09:22:37 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

МУСАВӢ: "КИШВАР НИЁЗМАНДИ ИСЛОҲ АСТ"

Ба гузориши сойти "Қалам нюз", вобаста ба Мирҳусейни Мусавӣ, ӯ гуфтааст, ки ончи дар зиндонҳо бар сари мухолифон меояд, ниёзи кишвар ба тағйироти амиқро ошкор мекунад. Хабаргузориҳои умдаи ҷаҳон ба нақл аз сойти "Қалам" навиштаанд, ки оқои Мусавӣ гуфт: "Ончи имрӯз дар зиндонҳо мегузарад, бахубӣ нишондиҳандаи зарурати як ислоҳи амиқ дар кишвар аст."

Ин сойт ҳамакнун ба далоили номаълум дар дастрас нест. Аммо оқои Мусавӣ, ки ҳамвора аз қонуни асосӣ дифоъ кардааст, нагуфт, ки ба назари ӯ низоми ҳоким дар чи бахшҳое ниёзманди ислоҳоти асосист. Бисёре аз мухолифон мегӯянд, ки сохтори ҳукуматии Эрон ва қонуни асосӣ, ки қудрати зиёде ба як нафар, яъне валии фақеҳ, медиҳад, сарманшаъи аслии буҳрони ҷорӣ ва муқовимати ҳукумат дар баробари ислоҳоти ҷиддӣ аст.

Онҳо барои исботи назари худ ба даврони раёсати ҷумҳурии Муҳамади Хотамӣ, ки бисёре аз ислоҳоташ аз сӯйи ниҳодҳои муҳофизакор таҳти назари раҳбар хунсо шуд, ишора мекунанд.

Бархе муътаризон дар тазоҳуроти рӯзи ҳаштуми мурдод (31 июл) ба муносибати расми чиҳилуми бархе аз қурбониёни хушунатҳои пас аз интихобот ҳатто шиъори "Истиқлол, озодӣ, ҷумҳурии эронӣ!" сар доданд.

Аммо оқои Мусавӣ, ки аз фишорҳо дар ин замина огоҳ аст, дар ҳафтаҳои ахир борҳо бар ин масъала таъкид карда, ки қонуни асосии Эрон зарфиятҳои зиёде барои посух додан ба хостаҳои умумӣ дорад.

Оқои Мусавӣ дар изҳороти тозааш дар рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангии Ҷабҳаи ислоҳот ҳамчунин гуфт: "Оё агар Омрико тамоми қудраташро басиҷ мекард, метавонист ба андозаи иттифоқоте, ки дар зиндонҳо уфтодааст, ба кишвар ва инқилоб латма бизанад?"

Вазъияти касоне, ки пас аз эътирозоти густарда ба натоиҷи интихоботи 22 хурдод ва эъломи пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дастгир шуданд, аз ҳамон ибтидо мавзӯъи нигаронии норозиён буд.

Батадриҷ гузоришҳои ғайрирасмии мутаъаддиде аз бадрафторӣ ва шиканҷаи боздоштиҳо, бахусус ононе, ки дар ҷараёни нооромиҳо ва тазоҳуроти хиёбонӣ боздошт шуда буданд, мунташир шуд. Дар пайи фишорҳои шадиди мухолифон, давлати Эрон авоили мурдодмоҳ гуфт боздоштгоҳе ба номи Каҳрезак дар ҷануби Теҳронро ба иллати "ғайриистондорд" будани он мебандад.

Вазири додгустарии (адлияи) Эрон ин ҳафта дар аввалин изъони (эътирофи) расмӣ ба бадрафторӣ бо бархе зиндониён, ҳаводиси Каҳрезакро "талх" хонд. Бо ин ҳол, ҳукумати Эрон озори системотики зиндониёнро рад мекунад ва тахаллуфотро ба бархе маъмурони пойинрутба нисбат медиҳад. Гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аз кушта шудани бархе аз афроди таҳти боздошт дар Каҳрезак аст ва гузоришҳои таъйиднашудае низ аз вуқӯъи таҷовузи ҷинсӣ дар онҷо ба зиндониён вуҷуд дорад.

Меҳдии Каррубӣ, дигар номзади муътаризи интихобот, гуфтааст, ки бархе манобеъи даруни низом ба вай гуфтаанд, ки ба зиндониёни зан ва мард таҷовуз шудааст, аммо раиси Маҷлис рӯзи чаҳоршанбе ин мавзӯъро инкор кард.

Оқои Мусавӣ дар изҳороти тозаи худ ҳамчунин бори дигар нисбат додани эътирозоти умумӣ ба бегонагонро ба боди ҳамла гирифт. Вай гуфт: "Бузургтарин дурӯғ он аст, ки хости табиъии мардум барои ислоҳро ба бегонагон нисбат диҳанд."

Ӯ аз наҳваи пӯшиши ахбор тавассути Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва рӯзномаи "Кайҳон" интиқод кард ва онро хидмат ба аҳдофи "бегонагон" хонд.

Оқои Мусавӣ гуфт: "Як иродаи сиёсӣ мехоҳад хости табиъии мардумро ба бегонагон пайванд диҳад ва бо ба роҳ андохтани ҷанги равонӣ-таблиғотӣ ҳаракати худҷӯш ва эътирози мардумро дар ҷиҳати манофеъи бегона ва ё дахолати онон муъаррифӣ кунад. Ҳол он ки вақте диққат мекунем, мебинем тайи ду моҳи ахир ҳеч кас ба андозаи худи онон ба манофеъи бегонагон хидмат накардааст."

Вай афзуд: "Ҳеч кас аз нерӯҳои дилсӯзи инқилоб намехост ин ҳаводис рӯй диҳад ва бадтар аз он бо дурӯғҳои пайдарпай тавҷеҳ шавад".

Ӯ афзуд, мардум мехоҳанд хостаҳо ва эътирозҳояшон дар ҷавве ором ва орӣ аз ташаннуҷ тарҳ шавад ва касоне ба манофеъи "бегонагон" хидмат мекунанд, ки таҷаммуъоти ороми мардумро барҳам заданд ва онро хунин карданд. Ӯ дар муқобил баргузории додгоҳҳои "намоишӣ"-ро, ки "мунофиқини манфурро дар канори фарзандони инқилоб" қарор медиҳад, ба нафъи Омрико ва Инглис хонд.

Мирҳусейни Мусавӣ ҳамчунин аз "ривоҷи туҳмат" дар Садо ва Симо ва ҳамчунин ончи иҳонат ба Меҳдии Каррубӣ донист, интиқод кард ва чунин равишеро мавриди писанди Омрико ва бегонагон арзёбӣ кард. Оқои Мусавӣ ҳамчунин бо ишора ба матолиби рӯзномаи "Кайҳон" гуфт, ки ин рӯзнома қишри фарҳехта ва рӯшанфикрро дар баробари низом қарор медиҳад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi