12:46:21 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ФАТВОИ АФВИ ҲУСНӢ МУБОРАКРО ИСРОИЛ СОДИР КАРДААСТ!

Яке аз рӯзномаҳои мисрӣ, аз талоши Хохом Удфодиё Юсуф барои судури фатвоҳои шаръӣ ҷиҳати афви Ҳусни Муборак хабар дод. Ин дар ҳолест, ки мудири кулли  дафтари иттлоърасонии шайхул-Азҳар, дарёфти  ҳаргуна мукотаба аз сӯи Удфодиё Юсуф, Хохоми исроилӣ дар бораи афви раисҷумҳури махлуъи Мисрро рад ва таъкид кард, ин ки тарафҳои Исроилӣ ба худ иҷозат диҳанд, дар бораи масоили Миср фатво содир кунанд, ғайри қобили қабул  ва бо ин масъала ба шиддат мухолиф аст.

khosni-mubarakБа гузориши пойгоҳи иттилоърасонии шабакаи хабарии «Ал-Олам», шайхул-Азҳар таъкид кард: Дастгоҳи қазоии Миср қобили эътимод ва дар ин хусус аз истиқлоли комил бархурдор аст. Масъули аршади Кумитаи ҳамоҳангии инқилоби Миср низ дирӯз, дар хусуси талоши бархе гурӯҳҳо барои ба хушунат кашонидани тазоҳуроти миллионие, ки қарор аст ҷумъаи оянда, бо ҳузури  гурӯхҳои сиёсӣ, дар майдони Ат-таҳрир баргузор шавад, ҳушдор дод.

Дуктур Ассом Низомӣ, узви Кумитаи ҳамоҳангии  инқилоби мардумии Миср ба хабаргузории «Аш-Шарқулавсат»-и  Миср гуфт: иттилоъои расида ҳокӣ аз он аст, ки афроде дар садади эҷоди даргирӣ байни мардум ва нерӯҳои мусаллаҳ дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъаи оянда, ҳастанд.

Низомӣ бо ишора ба талоши бархе тарафҳои хориҷӣ барои мудохала дар умури дохилии Миср гуфт: гурӯҳҳои сиёсии Миср дар бораи ҳаргуна тарҳ ҳушёр ҳастанд ва ҳамвора бар ҳимояти худ аз Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳ ва давлат ва талошҳои ин ниҳодҳо барои наҷоти кишвар аз ин вазъ таъкид доранд.

Ҳизби эътилофи Миср (таҳти таъсис) низ дар баёнияе бо ҳимоят аз тазоҳуроти ҷумъаи оянда, бар зарурати муҳокамаи фаврии Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури сарнагуншудаи Миср, таъкид кард. Ин ҳизб дар баёнияи худ, баргузории интихобти парлумонӣ, таъйини Шӯрои раёсатҷумҳурӣ бо ҳузури шахсиятҳои миллӣ барои раҳбарии кишвар ва низ тадвини қонуни асосиро хостор шуд.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi