14:33:26 02-уми Июни 2025 сол

САЙФУЛИСЛОМ ҚАЗЗОФӢ ҚАВЛИ МУҚОВИМАТ ДОД

Сайфулислом Қазофӣ писари Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари фирории Либӣ қавл додааст ба набард бо мухолифон идома диҳад. Ӯ дар паёме савтӣ, ки аз телевизиюни "Алрой" пахш шуд, гуфт, ки аз ҳумаи Таробулус сӯҳбат мекунад ва ҳоли падараш хуб аст.

/images/stories/2011/09/01_saiful_islam_1.9.2011.jpgИн паём дақоиқе пас аз он ки Саъдӣ, бародари Сайфулислом гуфт, ки иҷозаи музокира бо Шӯрои Интиқолии Миллиро барои поёни набардҳо дар Либӣ дарёфт кардааст, мунташир шуд. Раҳбарони муваққатии Либӣ мегӯянд алоқае ба музокира бо ҳаводорони сарҳанг Қаззофӣ надоранд.

Шӯрои Миллии Интиқолии Либӣ то рӯзи шанбе ба нерӯҳои ҳаводори сарҳанг Қаззофӣ фурсат додааст таслим шаванд. Фармондеҳони нерӯҳои мухолиф мегӯянд барои муҳосираи шаҳри Сирт, зодгоҳи Муъаммар Қаззофӣ ва охирин пойгоҳи ӯ, омода мешаванд.

Аммо Сайфулислом дар паёми худ алайҳи ҳар гуна ҳамлае ба Сирт ҳушдор дод ва гуфт, ки 20 ҳазор фарди мусаллаҳ омодаи дифоъ аз он ҳастанд. Паёмҳои бародарон Қаззофӣ дар пайи гузоришҳое, ки ҳокӣ аз боздошти Абдулотӣ Убайдӣ, вазири хориҷаи Қаззофӣ , тавассути мухолифон буд, мунташир шуд.

"Руйтерз" гузориш дод, ки оқои Убайдӣ дар мазраъааш дар Ҷанзур дар ҳумаи Таробулус дастгир шуд. Мавқеъияти оқои Қаззофӣ маълум нест. Ӯ пас аз фатҳи Таробулус тавассути мухолифон нопадид шуд. Ҳамсар ва се нафар аз фарзандони сарҳанг Қаззофӣ рӯзи душанбе аз Либӣ вориди Алҷазоир шуданд, ки бо эътирози Шӯрои Интиқолии Миллӣ ба давлати Алҷазоир рӯбарӯ шуд.

Пирӯзӣ "наздик" аст

Сайфулислом дар паёме, ки аз телевизиюни "Алрой" дар Димишқ пахш шуд, гуфт, ки "аз ноҳияи Таробулус сӯҳбат мекунад." Ӯ гуфт "моилем ба ҳама бародаронам дар Либӣ итминони хотир диҳам" ва афзуд, ки чаҳоршанбе баъд аз зуҳр дар бархе маҳаллаҳои Таробулус қадам задааст. Ӯ гуфт: "Ба хости худо, базудӣ барои адои эҳтиром ба шумо ба майдони Сабз хоҳем омад"

Майдони "Сабз"-и Таробулус пас аз фатҳи шаҳр тавассути мухолифон ба майдони "Шуҳадо" тағйири ном дода шуд. Сайфулислом гуфт: "Муқовимат идома дорад ва пирӯзӣ наздик аст."

Паёми Саъдӣ Қаззофӣ тавассути телевизиюни "Алъарабия" гузориш шуд. Ӯ гуфт пас аз дарёфти иҷоза аз падараш барои музокира бо фармондеҳи Шӯрои Интиқолии Миллӣ дар Таробулус тамос гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса Маҳдӣ Ҳиротӣ, муъовини раъиси шохаи низомии Шӯрои Интиқолии Миллӣ таъйид кард, ки музокироте дар рӯзи сешанбе бо Саъдӣ анҷом шудааст. Ӯ гуфт: "Ӯ берағбат аст, аммо агар мехоҳад таслим шавад, эмин хоҳад буд."

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854