АМРИКО ТАСВИРИ ҶАСАДИ БИН ЛОДИНРО МУНТАШИР НАМЕКУНАД
Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, ба шабакаи Си-би-эс гуфтааст, ки акси ҷасади Усома бин Лодин, раҳбари гурӯҳи Алқоида, мунташир нахоҳад шуд. Оқои Обама рӯзи чаҳоршанбе ба ин шабака гуфт, ки тасмим гирифтааст аксҳои ҷасади бин Лодинро, ки барои таъйиди ҳувияти ӯ пас аз куштанаш дар соъоти аввалияи рӯзи душанбе гирифта шуда буд, мунташир накунад.
Пештар мақомҳои Амрикоӣ гуфта буданд, ки аксҳо аз ҷасади раҳбари Алқоида "ҳавлнок" аст ва мумкин аст эҳсосоти беархеро таҳрик кунад. Пас аз изҳороти оқои Обама, Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, гуфт раиси ҷумҳури Амрико мӯътақид аст аксҳо набояд абзори "таҳрику таблиғ" бишавад.
Вай афзуд давлати Амрико вокунишҳои ҷаҳонро зери назар доштааст ва тардиде нест, ки Алқоида бовар дорад, ки Усома бин Лодин мурдааст. Ӯ ба нақл аз оқои Обама гуфт: "Афроде ҳастанд, ки ин (марги Бин Лодин)-ро рад мекунанд. Воқеъият ин аст, ки шумо дигар Бин Лодинро дар ҳоли роҳ рафтан бар рӯйи замин нахоҳед дид."
Оқои Корнӣ гуфт раиси ҷумҳури Амрико мӯътақид аст, ки интишори тасовир хатаре барои амнияти миллӣ хоҳад буд ва тими ӯ низ бо ин назар мувофиқ аст. Леун Понто, раиси Созмони иттилоъотии Амрико (СРУ), гуфта буд тасовири ҷасади Бин Лодин дар мароҳиле мунташир хоҳад шуд.
Тасмими оқои Обама дар ҳоле эълом мешавад, ки коршиносони Амрикоӣ дар ҳоли баррасии мадорике ҳастанд, ки кумондуҳои ин кишвар ҳангоми ҳамла ба маҳалли иқомати Усома бин Лодин ба даст оварданд.
Ҳамзамон Эрик Ҳулдер, вазири додгустарии Амрико гуфтааст, ки Усома бин Лоден, раҳбари гурӯҳи Алқоида, як ҳадафи низомии қонунӣ будааст. Ӯ ба кумитаи қазоии Маҷлиси сено гуфт, ки Бин Лодин барои таслим шудан ҳеҷ талоше накарда буд ва куштани ӯро "иқдоме дар дифоъ аз кишвар" тавсиф кард.
Амрико изъон кардааст , ки Бин Лодин ҳангоме ки кумондуҳои Амрикоӣ ба ӯ шиллик карданд, мусаллаҳ набуд. Мунтақидон нигарониҳое дар бораи қонунӣ будани он амалиёт матраҳ кардаанд.
Эрик Ҳулдер гуфт: "Агар таслим шуда буд ё агар барои таслим шудан талош мекард, фикр мекунам возеҳ аст, ки бояд онро мепазируфтем, аммо ҳеҷ нишонае аз ин ки ӯ мехост таслим швад, вуҷуд надошт ва дар натиҷа куштани ӯ дуруст буд"
Кохи Сафед рӯзи сешанбе ривояти худро аз он чи дар ҷараёни ҳамлаи кумондуҳои нерӯи дарёии Амрико ба муҷтамаъи маҳалли иқомати Бин Лодин рух дод, ислоҳ кард. Кохи Сафед ибтидо гуфта буд, ки Бин Лодин дар ҷараёни даргирӣ тир хӯрда ва кушта шуда буд. Дар он амалиёт даҳҳо кумонду бо ду чархбол аз Афғонистон ба шаҳри Абитобод рафтанд ва яке аз чархболҳоро, ки дар маҳал аз кор афтод, мунфаҷир карданд то ба дасти касе наафтад.
Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, дастури ҳамлаи рӯзи якшанберо, ки то соъоти нахусти субҳи душанбе ба вақти Покистон идома дошт, содир карда буд. Ӯ худ аз Кохи Сафед амалиётро лаҳза ба лаҳза дунбол мекард. Назарсанҷии Ню-Йурк тоймз ва Си-би-эс, ки чаҳоршанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, ки мизони маҳбубияти ӯ пас аз кушта шудани Бин Лодин 11 дасрад афзоиш ёфта ва ба 57 дарсад расидааст.
Ӯ қасд дорад рӯзи панҷшанбе аз маҳалли Маркази Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Ню-Йурк барои бузургдошти қурбониёни ҳамалоти 11 сентябр боздид кунад. Артиши Покистон таъйид кардааст, ки гурӯҳе зану кӯдакро, ки дар ҷараёни амалиёт дар маҳалли сукунати Усома бин Лодин буданд, дар ихтиёр гирифтааст.
Аттор Аббос, сухангӯйи артиши Покистон, гуфт онҳо дар маҳалле махфӣ дар шаҳрҳои Роволпендӣ ва Исломобод нигаҳдорӣ мешаванд. Баъзе аз бозмондагоне, ки дар асари исобати гулӯла захмӣ шудаанд, таҳти муъолиҷа ҳастанд, аммо ҷони ҳеҷ кадом дар хатар нест.
Бин Лоден, 54-сола, бунёнгузор ва раҳбари Алқоида буд. Тасаввур мешавад, ки ӯ дастури ҳамалот дар Ню-Йурк ва Вошингтун дар рӯзи 11 сентябри 2001 ва ҳамчунин шумори дигаре аз бумбгузориҳои маргборро содир карда буд.
Созмони иттилоъотии марказии Амрико ҳамакнун машғули муъоина ва баррасии маводду мадорике аст, ки дар ҳамла забт шудааст, ки аз ҷумла шомили ҳофизаи компютер, ди-ви-дӣ ва соири аснод мешавад.
Би-Би-Си