09:12:36 13-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РОБИЯ ҚОДИРӢ: «ЧИН ҶАҲОНРО ФИРЕБ МЕДИҲАД»

Лидери уйғурҳо Робия Қодирӣ, ки ӯро Чин дар нооромиҳои оммавии шаҳри Урумчӣ гунаҳкор медонад, аз СММ даъват ба амал овардааст, ки барои равшанӣ андохтан ба ҳодисаҳои Чин тафтишоти муфассал доир намояд. Ӯ таъкид кардааст, ки ошӯбро худи Пекин таҳрик додааст. Дар асл оғози моҳи июл дар Урумчӣ чӣ рух дод? Сабабгорони ҳодисаҳо киҳоянд? Ба инҳо ва саволҳои дигари хабарнигори қазоқистонӣ Дилором Алкин президенти Конгресси умумиҷаҳонии уйғӯрҳо Робия Қодир тавассути телефон аз Вашингтон ҷавоб додааст.

-Робия хонум, ҳукуматдорони чиноӣ шуморо дар ташкилу маблағгузории ошӯбҳои мардумӣ дар Урумчӣ ва ҳамчунин дар иртибот бо созмонҳои байналмилалии террористӣ муттаҳам мекунанд. Оё ин рост аст?

-Ин дурӯғ аст. Ман ҳеҷ вақт ошӯбҳои Урумчиро маблағгузорӣ ва ташкил накардаам. Фаҳмост, ки барои чӣ ҳукуматдорони чиноӣ дар ҳодисаҳои рухдода маҳз маро гунаҳкор меҳисобанд. Ман муқобили сиёсати ҳукуматдорони Чин сухан мегуфтам. Дар округи мухтори Синтзян-Уйғур (ҳарчанд номи аслии сарзамини мо Туркистони Шарқӣ ва ё Уйғуристон аст, на Синтзян) ҳукумати Чин ба мо гап задан бо забони модарӣ ва таваллуд кардани фарзандҳоро иҷозат намедиҳад.

Духтарҳои моро ба дарунтари кишвар равон мекунанд ва маҷбур менамоянд, ки бо чиноиҳо хонадор шаванд. Уйғурҳо дар он ҷой ҳуқуқи ишғол кардани мансабҳои давлатиро надоранд. Ба мо иҷозат намедиҳанд, ки аз дини худ - Ислом пайравӣ кунем. Онҳо умуман фарҳанги моро маҳв месозанд. 

Масалан, бо фармони ҳукуматдорони чиноӣ дар Қошғар яке аз қадимтарин ёдгории фарҳангии уйғурҳо "Миной" ("Ҳазор ғор"), ки таърихи беш аз 5-ҳазорсола дорад, несту нобуд карда шудааст. Онҳо ин ёдгории меъмории беназирро ба вайрона табдил додаанд.

Ҳамчун вакили Маҷлиси умумичиноии намояндагони халқ ман дар парлумон ҳукуматдорони чиноиро зери танқиди шадид қарор додам. Дар ҷавоби ин онҳо маро дар барангехтани низоъи байналмиллалӣ муттаҳам карданд. Ман муқобили халқи чиноӣ нестам, ман муқобили сиёсати Пекин мебошам. Мардуми оддии чиноӣ ин ҷо гуноҳе надоранд. Мехоҳам, ки халқи ман бо чиноиҳо дар сулҳу ризоят зиндагӣ дошта бошад. Соли 1949, вақте ки сарзамини уйғурҳо ба ҶМЧ ҳамроҳ карда шуд, ҳукуматдорони чиноӣ ваъда доданд, ки мо мисли уйғурҳои Қазоқистон ё ӯзбекистон зиндагӣ мекунем. Ҳеҷ кас ба фарҳанги мо мудохила намекунад ва бо аҳолии чиноӣ ассимилятсия наменамояд. Вале онҳо ба қавли худ вафо накарданд. 

Баръакс, онҳо моро ба ҷойҳои дигар кӯчонданд ва маҷбур намуданд, ки ҳатто байни худ бо забони чиноӣ сӯҳбат кунем. Аз қазоқҳои муқими он ҷо беҳтарин чарогоҳҳоро кашида гирифта буданд. Тамоми зиёиҳоро ба маҳбасҳо кашиданд ва баъдтар парронданд. Ман дар ин бора ба тамоми ҷаҳон хабар додам. Аз ин рӯ онҳо маро чашми дидан надоранд. Ман аз ҳукуматдорони Чин талаб кардам, ки ҳуқуқҳои уйғурҳо ва миллатҳои дигари муқими он ҷойҳоро барқарор намоянд. Дар ҷавоби ин ҳукуматдорони чиноӣ ба таъқиби ман пардохтанд. 

