ВАЗОРАТИ ХОРИҶАИ РУСИЯ: ДАХОЛАТИ ХОРИҶӢ РОҲИ ҲАЛИ МУШКИЛОТИ СУРИЯ НЕСТ
Вазорати умури хориҷаи Русия танҳо роҳи ҳалли мушкилоти Сурияро гуфтугӯ байни нерӯҳои сиёсии дохилӣ ва адами дахолат аз хориҷ дониста ва Медведев ҳам ба ҳамтои суриягии худ тавсия карда, ки бо мухолифон ба тавофуқ бирасад, хабар медиҳад, хабаргузории «Форс».
Ба гузориши «Форс» ба нақл аз хабаргузории «Новости», вазорати умури хориҷаи Русия, рӯзи панҷшанбе, як бори дигар бар мавқеи Маскав дар хусуси авзоъи бӯҳронӣ дар кишвари Сурия таъкид кард ва ҳалу фасли мушкилоти ин кишварро танҳо ба дасти мардуми Сурия имконпазир донист.
Дар баёнияе, ки дар ин хусус аз сӯи дастгоҳи дипломатии Русия мунташир шуда омадааст, мақомоти Маскав мӯътақиданд, ки ҳалу фасли авзоъи бӯҳронӣ дар Сурия бояд тавассути нерӯҳои сиёсии дохилӣ дар ин кишвар, бидуни дахолати хориҷӣ ва бар асоси гуфтугӯи густурдае, ки танҳо роҳи ҳали мушкилоти гуногунӣ дар Сурия аст, сурат бигирад.
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки Русия ҳамчунон сахт хостори тавқифи хушунатҳо дар Сурия, ёфтани раҳоӣ барои эҷоди вақофи миллӣ ва эҷоди тағйироти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ аз тариқи анҷоми ислоҳоти амиқ дар ин кишвар аст.
Ин дар ҳоле ҳаст, ки Дмитрий Медведев, Президенти Русия низ ба Башар Асад, Президенти Сурия тавсия кардааст, то ба анҷоми ислоҳот дар ин кишвар пардохта ва бо мухолифони давлат ба тавофуқ даст ёбад.
Медведев рӯзи гузашта, дар остонаи севумин солгарди ҷанги моҳи августи соли 2008 дар Осетияи ҷанубӣ дар мусоҳиба бо расонаҳои гурӯҳии Русия ва Гурҷистон гуфт: «Башар Асад бояд ба ислоҳоти густарда пардозад ва бо мухолифони худ, ба тавофуқ даст ёбад, дар ғайри ин сурат сарнавишти ғамангезе дар интизори ӯ хоҳад буд ва агар вай натавонад ба забони муштарак ба мухолифон даст ёбад, Русия маҷбур хоҳад буд, то тасмимоте дар ин хусус қабул кунад.
Президенти Русия ёдовар шуд, ки дар номаҳое, ки барои ҳамтои суриягии худ ирсол кардааст, ин назарияро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода ва ин ки замони он расида, ҳарчи зудтар ислоҳоти сиёсӣ дар Сурия анҷом шавад ва бо мухолифони давлат оштӣ кард, то сулҳ ва субот дар ин кишвар барқарор шуда Сурия ба кишвари босубот табдил шавад.
Медведев гуфт: «Мо бо диққат авзоъи Сурияро зери назар дорем, ончи дар ҳоли ҳозир дар Сурия дар ҳоли рух додан аст, мутаассфиона, роҳи бисёр ғамангез аст».
«Рӯзгор»