09:45:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУХАДДИРОТ ДАР ҶАҲОН

Маводи мухаддир. Акнун онро дуюмин хатари байналмилалӣ ва сердаромадтарин восита баъди тиҷорати силоҳ медонанд. Хатаре, ки мудҳиштар аз ҷанг бо яроқи оташфишон аст. 

Тибқи омори расмии СММ теъдоди нашъамандон дар олам бештар аз 40 миллион нафар мебошад. Ва тасаввур кунед, ки ин 40 миллион аллакай ба ҳукми талафоти башаранд. Зеро аз байни онҳо шояд як ё ду миллион нафар худро наҷот диҳанд, вале боқӣ билохира ба коми марг мераванд. Маводи нашъадор маргест, ки тадриҷӣ меояд ва номаълум ҷони ҳазорҳо нафарро қабз мекунад. Барои ҳар истеъмолкунанда вобаста ба дараҷаи вобастагиаш ба вақту замони номушаххас ин марг фаро мерасад.

Oре, чунин аст ҳоли имрӯзаи насли башар бо маводи мухаддир. 40 миллион нафар дар интизори марг ва шояд бештар аз ин миқдор дар гӯшаву канори олам зиндонианд. "Дунё" тасмим гирифт гоҳу ногоҳ ба ин масъала баргардад ва гулчини беҳтарин ахбори ҷаҳонро оид ба мухаддирот ба тавваҷҷӯҳи хонандагони худ расонад. 

ЗАНИ УКРАИНИИ БА ҚАТЛ МАҲКУМШУДАРО 
ШОҲИ ТАИЛАНД АВФ КАРД

Шаҳрванди Украина Виктория Мамонтова, ки соли 2001 додгоҳи Таиланд барои нигаҳдории маводи мухаддир ба қатл маҳкум карда буд, аз ҷониби шоҳи ин кишвар Пумипон Адулядет авф карда шуд ва ҳафтаи гузашта аз фурудгоҳи Бангкок ба ватанаш баргашт. Мамонтова бештар аз 8 солро дар маҳбас сипарӣ кард ва тӯли ин солҳо ҳамеша дар интизори иҷрои ҳукми додгоҳ буд.

 Ҳафтаи қабл президенти Украина шахсан ба шоҳи Таиланд дар мавриди авфи Виктория муроҷиат намуд ва шоҳ бидуни кадом шарте ба фармони авф ва озодии ин зан имзо гузошт. Дар остонаи бозгашт вай ба ҳеҷ саволи рӯзноманигорон посух додан нахост. "Бубахшед, барои ман басо мушкил аст ҳарфе ба забон овардан. Ман ҳоло бисёр мехоҳам ба хонаам баргардам",- гуфт Мамонтова. 

Ҳодисаи боздошти ӯ соли 2000, ки он замон 28-сола буд, иттифоқ уфтод. Виктория бо раводиди сайёҳӣ ба Таиланд рафт ва аз ҷониби пулиси ин кишвар барои нигаҳ доштани якуним кило героин боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд. Мамонтова бори гуноҳро ба гардан гирифт, аммо гуфта буд, ки маводи мусодирашуда мутааллиқ ба дӯсти индонезии ӯ бо исми Майкл мебошад. 

Мавсуф аз Таиланд ба Индонезия парвоз кард ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки назди ӯ ба Ҷакарта ояд ва сумкаи сафарии ӯро, ки дар утоқи истиқоматии Виктория дар меҳмонсаро гузошта буд, ҳамроҳаш оварад. Аммо ин иддио собит нагардид ва соли 2001 додгоҳи аввалияи Таиланд мутобиқ ба қонунҳои ин кишвар барои Мамонтова ҳукми қатл содир намуд. Баъди чанд моҳ додгоҳи таҷдиди назар ин ҳукмро ба маҳрумият аз озодӣ барои тамоми умр иваз намуд. 

