18:48:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РОҲБАРИ АСОСӢ ПУТИН АСТ Ё МЕДВЕДЕВ?

Ба ақидаи нозирони хориҷӣ, раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев вақтҳои охир мавқеъи худро дар "тандем" бо сарвазир Владимир Путин мустаҳкамтар мекунад. Аммо коршиносҳо то ҳол наметавонанд ба як саволи оддӣ ҷавоб диҳанд: дар Русия кадоме аз ин ду сиёсатмадорон нақши асосӣ мебозад? 

Ин танҳо соли 2012, баъди баргузор шудани интихоботи нави раисҷумҳур маълум мегардад, қайд мекунад матбуоти хориҷӣ. Раисҷумҳур Медведевро "генерали бе артиш" меноманд, зеро аксарияти мансабҳои асосиро дар мамлакат одамҳои Путин ишғол кардаанд, менависад нашрияи "The Christian Science Monitor". Ҳатто Барак Обама ҳангоми сафари чанде пеши худ ба Русия Путинро иштибоҳан "раисҷумҳур" номидааст.

Баъзе коршиносон мегӯянд, Путин ва Медведев ду актёре мебошанд, ки тибқи сенарияи кӯҳнаи "муфаттиши меҳрубон - муфаттиши хашмгин" бозӣ мекунанд. Ба ақидаи онҳо, ин саҳнаро барои он мебозанд, ки мухолифин ҳушёриро аз даст диҳанд ва ҷомеа ба тахминҳо ғарқ гардад, иқтибос овардааст аз мақола "Инопрecca.ру". 

Вале ба андешаи дигарҳо, раисҷумҳур Медведев "ҳуқуқшиноси бофаҳм ва мухлиси Led Zeppelin мебошад" ва тадриҷан барои аз вобастагӣ ба сарвазири муқтадир раҳо ёфтан гомҳо мегузорад. Гомҳои "рамзӣ"-и ӯро аз қабили мусоҳиба бо нашрияи оппозитсионии "Новая газета", вохӯриҳо бо сиёсатмадорони либерал, ворид кардани тағйиротҳо дар қонунҳои сохти Путин дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ метавон ҳамчун кӯшиши гирд овардани ҷонибдорон барои зарбаи ҳалкунанда шарҳ дод.

Ҳамзамон бо ин дар рафторҳои Путин баъзе нишонаҳои асабоният пайдо шудаанд, қайд мекунад нашрия. Гӯё сарвазир ҳис мекунад, ки ҳокимият аз дасташ рафта истодааст ва мехоҳад исбот намояд, ки бебокона муқовимат нишон доданист. Бо вуҷуди ин тибқи назаргирии моҳи майи "Левада-Сентр" танҳо 19 фоизи русиягиҳо бовар доранд, ки Медведев "сиёсати мустақил"-ро роҳандозӣ кардааст.

68 фоизи пурсидашудагон мӯътақиданд, ки Медведев таҳти роҳбарии Путин фаъолият менамояд: тӯли таърихи ҳазорсола русиягиҳо ба як пешвои пурқувват одат кардаанд. Дуҳокимиятӣ ҳама вақт мамлакатро ба ҷанги дохилӣ мекашид.

Нуфузу эътибори Дмитрий Медведев зиёд мешавад ва гуфтугӯйҳо дар бораи он ки "раисҷумҳури нав танҳо ин мансабро то бозгашти ногузири Путин нигоҳ медорад" хомӯш мегарданд. Вале барои дубора раисҷумҳур шудан Медведевро лозим меояд, ки як қатор проблемаҳоро пушти сар намояд. Яке аз ҷиддитарини онҳо устувор кардани авлавияти қонун мебошад.

 Проблемаҳои дигар паҳншавии экстремизми исломӣ ва ихтилофот бо ИМА аст, ки Обама мехоҳад бо сиёсати навозишкоронаи худ рӯйпуш намояд. Вале душвории асосӣ барои Медведев он аст, ки вай бояд худписандии аз ҳад зиёди Русияро ба воқеияти тираранги имрӯза мутобиқ гардонад, навиштааст шореҳи рӯзномаи бритонӣ. 

Newsru.com



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi