ДИДОРИ БАРАК ОБАМА БО ТИМИ АМАЛИЁТ БАРОИ ҚАТЛИ БИН ЛОДИН
Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, ва муъовинаш Ҷӯ Бойден бо гурӯҳи таковароне, ки рӯзи якшанбеи гузашта дар юриш ба муҷтамаъи маскунии Усома бин Лодин ширкат доштанд, дидор ва онҳоро ситоиш кардаанд. Дидори хусусии онҳо бо тими шашуми кумондуҳои (таковар, спетсназ) нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида рӯзи ҷумъа дар пойгоҳи Фурт Кемпел, воқеъ дар иёлати ҷанубии Кентукӣ, анҷом шуд.
Оқои Обама ба ин афрод, ки ҳувияти онҳо маҳрамона боқӣ монда, муҳиммтарин медоли ифтихори низомии Амрикоро эъто кардааст. Вай ҳамчунин тайи нутқе дар ҷамъи сарбозони Фурт Кемпел гуфт: "Онҳо ба таври хастагинопазир барои ин маъмурият тамрин карданд. Вақте ки дастур додам, онҳо омода буданд."
Амалиёти рӯзи якшанбеи гузашта дар Абетободи Покистон ба кушта шудани Бин Лодин ва чанд тан аз наздикони вай мунҷар шуд. Барак Обамаин амалиётро яке аз муҳиммтарин маъмуриятҳои низомӣ дар таърихи Амрико донист. Ӯ ҳамчунин дар бораи шабакаи Алқоъида гуфт: "Мо сари онҳоро қатъ кардем ва саранҷом ононро шикаст хоҳем дод."
Нақшаи ҳамлаи муҷаддад
Расонаҳои Амрико гузориш додаанд, ки Усома бин Лодин пеш аз марг дар садади созмондеҳии ҳамалоти тозае дар Амрико будааст. Бино бар ин гузоришҳо, мадорике дар муҷтамаъи маскунии Бин Лодин дар Покистон ёфт шудаанд, ки нишон медиҳанд вай ба муносибати даҳумин солгарди воқеъаи 11 сентябр нақшаи ҳамла ба аҳдофе дар Амрикоро дар дасти тарроҳӣ доштааст.
Бар асоси ин мадорик, яке аз нақшаҳо ҳамла ба хутути роҳи оҳан дар Амрико будааст. Ин дар ҳолест, ки мақомҳои иттилоъотии (ҷосусӣ) Амрико аз пеш шавоҳиде мабнӣ бар ҳамла ба ин гуна аҳдоф дар даст надоштанд.
Созмони Иттилоъоти Марказии Амрико (СИО) пеш аз ин эълом карда буд, ки дар ҳоли баррасии шумори зиёде аз мадорик ва ҳорддискҳои компютерӣ, дивидӣ ва таҷҳизоти захираи иттилоъот аст, ки аз маҳалли зиндагии Бин Лодин ба даст омадааст.
Ин созмон ҳамчунин гуфт, ки аз моҳҳо пеш аз анҷоми амалиёт ин муҷтамаъи маскунӣ дар Абетободро таҳти назар доштааст. Оқои Обама рӯзи панҷшанбе бо сафар ба Ню-Йурк аз маҳалли ҳамалоти 11 сентябр боздид кард ва барои адои эҳтиром ба ҳудуди се ҳазор қурбонии он воқеъа ҳалқагуле бар бинои ёдбуди онон гузошт.
Вокуниши Алқоъида
Бар асоси баёнияе, ки дар вебсойти гурӯҳҳои исломгаро мунташир шуда, шабакаи Алқоъида "марги Усома бин Лодин", раҳбари ин гурӯҳро, таъйид кардааст. Дар ин баёния навишта шуда, ки хуни вай "ҳадар нахоҳад рафт" ва Алқоъида ба ҳамалоти худ ба Амрико ва муттаҳидонаш идома хоҳад дод.
Дар ин баёния омадааст, ки марги Бин Лодин Амрикоро "нафрин" мекунад. Ин баёния хостори шӯриш дар Покистон шудааст. Тазоҳуркунандагон рӯзи ҷумъа дар саросари Покистон алайҳи куштани Усома бин Лодин даст ба эътирозоте задаанд. Гузоришҳо ҳокист, ки наздик ба ҳазор нафар баъд аз маросими намози ҷумъа дар маркази Абетобод гирдиҳам омаданд.
Онҳо чархи худравҳоро ба оташ кашиданд ва зимни масдуд кардани ҷоддаи аслӣ шиъори "Марг бар Амрико" ва "Терурист, терурист, Амрико, терурист" сар доданд. Эҳсосоти зиддиАмрикоӣ дар тазоҳуроти мушобеҳе, ки дар шаҳри Кувета, маркази иёлати Балучистон, дар ҷануби ғарбии Покистон, баргузор шуд, мушоҳида шудааст.
Би-Би-Си