16:10:13 01-уми Июни 2025 сол

МАҶЛИСИ ПОКИСТОН АМАЛИЁТИ ҚАТЛИ БИН ЛОДИНРО МАҲКУМ КАРД

Маҷлиси Покистон амалиёти қатли Бин Лодин ва ҳамалоти ҳавопаймоҳои бехалабони Амрикоӣ дар қаламрави ин кишварро маҳкум кардааст. Намояндагони маҷлиси ин кишвар рӯзи 14 май дар ҷаласае тӯлонӣ дар пайи амалиёти таковарони омрикӣ ва кушта шудани Усома бин Лодин хостори бознигарӣ дар равобити ин кишвар бо Амрико шудаанд.

 pakistan_323232.jpg

Дар ин ҷаласа аъзои маҷлиси Покистон ҳамчунин хостори анҷоми таҳқиқоте мустақил дар мавриди амалиёти қатли Бин Лодин шудаанд. Ин амалиёт рӯзи 2 май дар шаҳри Абетобод, дар фосилае начандон дур аз Исломобод, пойтахти Покистон, анҷом шуд.

Онҳо ҳамчунин мамнӯъияти убури корвонҳои НОТУ аз қаламрави Покистонро, дар сурате ки Амрико ба ҳамалоти худ тавассути ҳавопаймоҳои бехалабон поён надиҳад, тасвиб кардаанд. Ин ҷаласа пас аз ду мавриди бумбгузории рӯзи ҷумъа дар шимоли ғарби Покистон, ки дастикам 80 нафар кушта ва 120 захмӣ барҷо гузошт, доир мешавад.

Равобити пуртаниш

Ҷунбиши Толибони Покистонӣ масъулияти ин бумбгузориҳоро ба ӯҳда гирифта ва гуфтааст, ки ин ҳамла барои хунхоҳии Бин Лодин анҷом шудааст. Ин маргбортарин ҳамла алайҳи нерӯҳои амниятии Покистон дар соли милодии ҷорӣ маҳсуб мешавад.

Гузоришгарон мегӯянд, ки амалиёти рӯзи 2 май алайҳи раҳбари Алқоъида дар Абетободи Покистон ба таври бесобиқае бар равобити Вошингтун ва Исломобод соя андохтааст. Аъзои Кунгреи Амрико аз Вошингтун хостаанд милёрдҳо дулор кумак ба Исломободро қатъ кунад. Онҳо мегӯянд бархе аз мақомҳои покистонӣ аз ҳузури Бин Лодин дар кишварашон огоҳ будаанд.

Маҷлиси Покистон рӯзи шанбе эълом кард, ки амалиёти Амрико дар ин кишвар ҳокимият ва истиқлоли Покистонро нақз мекунад. Қатъномаи маҷлис дар ин бора пас аз нишасте 10-соъата ва таҳти тадобири шадиди амниятӣ тасвиб шуд.

Дар бахше аз ин қатънома, ки хабаргузории Фаронса (AFP) мунташир карда, омадааст: "Мардуми Покистон дигар чунин иқдомотеро таҳаммул нахоҳанд кард ва такрори чунин иқдомоти якҷониба метавонад паёмадҳои хатарборе барои сулҳ ва амният дар минтақа ва ҷаҳон дошта бошад."

Алим Мақбул, гузоришгари Би-би-сӣ дар Исломобод, мегӯяд дар ҳеч як аз асноди тозае, ки маҷлиси Покистон дар пайи қатли Бин Лодин тасвиб кард, мавзӯъи ҳузури раҳбари Алқоъида дар ин кишвар матраҳ нашудааст.

Ба ҷойи ин, аъзои порлумон фақат дар бораи равобити Покистону Амрико баҳсу гуфтугӯ кардаанд. Дар қатъномаи тасвибшуда, аъзои порлумон амалиёти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрикоӣ ва он чи "корзори бадномсозии Покистон" мехонанд, башиддат маҳкум кардаанд.

Ба рағми интиқодоти густарда дар бораи нерӯҳои амниятии Покистон, аъзои маҷлиси ин кишвар итминони комили худро нисбат ба ин нерӯҳо иброз доштаанд.

"Нопазируфтанӣ"

Дар ин қатънома ҳамчунин ҳамлаи ҳавопаймоҳои бехалабони Амрикоӣ ба ситезаҷӯён дар манотиқи кӯҳистонии ҳаммарз бо Афғонистон "ғайри қобили қабул" хонда шудааст. Аъзои порлумон гуфтаанд, ки ин ҳамалот бояд мутаваққиф шавад, вагарна давлат бояд ҳамлу нақли корвонҳои НОТУ аз тариқи ин кишвар ба Афғонистонро мутаваққиф кунад.

Бар асоси баровардҳои анҷомшуда, дар соли гузашта беш аз 100 амалиёт тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрикоӣ дар Покистон анҷом шудааст. Гузоришгарон мегӯянд, ки Исломобод талвеҳан аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бехалабони Амрикоӣ ҳимоят мекунад, ҳарчанд раҳбарони Покистон ин мавзӯъро ҳамвора такзиб кардаанд.

Дар моҳҳои ахир мақомҳои аршади амниятии Покистон дар муқобили хашми умумӣ аз кушта шудани ғайринизомиён фишорҳо барои маҳдуд кардани ин гуна ҳамалотро бештар кардаанд. Дар ҷаласаи порлумони Покистон фармондеҳони артиш барои тавзеҳ додан дар бораи амалиёти Амрико дар ин кишвар, ки қатли Бин Лодин мунҷар шуд, ҳузур ёфтаанд.

Женерол Аҳмад Шуҷоъ Пошо, раиси созмони амниятии артиши Покистон, ба аъзои маҷлис гуфт, ки пас аз амалиёти кумондуҳо ё таковарони Амрикоӣ ва кушта шудани Бин Лодин, аз симати худ истеъфо дода, вале нахуствазир истеъфояшро напазируфтааст.

Фирдавс Ошиқ Авон, вазири иттилоъоти Покистон, гуфт, ки женерол Шуҷоъ Пошо ба маҷлиси ин кишвар эълом карда, ки ҳамаи масъулиятро ба ӯҳда мегирад. Раҳбарони Покистон исрор доранд, ки дар бораи ҳузури Бин Лодин дар кишварашон ҳеч иттилоъе надоштаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854