Муддате пас бори дигар мурофиаи судии ӯ баргузор гардид ва бо дарназардошти рафтори намунавии судшаванда ва аксуламали ҷомеаи Украина додгоҳ ҳукми мазкурро ба маҳрумият аз озодӣ ба муддати 33 солу 4 моҳ иваз намуд.  

Маврид ба таъкид аст, ки дар Таиланд барои тиҷорат, нигаҳдошт ва интиқоли маводи мухаддир қонунҳо басо шадиданд. Аммо иҷрои амали қарори додгоҳ дар аксар мавриди ба изҳори назари шоҳ вобаста мебошад. Тибқи анъанаҳои қадима на танҳо маҳкумшудагон ба ҷурми маводи мухаддир, балки дигар ҷурмҳо низ ба лутфи шоҳ Пумипон Адулядет метавонанд умед банданд. Авфҳои инфиродӣ танҳо дар ҳолатҳои вижа имкон доранд. Масалан, авфи як хориҷии маҳкум ба қатл танҳо дар сурати муроҷиати шахсии президент ё сарвари он кишвар имконпазир аст.  

50 МИЛЛИОН ДОЛЛАР 
БАРОИ ХАБАР АЗ "GULF CARTEL"

Ҳукматдорони ИМА барои хабари ҷои будубоши сарвари гурӯҳи ҷинояткори мексикоии Gulf Cartel 50 миллион доллар ваъда кардаанд. Gulf Cartel - яке аз наркокартелҳои калонтарини Мексика буда, ба пиндори мақомоти амрикоӣ пешвои он Мигел Тревино Моралес мебошад. Рӯзи душанбеи гузашта прокурори генералии ИМА Лэнни Бройер эълон кард, ки ба муқобили Моралес айб эълон шудааст ва ӯ ба ташкили гурӯҳҳои ҷиноӣ, фаъолиятҳои ҷинояткорона, тиҷорати силоҳ ва маводи мухаддир муттаҳам карда мешавад.

"Мо ба ин натиҷа расидем, ки роҳи самараноки таъсир расондан ба коҳиши ҷиноят боздошти сарварони гурӯҳҳои ҷиноӣ ва аз байн бурдани сарчашмаҳои фоидаи онҳост",- омадааст дар изҳороти Бройер. Барои боздошт ва ба ҷазо кашидани Моралес, се тан аз думравон ва 15 нафар аъзои фаъоли гурӯҳи ҷиноятии ӯ се муассисаи амрикоӣ - Вазорати адлия, департаменти давлатӣ ва Хазинадорӣ ба ҳам омадаанд.

Дар айбномаи эълоншуда омадааст, ки пешвоёни ин гурӯҳи ҷиноятӣ ба содир намудани ҷиноятҳои басо вазнин, ки ба маводи мухаддир иртибот доранд, гумонбар мешаванд ва ин худ ба вазорати молияи ИМА он ҳақро хоҳад дод, ки ҳар гуна ҳисобҳои бонкии онҳоро дар ин кишвар манъ кунад ва чораҳои дигари фишор андешад. 

Прокуратураи ИМА мегӯяд, Gulf Cartel баъзан бо номи "Ширкат" худро муаррифӣ мекунад ва на танҳо дар Мексика, балки дар бисёре аз шаҳрҳои калони Амрико фаъолият менамояд. Бройер дар муаррифии айбномаи эълоншуда гуфтааст, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ таҳти пӯшиши "Ширкат" ба паҳн намудани мухаддирот дар қаламрави ИМА машғул аст.

Маврид ба таъкид аст, ки Мексика як кишвари асосӣ дар интиқоли маводи мухаддири Амрикои Лотин ба ИМА ба шумор меравад. Тибқи арзёбии коршиносон ҳар сол аз тариқи ин кишвар ба маблағи то 40 миллиард доллар мухаддирот ба ИМА интиқол дода мешавад. Аз оғози соли ҷорӣ дар Мексика аз дасти мафияи маводи мухаддир беш аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд, аз оғози эълони ҷанг бо наркомафия теъдоди қурбониён болотар аз 12 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Таҳия аз ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi