18:20:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУСНӢ МУБОРАКРО ЭЪДОМ ИНТИЗОР АСТ?

Ба гузориши рӯзномаи «Алямус собеъ» (рӯзи ҳафтум)-и чопи Қоҳира, барои дуввумин бор қарори додгоҳ дар бораи баррасии парвандаи Ҳуснӣ Муборак, писаронаш Алову Ҷамол, Ҳабиб ал Одилӣ, собиқ вазири корҳои дохилии Миср ва шаш тан аз муовинонаш, бо сабаби беназмӣ дар дохили толори додгоҳ ва овоз баланд кардани ҳомиён ва мухолифон, ба муддати бист дақиқа, ба таъхир уфтод.

/images/stories/2011/09/06_hosni-mubarak-on-trial-in-6.jpgБа гузориши Форс, савумин ҷаласаи додгоҳи Муборак ба мисли ду ҷаласаи қаблӣ дар донишкадаи Полиси Қоҳира ва ба раёсати Аҳмад Рифъат, ба дур аз чашми расонаҳо баргузор шуд ва қарор аст ба иттиҳомоти куштори тазоҳуроткунандагони мисрӣ тайи инқилоби 25-уми январ, алайҳи Муборак шаҳодат диҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳаводорон ва мухолифони Муборак, азҷумла хонаводаҳои шаҳидон, аз аввалин соатҳои бомдоди дирӯз дар муқобили сохтмони додгоҳ ҷамъ шуда буданд.

Ҳамлаи ҳаводорон ба мухолифони собиқ раиси ҷумҳури Миср, ки сӣ сол дар кишвараш ҳукумат карда буд, он ҳам муқобили сохтмони додгоҳ муҷиби даргириҳои шадид дар ин минтақа гардид, ки бар асари он беш аз 20 нафар ҷароҳат бардошт. Ин амали онҳо боис ба дахолат кардани нирӯҳои амниятӣ барои идора кардани авзоъ шуд.

Агарчӣ ба назар мерасид дар ин миён дастҳое дар кор буд то асноди мавҷуд дар ин бораро аз байн бибаранд, ба монанди собиқ афсари созмони Амният, Ҳусайн Мусо, масъули иртиботот дар созмони амнияти марказӣ, ки як Сӣ Дии сабтшуда дар бораи наҳваи бархӯрд бо тазоҳуроткунандагонро баъди дархости бозҷӯӣ пок кард.

Азҷумла бояд ба пок шудани лавҳи фишурдаи ҳовии иттилооти амниятӣ ишора кард ё бо эҷоди ошӯб ва бетартибӣ дар ҷараёни баррасӣ, ки намунаи он имрӯз ҳини муҳокимаи Муборак тавассути ҳаводоронаш қобили мулоҳиза буд, монеъи исботи иттиҳоми куштори тазоҳуроткунандагони мисрӣ тавассути Муборак ва «чиновник»-ҳои он шаванд, аммо ҳузури шоҳиди аслӣ дар ҷойгоҳи шаҳодатдиҳӣ бахши қобили таваҷҷӯҳе аз ҳақоиқро бармало кард.

Яке аз муҳимтарин шоҳидони воқеъаҳои инқилоби 25-уми январ, имрӯз дар додгоҳ ҳозир шуд ва шаҳодат дод. Ҳангоме, ки вай дар утоқи амалиёт буд, тавассути гӯшиҳои бесим миёни афсарони баландпояи Муборак сӯҳбатҳое дар бораи интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ тавассути автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ ба майдони ат-Таҳррир дар ҷараён буда ва амалан низ ин силоҳҳо ва таҷҳизоти низомӣ аз сохтмони вазорати корҳои дохилӣ ба майдони ат-Таҳррир мунтақил шуданд то алайҳи тазоҳуроткунандагон мавриди истифода қарор гиранд.

Ҳамчунин вай шаҳодат дод, ки генерал, Аҳмад Рамзӣ, дастури мусаллаҳ кардани нерӯҳои амниятии мустақарр дар муқобили вазорати дохилиро содир кард ва ин тасмимро шахсан ва бидуни машварат бо дигар фармондеҳон ва мудири утоқи амалиёт гирифт.

Ҳамзамон хонаводаҳои шуҳадои Миср бо ба оташ кашидани акси Муборак ва сардодани шиъорҳое аз ҷумла: «миллати Миср хоҳони эъдоми қотил аст», «Қисос Қисос, фарзандони моро бо тир куштанд» ва «То замоне, ки ҳаққи шаҳидонро нагирем аз пой нахоҳем нишаст» ва дар даст доштани тасвирҳои шаҳидони хеш, хостори эъдоми Муборак шуданд.

Ин афрод ҳамчунин бо далели ин ки дар толори додгоҳ ҳузурашон мамнуъ аст ва наметавонанд аз наздик бо собиқ раиси ҷумҳури кишварашон, Ҳуснӣ Муборак, дидор кунанд, эшон ба ҷои Муборак, сурати ӯро бо пойафзолҳои худ  заданду баъд аз он суратро ба оташ кашиданд ва бо садои баланд қатл ва эъдоми Муборакро хостор шунданд.

Ин дар ҳолест, ки муносибати Ҳуснӣ Муборак бо режими Исроил хуб ва аксар маврид ба нафъи Исроил дар минтақа ва  ба вижа алайҳи Ҳаммосу фасалтиниҳо ҳарф мезад, ҳамакунун режими ишғолгар бо пуштибонӣ аз Муборак борҳо кӯшиш кардааст, ки мардуми собиқ раиси ҷумҳури худро муҷозот  накунанд. Ин дафъа аз роҳи нозук ва пуртаъсир, тавассути як фатвои динӣ аз ҷониби баландтарин мақоми мазҳабӣ дар Миср, шайхул Азҳар шуданд, аммо…

Ба гузориши Руҳамо,  Аҳмад Таййиб, шайхул Азҳар, аз посух ба дархости Уфудиё Юсуф, хохоми саҳюнистӣ ва раиси Шӯрои ҳукамои Таврот, мабнӣ бар содир намудани фатвои динӣ барои афви  Муборак худдорӣ кард.

Шайхул Азҳар дар ин бора афзуд: Алазҳар ҳеч гуна посухе ба изҳороти хохомҳои режими саҳюнистӣ дар бораи Муборак намедиҳад ва бо онон дар ин бора гуфтугӯ нахоҳад кард.

Вай тасреҳ кард: ҳар гуна посух ва ё гуфтугӯ бо яҳудиёни тундрав, навъе инъитофпазирӣ бо режими ишғолгари саҳюнистӣ ба шумор меравад, дар ҳоле, ки мавзеъи ал-Азҳар дар ин бора ошкор аст ва ҳар гуна инъитофпазирӣ бо режими саҳюнистиро хати қирмиз(сурх) медонад.

Юсуф дар як суханронии расмӣ аз давлатмардон режими саҳюнистӣ хост то бо фишор бар давлати Амрико, дар масъалаи муҳокамаи Ҳуснӣ Муборак дахолат кунанд ва диктатури Мисрро аз сарнавишти эъдом, ки дар интизори ӯст, наҷот диҳанд. 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi