01:19:06 02-уми Июли 2025 сол

НОРИЗОИЯТИ ФАРОНСАВИЁН АЗ САРКОЗӢ БОРИ ДИГАР АФЗОИШ ЁФТ

Бар асоси натоиҷи тозатарин назарсанҷии суратгирифта дар Фаронса, норизоияти мардуми Фаронса аз президенти ин кишвар дар моҳи ҷорӣ бо афзоиши 30 дарсад ба 67 дарсад расидааст.

/images/stories/2011/08/21_sarkozy_21.8.2011.jpgТибқи хабаргузории «Форс», натоиҷи тозатарини назарсанҷӣ барои ҳафтаномаи фаронсавии «Two Dymansh Journal» нишон медиҳад, ки маҳбубияти мардум нисбати Никола Саркозӣ, президенти Фаронса, дар моҳи августи соли ҷорӣ низ 3 дарсад коҳиш ёфта ва ба рақами 33 дарсад расидааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси ҳамин назарсанҷӣ мизони маҳбубияти  нахуствазири Фаронса назди мардуми ин кишвар ҳамакнун 51 дарсад аст, ки ин рақам бо муқоиса ба рақами маҳбубияти Саркозӣ аз поён будани  мизони маҳбубияти Саркозӣ ба унвони президенти Фаронса ҳикоят дорад.

Коҳиши маҳбубияти 3 дарсадии Саркозӣ дар моҳи ҷорӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки маҳбубияти вай дар моҳи гузашта, дар тағйири ҷиҳати баръакс 6 дарсад афзоиш ёфта, аммо дар моҳи ҷорӣ бори дигар ҷойи поёни худро аз сар гирифт.

Аз сӯи дигар бар асоси ҳамин назарсанҷӣ, танҳо 5 дарсад пурсишшавандагон дар ин назарсанҷӣ эълон карданд, ки аз президенти кишвар ризоияти комил доранд ва 28 дарсад низ ризоияти нисбии худро аз вай эълом карданд.

Ин дар ҳолест, ки нархи норизоиятии мардум аз Саркозӣ дар моҳи ҷорӣ ба афзоиши 30 дарсад расидааст, ки бо ҷудоии ин рақами мушаххас шуда, ки 37 дарсад аз раисҷумҳур нисбатан норозианд ва 30 дарсад аз вай бисёр норозианд.

Назарсанҷӣ дар рӯзҳои 18-19-уми август тайи пурсиши телефонии  938 нафар фаронсавии боло аз ҳаждаҳсола анҷом шудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