14:51:50 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ПЕШ АЗ УСОМА КӢ БУД?

 РУҶӮЪ БА ТАЪРИХИ АФҒОНИСТОН

Доктор Ҷайотирмой Банерҷи, профессори бахши муносибатҳои
байналмилалии донишгоҳи Ҷадавпур (Ҳиндустон)


Вақте Черчилл дар хусуси "Сиёсати ҳаракат ба пеш"-и Бритониёи охири а. XIX менавишт, қайд мекард: Ҳиндукуш Ҳиндустони бритониро аз қисмати шимолии он ҷудо мекунад, ки дар он "қабилаҳои ҷангҷӯй, ваҳшиёни гарданкашу якрав ҳукм меронанд". 

Барои пеши роҳи қабилаҳоро гирифтан гардондани ҳамлаҳои мунтазам содир мекардаи онҳо нокифоя буд. Дар робита ба ин бритониҳо аз тактикаи мудофиавӣ ба тактикаи юришҳои муҷозотии "Бизану гурез" пардохтанд. Аммо амалиётҳои мазкур сабаби якбора боло рафтани рӯҳияи кину адоватварзӣ нисбати бритониҳо миёни намояндагони қавму қабилаҳои мазкур гардиданд. Сенарияе, ки аз рӯи он имрӯзҳо вазъи нерӯҳои ИМА/НАТО, ки дар Афғонистон бо толибон мубориза мебаранд, инкишоф меёбад, бо воқеаҳои онвақта монандии шигифтангез дорад. Ҷои сиёсати "Бизану гурез"-ро зарбаҳои мушакӣ аз ҳавопаймоҳои бехалабони амрикоии "Предатор" гирифтаанд. Вале натиҷаҳо ҳамонанд, ки буданд: онҳо сабабгори душмании бештар аз ҷониби халоиқи қабилаҳо гардиданд, ки аз ин зарбаҳо осеб мебинанд.

Ба ҷуз ғалаба дар амалиёти ҳарбие, ки дар Афғонистон баргузор менамояд, Ғарб ҳадафи барқарор кардани кишварро эълом доштааст. Лекин зимнан коррупсия ва кори камсамар аз поён то ба утоқҳои болотарини кишвар минбаъд ҳам ҷараёни татбиқи ин ҳадафҳоро халалдор хоҳад кард. Яъне дар ин кор танҳо ба натиҷаҳои миёна умед бастан мумкин аст, на беш аз ин - воқеият чунин аст.

АВВАЛИ АСРИ ХХ "УСОМА"-И ХУДРО ДОШТ

Боз як монандии дигари шигифтовар ба таърих дар он аст, ки воқеаҳои нимаи аввали асри ХХ Усома бини Лодани худро доштанд. Вай Фақир Мир Алӣ ном дошт ва аз деҳаи Ипии Афғонистон буд. Ҳар дуи онҳо миёни қабилаҳои ҷангҷӯи Вазиристон сарпаноҳ ёфтаанд. Ҳар ду ҳам аз боздошт эмин мондаанд: Фақир аз Ипи, ки нисбати Бритониёи Кабир мавқеи тундгароёна дошт, соли 1960 дар бистари худ ҷон ба Ҷаббор супорид. 

Усома то ба имрӯз ба доми артиши пуриқтидортарини дунё наафтидааст, гарчӣ аз терактҳои 11 сентябр 8 сол сипарӣ мешавад. Фақир солҳои 1930-юм бо эътироз аз дахолати британиҳо ба аҳкоми дину шариат ҷиҳод эълон карда буд. Ба ҳамин монанд Усома ҳам эълом дошт, ки "Ислом дар хатар аст". Дар лаҳзаи муайяни Чанги дуюми ҷаҳон 42 ҳазор аскари бритонӣ Ипиро таъқиб мекарданд. Лашкари ҳамқиёс ба ин аз пайи бозёфт ва дастгир кардани Усома ҳам буду ҳаст, аммо то ҳанӯз ин талошҳо натиҷа наовардаанд. 

