09:58:19 04-уми Июни 2025 сол

ВАЗИРИ ДОРОИИ СОБИҚИ АМРИКО: КИШВАР ДАР ҲОЛИ ФУРӮПОШӢ АСТ

Лоуренс Соммерс, вазири дороии пешини Амрико гуфтааст, ки кишвараш дар ҳоли фурӯпошӣ буда ниёзманди як тарҳи дарозмуддати иқтисодӣ мебошад.

/images/stories/2011/09/13_lourens_13.9.2011.jpgТибқи хабаргузории «Ирно», Соммерс дар мақолае барои маҷалаи «Newsweek» бо ишора ба тарҳҳои кӯтоҳмуддати Барак Обама, президенти Амрико навиштааст, ки тарҳҳои яксола ба дарди кишвари Амрико намехӯрад ва мо ниёзманди тарҳҳои 10-сола ҳастем. Собиқ вазири дороии Амрико дар замони президентии Бил Клинтон таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида камтар аз зарфиятҳояш баҳрабардор аст, миллионҳо нафар бекор ҳастанд ва даҳҳо миллион нафар дигар ҳам даромади кофӣ надоранд.

Вай бо ишора ба суханронӣ ва тарҳи тозаи Обама дар Конгресси Амрико навиштааст, ки Обама дар Конгресс чизеро эълом карда, ки ҳама аз мағозадор то иқтисоддон ва аз мудирони ширкатҳо то афроди бекор, онро медонанд. Вай қайд намуд, ки то замоне, ки талабот ба маҳсулоти тавлидӣ набошад, ширкатҳо алоқае ба истихдоми нерӯ нахоҳанд дошт.

Раисҷумҳур ҳатто дар бораи равиши афзоиши талабот ҳам сухани дурусте гуфт ва ишора кард, ки барои расидан ба ин ҳадаф бояд зерсохтҳои Иёлоти Муттаҳидаро навсозӣ кунем.

Лоуренс Соммерс бо ёдоварии фарсуда будани зерсохт дар Иёлоти Муттаҳид афзуд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бархе ҷодаҳое, ки таъмир ва бозсозии онҳо ду сол боз  ба таъхир афтодааст, хазинаи таъмирашон дар оянда шаш баробар хоҳад шуд».

Ҳамчунин пажӯҳишҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бунёди шоҳроҳҳо, фурӯдгоҳҳо ва истгоҳҳои дарёӣ, кӯмаки бисёре ба тавсеъаҳои кишвар мекунад ва хазинаҳои анҷомшударо низ бармегардонад.

Вазири дороии пешини Амрико дар поёнии мақола ҳушдор додааст, ки вазъи иқтисодии ин кишвар то замоне, ки давлат вазифаи худ барои пешбурди иқтисодиро ба дурустӣ анҷом надиҳад, беҳбуд нахоҳад ёфт.

Лоуренс Соммерс дар давлати Бил Клинтон - вазири дороӣ, дар замони Ҷорҷ Буш – раиси донишгоҳи Горвард ва дар ду соли нахусти давлати Борак Обама – раиси Шӯрои миллии иқтисоди Амрико буд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854