Онҳо маро аз ҳама чиз: хона, оила, бизнес маҳрум карданд. Ду писарамро ба маҳбас равон намуданд. Худи маро ба ифшои "сирҳои давлатӣ" гунаҳкор карда, ба ҳабси ҳаштсола маҳкум намуданд. Маро "террорист" эълон карданд. Ҳарчанд ин ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. Ман ҳеҷ вақт узви ягон созмони террористӣ набудам ва нестам. Зидди терроризм мебошам. Мехоҳам, ки дар ҷаҳон сулҳу оромӣ ва ризоият ҳукмрон бошад. Ман аз ҳукуматдорони чиноӣ танҳо як талаб дорам: дигар халқи уйғури маро накушед ва несту нобуд накунед.

-Моҳи июл дар Урумчӣ чӣ ҳодиса рӯй дод? Сабабгори он бетартибиҳои оммавӣ киҳоянд?

-5-уми июл уйғурҳо дар кӯчаҳои Урумчӣ ба намоиши осоишта баромаданд ва аз ҳукуматдорони чиноӣ талаб карданд, ки ҳодисаи дар фабрикаи бозичаҳои вилояти Гуандун рухдодаро тафтиш намоянд. Дар ин ҷо байни уйғурҳо ва намояндагони халқияти хан - калонтарин гурӯҳи қавмии Чин занозании оммавӣ доир шуда буд. Аксарияти намоишгарони уйғур дар даст парчамҳои Чинро доштанд. Бори дигар таъкид мекунам, ки ин намоиши эътирозӣ характери осоишта дошт.

Ҳукуматдорони чиноӣ худашон зиддияти байниқавмиро таҳрик доданд. Кормандони пулис либосҳои мулкӣ пӯшида занҳову мардҳо, кӯдакон ва пиронсолонро мурданивор бо калтаки резинӣ лату кӯб кардаанд. Уйғурҳо дар ҳайрат монданд, ки барои чӣ халқи мисли онҳо оддии чиноӣ ба муқобили онҳо хестаанд. Онҳо нафаҳмиданд, ки эшон кормандони пулис буданд… Баъди ин ошӯби оммавӣ оғоз гардид. Ҳамин тариқ намоиши осоишта ба задухӯрди оммавии хунин табдил ёфт.

Бетартибиҳо дар Урумчӣ тамоми рӯз идома ёфтанд. Ҳукуматдорони чиноӣ шабона дар тамоми шаҳр қувваи барқро хомӯш ва алоқаи мобилиро қатъ намуданд. Бо фармони ҳукуматдорони чиноӣ ба кӯчаҳои шаҳр танкҳоро бароварданд ва онҳо намоишгаронро пахш намуданд. Шоҳиди ҳодиса, яке аз хабарнигорҳои инглис, навиштааст, ки дар майдонҳо хун мисли дарё ҷорӣ буд. Дар болои бомҳои биноҳо садҳо нафар снайперҳо нишаста буданд. Субҳи рӯзи дигар дар кӯчаҳои шаҳр мошинҳои боркаш бо кормандони пулис мегаштанд ва мурдаҳоро ҷамъ мекарданд. Ҷасадҳои намоишгаронро дар куҷо сӯзонданд, то ҳол барои мо маълум нест.

-Аслан ҳангоми ошӯбҳои мардумӣ чанд нафар ба ҳалокат расида бошанд?

-Аз аввал гуфтанд, ки дар натиҷаи бетартибиҳо 188 уйғур ва 80 намояндаи халқи хан ҳалок шудаанд. Вале ин ададҳо дуруст нестанд. Шумораи ҳалокшудагон ба маротиб зиёдтар аст. Аз тариқи шабакаи телевизионии "Би-би-си" сужетеро намоиш доданд, ки субҳи рӯзи дигар занҳо ба ҷустуҷӯйи шавҳару писарони худ баромада буданд. Танҳо аз як хонавода панҷ нафар беному нишон ғайб зада буданд.

Дар гум шудани онҳо ҳукумати Чин гунаҳкор аст. Ман мақсад дорам, ки ба СММ ва созмонҳои дигари байналмилалии ҳомии ҳуқуқ муроҷиат намоям ва тафтиши ин ҳодисаи хунинро талаб кунам, то Пекин барои ин рафтори худ ҷавоб гӯяд.

Мо - уйғурҳоро аллакай дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ намуданд. Дар Туркия, Белгия, Норвегия, Ҳоланд, Олмон, Ҷопон, Арабистони Саудӣ ва ғайраҳо намоишҳои эътирозӣ баргузор шуданд.