Марзи байни Афғонистон ва Покистон, ки ба таври бояду шояд назорат намешавад, барои нерӯҳои дар Афғонистон ҷойгири ИМА/НАТО ба як проблемаи доимӣ табдил ёфтаанд. Бо ҳамин гуна мушкилӣ дар вақташ Бритониёи Кабир низ рӯ ба рӯ шуда буд. Дар собиқа ҳам қабилаҳо ба кӯшишҳои бритониҳо оид ба барқарорсозии "субот ва қонун" муқобилият мекарданд, зеро дар ин раванд таҳдидро ба озодии анъанавии худ медиданд. Дар лаҳзаи ҷорӣ ҳамин гуна норозигиро ҳузури нерӯҳои амрикоӣ ҳам дар кишвар меангезад.

Як кисми "Сиёсати ҳаракат ба пеш"-и Бритониёро лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо дар минтақаи сарҳадӣ ташкил медоданд, вале ба қабилаҳо ин маъқул набуд. Ҷосуси разведкаи бритонӣ Аҳмад Абдулло он замон дар ҳисоботи худ ҳолати мазкурро ин тавр шарҳ додааст: "Пайдоиши роҳҳо шумори патрулҳои бритониро зиёд мекунад ва ин ба рӯзҳои озоду пуршӯри қабилаҳо хотима мегузорад. Яъне минбаъд қонуни шоҳ-император бидуни тараҳҳуму таваққуф роиҷ мегардаду дигар мисли харгӯши тарсидае, ки қабилаҳо хандону фиғонкунон таъқибаш мекунанд, намегурезад. Ин буд, ки онҳо ба отрядҳои геодезӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи мо муқовимати мусаллаҳонаро оғоз карданд. Мо мехостем муросо намоем. Ба онҳо кору пул пешниҳод кардем. Лекин афғонҳо 5 долларро медузданд ё бо ягон усули дигари ҷиноӣ ба даст меоранд, лек ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешаванд, ки бо меҳнати қонунӣ 50 доллар кор кунанд. Инро фаҳмондан номумкин аст! Ба назари ман, барои онҳо сохти кӯҳнаашон бо афту дарафтҳои пурфоҷеааш ширинию лаззат дорад…".

Ҳам Фақир ва ҳам Усома ҳангоми сафарбар намудани қабилаҳои Вазиристон бар зидди Ғарб тарси қабилаҳоро аз тамаддуни ғарбиҳо, ки гӯё мехоҳад динашонро нобуд карда, тартиби анъанавии зиндагиашонро пароканда созад, ба фоидаи худ истифода бурдаанд.

Ба ин пешгӯии Черчилл рӯ меорем, ки гуфта буд: "Мо ба обҳои хавфноки бӯронӣ ворид шудаем… Ҳама зудтар ба соҳил расидан мехоҳанд. Доир ба самти дуруст пешниҳодҳо зиёданд".

Ин суханҳо гӯё вазъи имрӯзаро шарҳ медиҳанд, ҳамин тавр не? 

Мехоҳам ин мулоҳизаҳоро бо сатрҳои достони Редярд Киплинг хотима бахшам, ки низ ба минтақаи аз ҳама хатарноки сарҳадӣ - Вазиристон бахшида шуда буданд: 

…Сарбози ҷавони бритонӣ:

Агар ту миёни даштҳои афғонӣ захмӣ шуда, мунтазири марг бошӣ 

Ва ба назди ту занҳо барои гирифтани ҳамаи он чизе, ки мондааст, омада истода бошанд,

Милтиқро ба даст гиру ба мағзи сарат тир зан, 

То ки назди Худои худ мисли сарбози ҳақиқӣ зуҳур кунӣ.

Матлабро ҳафтаномаи «Дунё» тарҷума кардааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi