10:45:38 23-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НЕРӮҲОИ РУСИЯ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН АФЗОИШ МЕЁБАД

Дмитрий Медведев ва Қурмонбек Боқиев бо имзои як санад роҳро барои афзоиши ҷузъу томҳои иловагии Русия дар Қирғизистон боз намуданд.

Ёддошти тафоҳум, ки имрӯз дар шаҳри Бишкек ба имзо расид, истиқрори як баталйон нерӯҳои иловагии низомии Русия дар хоки Қирғизистон барои мӯҳлати 49 сол ва ҳамчунин ифтитоҳи маркази омӯзиши низомиёни ду кишварро дар назар дорад. Бино ба ин санад, ҷонибҳо то 1-ми ноябри соли ҷорӣ созишнома дар бораи таъсиси пойгоҳи нави низомии Русия дар Қирғизистонро омода ва имзо хоҳанд кард. 

Бо имзои ин санад дуввумин пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон бунёд хоҳад шуд. Пойгоҳи дигари ҳавоии Русия дар 30-километрии шаҳри Бишкек мустақар шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи сарусадоҳо дар бораи имкони ифтитоҳи боз як пойгоҳи низомии Русия дар ҷануби Қирғизистон ҳукумати Узбакистон вокуниши манфӣ нишон дода буд. 

Бархе аз коршиносони қирғиз ифтитоҳи як пойгоҳи нав дар Қирғизистонро бар нафъи ин кишвар унвон кардаанд. Эдил Байсалов, як коршиноси қирғиз, мегӯяд, ки бо пойгоҳи нав сармояҳои зиёд ба кишвар ворид хоҳад шуд ва вазъи артиши Қирғизистон беҳбуд хоҳад ёфт.

Таҳлилгари масоили сиёсии Қирғизистон Улҷабой Қаратаев мегӯяд, ташаннуҷи авзоъ дар минтақа ҳукумати Бишкекро барои ифтитоҳи ин пойгоҳ водор кардааст. Гуфтушунидҳои раисони ҷумҳурии Русия ва Қирғизистон дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) сурат мегирад.

Яке аз мавзӯъҳои калидии гуфтушунидҳо дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Бишкек масъалаҳои марбут ба амнияти Осиёи Марказӣ унвон шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi