18:02:24 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭЪТИРОЗОТИ ТОЗАИ МУХОЛИФОН ДАР ТЕҲРОН

Гуфта мешавад, ки асри панҷшанбе бо торик шудани ҳаво бархе аз муътаризон дар Теҳрон бори дигар тайи таҷаммуъот ва ҳамчунин ба садо даровардани буқҳои мумтад садои эътирози худро алайҳи давлати Эрон баланд кардаанд.

Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Ройтер гуфтааст, ки садҳо муътариз дар хиёбонҳои Теҳрон тайи соъоти шаб шиъори "Марг бар диктотур!" сар додаанд. Ин эътирозот як рӯз пас аз маросими таҳлифи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, ки эъломи пирӯзии ӯ бо тазоҳуроти густардаи мухолифон ҳамроҳ буд, буруз мекунад. Тайи соъоти ахир чандин видию, ки гуфта мешавад эътирозоти панҷшанбешаби Теҳронро ба тасвир мекашад, дар сойти "Ютюб" мунташир шудааст. 

Дар яке аз ин видиюҳо, ки маҳалли он мушаххас нест, гурӯҳе аз муътаризон бо рӯшан кардани оташ машғули сар додани шиъор ҳастанд. Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Ройтер гуфт: "Садҳо нафар дар майдони Ванак шиъори "Марг бар диктотур!" сар доданд. Бақия ҳам буқ (шайпур)-ҳоро ба садо дароварданд. Садҳо маъмури зиддишӯриш низ онҷо ҳузур доранд."

Вай гуфт, ки пулис барои мутафарриқ кардани муътаризон талош кард: "Онҳо ба муътаризон мегуфтанд, ки онҷоро тарк кунанд ё ин ки дастгир хоҳанд шуд."

Ба садо даровардани буқи (сигнали) утумубилҳо ба сурати мумтад (бодавом) пас аз интихоботи ҷанҷолофарини ахир ба яке аз шеваҳои эътирозе бадал шудааст, ки дар бархе маворид пулиси зиддишӯриш бо шикастани шишаи утумубилҳо ба он вокуниш нишон додааст.

Гузоришҳои зиёди дигаре низ дар веблогҳо ва вебсойтҳои мухолифон аз эътирозоти шабонаи мардум дар соири маҳаллоти Теҳрон мунташир шуда, ки тавассути Би-би-сӣ қобили таъйид нест.

Давлати Эрон маҳдудиятҳои шадиде бар фаъолияти расонаҳо дар пӯшиш додани эътирозот ба натоиҷи интихобот эъмол карда ва аз ҷумла танҳо хабарнигори Би-би-сиро ихроҷ кардааст. Ин вазъ имкони таъйиди гузоришҳои хабарӣ дар мавриди эътирозотро бисёр душвор кардааст.

Бархе аз веблогҳо ва вебсойтҳои мухолифон аз чандин рӯз қабл хостори эътирозот баъд аз зуҳри панҷшанбе дар остонаи нимаи шаъбон (валодати имоми дувоздаҳуми шиъиён), бахусус дар фосилаи майдони Валиъаср то майдони Ванак, шуда буданд.

Маросими таҳлифи Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи чаҳоршанбе дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон баргузор шуд, ки ба хотири нигаронӣ аз таҷаммуъи муътаризон бо тадобири шадиди амниятӣ ҳамроҳ буд.

Бо ин ҳол, садҳо муътариз дар минтақаи атрофи Маҷлис, аз ҷумла муқобили бозори Теҳрон, даст ба тазоҳурот заданд, ки бо бархӯрди пулиси зиддишӯриш рӯбарӯ шуд.

Як мақоми баландпояи пулис рӯзи панҷшанбе гуфт, ки аз замони интихобот то кунун 26 нафар кушта шудаанд. Бо ин ҳол, гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва мухолифон ибрози нигаронӣ кардаанд, ки шумори куштаҳо дар асари бархӯрди нерӯҳои давлатӣ бо муътаризон шояд бағоят бештар бошад. Дар пайи ҷанҷоли интихоботӣ ҳамчунин теъдоди зиёде аз муътаризон дастгир шуданд, ки садҳо нафари онҳо ҳануз ҳам маҳбус ҳастанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi