06:54:48 06-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАСЛИМИ ШИКОЯТНОМА АЛАЙҲИ МУСАВӢ

Як намояндаи маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфтааст, ки гурӯҳе аз намояндагон шикоятномае алайҳи Миҳусейни Мусавӣ, номзади муътаризи интихобот, таслими қувваи қазоия кардаанд.

Ин афрод мехоҳанд, ки оқои Мусавӣ ба хотири он чи ин намоянда "иқдомоти ифротӣ ва сохторшиканона" тавсиф карда, таҳти муҳокима қарор бигирад. Муҳаммад Тақӣ Раҳбар, ки дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс изҳори назар мекард, аз дигар намояндагоне дар танзими ин шикоятнома нақш доштаанд, ном набурд ва ҳатто замони дақиқи таслими шикоятномаро низ эълом накард. Ӯ фақат гуфт, ки шикоятнома " чанд ҳафта қабл" таслим шудааст.

Қувваи қазоияи Эрон то кунун аз қарор гирифтани чунин парвандае дар дастури кори худ ва муҳокимаи Мирҳусейни Мусавӣ, раҳбари мухолифон, хабар надодааст, вале бархе муҳофизакорони тундрав қаблан ӯро таҳдид ба муҳокима карда буданд.

Бо ин ҳол, сукути қувваи қазоияи Эрон то ин лаҳза дар ин замина метавонад ношӣ аз нигаронии муҳофизакорон дар таҳрики бештари мухолифоне бошад, ки интихоботро омехта ба тақаллуб медонанд.

Аммо бо шурӯъи муҳокимаи гурӯҳе аз ислоҳталабон дар ҳафтаи ҷорӣ ба назар мерасад, ки бархе аз наздикони давлат онро заминаи хубе барои қадам бардоштан дар ҷиҳати муҳокимаи оқои Мусавӣ медонанд.

Муҳаммад Тақӣ Раҳбар, намояндаи Исфаҳон дар маҷлис, рӯзи якшанбеи аввали август дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс изҳори умедворӣ кард, ки қувваи қазоия "ҳар чи сареътар" расидагӣ ба ин шикоятро оғоз кунад.

Ба навиштаи хабаргузории Форс, ин намояндаи маҷлис оқои Мусавӣ ва Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳурии собиқро "муттаҳамони аслии ҳидояти иғтишошоти ахир" номид.

Оқои Раҳбар бо ишора ба оғози муҳокимаи гурӯҳе аз ислоҳталабон дар рӯзи шанбе дар иртибот бо нооромиҳои пас аз интихобот, муҳокимаи оқои Мусавиро барои поён додан ба ин буҳрон зарурӣ донист.

Вай гуфт "касоне, ки мардумро ба хиёбонҳо даъват карданд, ҳамвора бар табли интихобот кӯбиданд ва иддаъои худро дар миёни мардум густариш доданд, решаи фитнаҳо ва ошӯбҳои ахир ҳастанд" ва баъд аз қувваи қазоия хост "маншаъи фитнаҳоро бихушконад."

Муҳаммад Тақӣ Раҳбар дар ишора ба оқои Мусавӣ ва тазоҳуроти панҷшанбеи гузашта дар "Биҳишти Заҳро" ва хиёбонҳои атрофи мусалои Теҳрон ба муносибати чиҳилуми бархе аз қурбониёни хушунатҳои пас аз интихобот гуфт: "Ин афрод, ки баёния медиҳанд ва ахиран бархе аз тарафдорони худро ба атрофи мусало ва "Биҳишти Заҳро" кашонданд, бояд посухгӯйи иқдомоти худ бошанд ва савол аз ин афрод ин аст, ки ин оқоён чикораи кушташудагони вақеъаҳои ахир ҳастанд, ки ин гуна санги онҳоро ба сина мезананад?

Ӯ ҷои дигаре афзуд: "онҳое, ки баёния доданд ва иғтишошоти ахирро ҳидоят карданд, ҳатман бояд посухгӯйи хунҳои рехташуда бошанд ва бояд ба пойи мизи муҳокима кашида шаванд."

Ин иттиҳомот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки оқои Мусавӣ гуфтааст, ки авомили "тақаллуб" дар интихоботро аз ҷумлаи авомили "бар замин рехта шудани хун"-и муътаризон медонад.

Рӯзи якшанбе ҳамчунон рӯзномаи "Кайҳон" барои гузорши худ дар бораи муҳокимаи рӯзи шанбеи ислоҳталабоон унвони "Асноди хиёнати Хотамӣ ва Мусавӣ фош шуд"-ро интихоб кардааст, ки ҳокӣ аз афзоиши ҳамалоти муҳофизакорон алайҳи Мирҳусейни Мусавӣ ва вафодорони ӯст.

Аҳмади Хотамӣ, имомҷумъаи муваққати Теҳрон низ дар намози рӯзи ҷумъаи 10 рӯз пеш касонеро, ки хостори ботил кардани интихобот ҳастанд, "сарони иғтишошгарон" тавсиф карда буд. Оқои Мусавӣ муҳимтарин чеҳраи мухолифон аст, ки хостори ибтоли интихобот шудааст.

Аммо оқои Мусавӣ дар баробари фишорҳо кӯтоҳ наомада ва рӯзи якшанбе бори дигар ба интиқод аз рафтори ҳукумат бо мухолифон пардохт ва муҳокимаи рӯзи шанбе ислоҳталабонро тадоруке "ношиёна барои шурӯъ ба кори давлати даҳум" тавсиф кард.

Дар ҷаласаи рӯзи шанбе, муқокимаи наздик ба 100 нафар аз афроде, ки дар ҷараёни вақоеъи баъд аз даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон боздошт шуда буданд, оғоз шуд.

Дар ин ҷаласа муъовини додситони Теҳрон дар кайфархости худ онҳоро ба талош барои созмондиҳӣ ва иҷрои тарҳе барои кудетои мухмалӣ муттаҳам кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi