак дар моҳи март ё апрели соли оянда таъин шавад. Ҷузъиёти нтихоботи порлумонии Мисрро Шурои Олии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар эълом карда, ки аз замони сарнагунии оқои Муборак зимоми умурро дар даст дорад.

Дар моҳи феврали гузашта муътаризони мисрӣ ба се даҳа ҳукумати Ҳуснӣ Муборак поён доданд, дар ҳоли ҳозир оқои Муборак, ду писараш ва чанд мақоми олирутбаи ҳукуматаш дар боздошт ҳастанд. Онҳо ба фасод ва судури фармони қатли мухолифон дар ҷараёни инқилоби ҳаждаҳрӯзаи Миср дар зимистони пеш муттаҳам ҳастанд, иттиҳоме, ки рад кардаанд.

Муътаризони мисрӣ умедворанд интихоботи порлумонии отӣ аввалин раъйгирии озод ва одилона дар асри ҷадиди кишварашон ва аввалин гом ба суи мардумсолорӣ бошад. Аҳзоби сиёсии Миср, ки фаъолияташон дар давраи оқои Муборак ба шиддат маҳдуд шуда буд, худро барои интихоботи порлумонӣ омода мекунанд.

Корзори таблиғотии ғайрирасмӣ аз муддате пеш оғоз шуда ва аҳзоби секулор ва чапгаро умедворанд дар муқобили исломгароён аз ҷумла Ихвонулмуслимин ба пирӯзӣ бирасанд, ҳарчанд ба назар мерасад аҳзоби исломгаро аз созмондиҳии беҳтаре барои ширкат дар интихобот бархурдоранд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854