Ман хабар дорам, ки дар Қазоқистон барои уйғурҳои ҳалокшуда мотами 40-рӯза эълон шудааст. Барои ин арзи сипос мекунам. Фарҳанги қазоқҳо, ӯзбекҳо, туркҳо, озариҳо, тоторҳо, қирғизҳо ва уйғурҳо ба ҳам хеле монанд аст. Ҳамаи мо аз як гурӯҳи туркзабонем. Мо, уйғурҳо, ҳам мехоҳем мисли қазоқҳо озодии худро дар даст дошта бошем.

-Шумо аллакай перомуни вайрониҳо дар шаҳри бостонии Қошғар нақл кардед… Чанде пеш дар ВАО-и хориҷӣ хабар додаанд, ки мехоҳанд шаҳрро тамоман хароб кунанд.

-Қошғар таърихи бештар аз панҷҳазорсола дорад. Аз замонҳои қадим ин шаҳр пойтахт ва гаҳвораи туркҳо ба ҳисоб меравад. Дар асрҳои миёна шаҳри мазкур яке аз муҳимтарин нуқтаи тиҷоратӣ дар Роҳи бузурги абрешим будааст. Аз он ҷой корвонҳо ба ғарб - водии Фарғона, ба ҷануб - Ҷамму Кашмир, ба шимол -Урумчӣ мерафтаанд. Агар ҳукуматдорони чиноӣ ин шаҳри қадимаву зеборо несту нобуд карда тавонанд ҳам, фарҳанги халқи уйғурро бо булдозер решакан кардан муяссарашон намешавад. Мо шаҳрро ҳатман барқарор хоҳем кард.

-Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки чӣ буд он "сирҳои давлатӣ", ки барои ифшояш шуморо дар Чин ҳашт сол аз озодӣ маҳрум намуданд?

-Соли 1997 дар Чин садҳо нафар уйғури бегуноҳро куштанд. Ман ҳамаи инро дар дастгоҳи наворбадорӣ сабт намудам ва ба оламиён намоиш додам. Барои ҳамин ҳукуматдорони чиноӣ маро дар ифшо кардани "сирҳои давлатӣ" муттаҳам карданд. Барои ман хеле аҷиб аст: куштори одамон акнун сирри давлатӣ шудааст? Ман муддати начандон зиёд дар маҳбаси чиноӣ будам. 

Танҳо баъди дахолати Кондолиза Райс (котиби давлатии собиқи ИМА - ҚазТАГ) маро озод карданд. Баъди он ки ба Амрико ҳиҷрат намудам, ҳукуматдорони Чин маро дар терроризм ва ташкили бетартибиҳои оммавӣ муттаҳам намуданд. Писарони ман дар Чин монданд. Баъди аз кишвар берун рафтани ман онҳоро зиндонӣ карданд, танҳо ба он хотир, ки ман Пекинро танқид мекардам. Тақдири ду писари ман ин тақдири халқи ман аст. Мисли онҳо ҳазорҳо фарзандони уйғурӣ дар паси панҷараҳои зиндонанд.

-Дирӯз аз телевизиони Чин намоиш доданд, ки занҳои уйғур сарбозонро бо палав ва манту меҳмондорӣ мекунанд ва чиноиҳо ҳамчун нишони оштӣ бо забони уйғурӣ суруд мехонданд…

-Агар уйғурҳо аз меҳмондории сарбозоне, ки ба муқобили бачаҳои онҳо тир андохтаанд, саркашӣ намоянд, онҳоро ҳам чунин қисмат интизор хоҳад буд. Як воқеа ба хотирам меояд. Як сарбози чиноӣ панҷ кӯдакро кушт. Рӯзи дигар сужетеро нишон доданд, ки модари онҳо дастони қотилро мебӯсад… Одамон метарсанд ва ҳар кореро, ки онҳо мефармоянд, иҷро мекунанд.

 Маълумоти ҚазТАГ:

Робия Қодир соли 1947 дар Ҷумҳурии Туркистони Шарқӣ (ҳоло округи Синтзян-Уйғур дар ҳайати ҶМЧ) таваллуд шудааст. Соли 1990, баъди соҳибкори бобарор шудан дар саҳнаи сиёсии Чин мавқеи ҷиддии сиёсӣ пайдо кард ва узви парлумони кишвар шуд. Соли 1999 "барои ифшои асрори давлат" аз озодӣ маҳрум гардид. Соли 2005 аз зиндон озод гардида, ба ИМА муҳоҷират кард ва дар он ҷой бизнеси худро идома доду ҳамчунин ба фаъолияти ҳомии ҳуқуқи башар пардохт. Соли 2006 президенти Конгресси умумиҷаҳонии уйғурҳо интихоб гардид. Робия Қодир чаҳор маротиба ба Ҷоизаи Нобел пешбарӣ шудааст.

Тарҷума аз ҳафтаномаи «Дунё», 
30 июли соли 2009



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi