16:37:24 02-уми Июни 2025 сол

ВАЗИРИ НАФТИ ЛИБӢ "ДАВЛАТРО ТАРК КАРДААСТ"

Шукрӣ Ғоним, вазири нафти Либӣ, кишварашро тарк карда ва бархе гузоришҳо ҳокист, ки ӯ қасди паноҳандагӣ дорад. Мақомҳои тунисӣ мегӯянд оқои Ғоним, ки замоне нахуствазир буд, ибтидо аз роҳи заминӣ вориди Тунис шуд ва баъд ба ҷазираи Ҷербо рафт.

ghanem_32521212.jpgЯк сухангӯйи мухолифони мусаллаҳи Либӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки вазири нафт бо пушт кардан ба давлати Либӣ дар роҳи як кишвари урупоӣ аст. Давлати Либӣ гуфт, ки оқои Ғоним дар сафаре расмӣ ба Тунис ба сар мебарад, аммо акнун тамоси таробулус бо ӯ қатъ шудааст.

Андру Нурт, хабарнигори Би-би-сӣ дар Таробулус, мегӯяд агар хабари фирори оқои Ғоним таъйид шавад, ӯ баландпоятарин мақом аз замони фирори Мусо Кусо, вазири хориҷа, дар моҳи март хоҳад буд, ки давлати Либиро ингуна тарк мекунанд. Оқои Кусо ба Бритониё паноҳанда шуда буд. Як мақоми тунисӣ ба Хабаргузории Фаронса гуфт: "Шукрӣ Ғоним Либиро тарк кардааст."

Ин мақом афзуд, ки Ғоним ба меҳмонхонае дар Ҷербо рафтааст, аммо "саъй накардааст бо мақомҳои тунисӣ тамос бигирад." Як сухангӯйи Шӯрои Миллии Интиқол, ки тавассути мухолифон эҷод шуда, дар Бритониё ба Би-би-си гуфт: "Оқои Шукрӣ Ғоним фирорӣ шудааст. Фикр меунам акнун, ки мо сӯҳбат мекунем, ӯ дар як кишвари урупоӣ мунтазири интиқол ба ҷойи дигаре бошад."

Мусо Иброҳим, сухангӯйи давлати Либӣ, гуфт, ки тамоси Таробулус бо оқои Ғоним қатъ шудааст. Оқои Иброҳим ба рӯзномаи Ню-Йурк Тоймз гуфт, ки набарди давлат бо мухолифон "ба афрод бастагӣ надорад, ҳатто агар мақомҳои баландпоя бошанд."

Иттиҳооти ҷиноёти ҷангӣ

Оқои Ғоним ҳамчунин сарпарасти ширкати миллии нафти Либӣ аст. Як рӯз пештар додситони аршади Додгоҳи Кайфарии Байналмилалӣ хоҳони судури ҳукми боздошт барои Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, ва ду нафари дигар, ба иттиҳоми ҷинот алайҳи башарият шуда буд.

Ба гуфтаи Луис Мурену-Укомпу, Муъаммар Қаззофӣ, писараш Сайфулислом ва Абдуллоҳи Сонусӣ, раиси иттилоъот ва амнияти Либӣ, бештарин масъулиятро дар қиболи ҳамалоти густарда ва муназзам ба шаҳрвандони ин кишвар доранд.

Давлати Либӣ дар вокуниш гуфтааст, ки аҳаммияте барои ин дархост қоил нест ва монанди бисёре дигар аз кишварҳои офриқоӣ ва Омрико ин додгоҳро ба расмият намешиносад ва ба ҳамин далел эъломияҳои онро нодида мегирад.

Оқои Мурену-Укомпу гуфтааст, ки баъд аз баррасии 1200 мадрак ва мусоҳиба бо панҷоҳ шоҳиди айнӣ ва шаҳрвандони дохили Либӣдархости судури ҳукми боздошти масъулони ҷимноёти ҷангиро ба қазовати додгоҳ барои расидагӣ ироа додааст. Додгоҳи Байналмилалӣ мегӯяд, ки ин се нафар мазнунон ба қатлу шиканҷаи мардуми Либӣ шинохта шудаанд, ки тибқи асосномаи додгоҳ ҷузви ҷиноёти ҷангӣ ба шумор меояд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854