ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТ БАРАК ОБАМА ДАР МАВРИДИ ТЕРРОРИСТ УСОМА БИН ЛОДАН
Шоматон бахайр. Имшаб ман метавонам ба мардуми Амрико ва тамоми ҷаҳон бигӯям, ки Иёлоти Муттаҳида як амалиётеро пиёда сохтанд, ки дар натиҷаи он Усома бин Лодан, террористе, ки сабабгори марги ҳазорон марду зану кӯдакони бегуноҳ гаштааст, кушта шуд.

Қариб 10 сол муқаддам бадтарин ҳамла дар таърихи мардуми Амрико рӯзи равшани сентябриро ба шаби тор табдил дода буд. Аксҳои 11 сентябр дар хотираи миллати мо сахт нақш бастаанд: ҳавопаймоҳои ғасбшуда, ки самои абрноки сентябриро убур менамоянд; Бурҷҳои Дугоники ба замин афтанда; дуди сиёҳ, ки аз бинои Пентагон ба ҳаво мехезад; шикастапораҳои ҳавопаймои хатсайри № 93 дар маҳалли Шанксвил дар штати Пенсилвания, ки қаҳрамонии мусофиронаш тавонист маргу харобии аз ин ҳам зиёдтареро пешгирӣ намояд...
Вале аксҳои аз ин ҳам даҳшатноктар ҳамонҳоеанд, ки аз чашми мардуми дунё пинҳон мондаанд: ҷои холии наздикон дар сари дастархон; азоби кӯдаке, ки бе падар ё модар ба воя мерасад; волидайне, ки дигар ҳеҷ гоҳ ҷигарбанди худро наметавонанд ба оғӯш гиранд… Қариб 3000 нафарро аз мо рабуданду ба ҷояшон дар қалбҳои мо ҷароҳат гузоштанд. Вале 11 сентябри с. 2011, дар ҳамон рӯзи мотам, мардуми Амрико муттаҳид гашт. Мо ба ҳамсояҳоямон дасти ёрӣ дароз намудему барои маҷрӯҳон хун супурдем. Мо бори дигар муҳаббатамонро ба ҳамдигар, ба ҷомеа ва ба ватанамон собит намудем. Дар он рӯз мо ҳама аъзои як оила будем: новобаста аз он, ки аз аз кадом қавму нажодем, аз куҷо омадаему ба кадом Худо имон меоварем.
Мо ҳамчунин дар сари он ақидае муттаҳид шудем, ки ватанамонро бояд ҳимоя намоем ва гунаҳкорони ин ҳамлаи номардонаро ба ҷазо кашем. Мо ба зудӣ фаҳмидем, ки ҳодисаи рӯзи 11 сентябр кори дасти созмони Ал-Қоида бо сарварии Усома бин Лодан мебошад, ки ошкоро ба Иёлоти Муттаҳида ҷанг эълон намудаасту мақсад дорад мардуми бегуноҳи моро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар дигар манотиқи дунё ба қатл расонад. Аз ин рӯ, мо низ алайҳи Ал-Қоида ҷанг эълон намудем, то аз шаҳрвандонамону дӯстонамону шариконамон дифоъ намоем.
Ба шарофати меҳнати ҳамарӯзаву қаҳрамононаи ҳарбиён ва кормандони мақомоти зиддитеррористӣ мо дар тӯли ин 10 сол ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштем. Мо тавонистем, ки аз ҳамлаҳои террористӣ пешгирӣ намоему низоми бехатарии дохилиамонро пурқувват кунем. Дар Афғонистон мо тавонистем ҳукумати Толибонро, ки ба Бин Лодан ва Ал-Қоида паноҳ дода буд, сарнагун кунем. Дар дигар манотиқи дунё низ, дар якҷоягӣ бо дӯстону шариконамон, мо тавонистем як зумра аъзои Ал-Қоида, аз ҷумла онҳоеро, ки дар ҳодисаҳои 11 сентябр даст доштанд, дастгир намоем ва ё ба қатл расонем.
Вале Усома бин Лодан тавонист, ки раҳо ёбаду сарҳади Афғонистону Покистонро убур кунад. Ал-Қоида бошад амалиёти хешро дар ин марзи сарҳадӣ идома медоду созмонҳои зертобеаш дар манотиқи дигари дунё фаъолият мебурданд. Пас аз сари ҳукумат омадан ман ба Леон Панетта, мудири Хадамоти марказии иттилоотӣ, дастур додам, то дастгир кардан ё худ ба қатл расонидани Усома бин Лоданро вазифаи аввалиндараҷаи ҷанги мо бо Ал-Қоида намояд. Дар айни ҳол мо кӯшишҳоямонро барои заиф сохтану умуман шикаст додани ин шабака давом додем.
Ва ниҳоят, моҳи августи соли гузашта, пас аз меҳнати пурмашаққати бисёрсолаи кормандони хадамоти иттилоотӣ, ба ман дар бораи эҳтимолияти дастгир кардани бин Лодан маълумот доданд. Ин албатта як эҳтимолияте буд ва моҳҳои зиёде лозим шуд, то ин нақша ҷомаи амал пӯшад. Дар ин байн ман чандин маротиба бо аъзои гурӯҳи амнияти миллӣ вохӯрдам, то дар бораи дар як паноҳгоҳ дар умқи марзи Покистон пинҳон шудани бин Лодан маълумот ҷамъ оварем. Ниҳоят, ҳафтаи гузашта мо ба қароре омадем, ки дар ин бора маълумоти кофӣ дар даст дорем ва ман барои гузаронидани амалиёти дастгир ва ба ҷазо кашидани бин Лодан фармон додам.
Имрӯз, бо фармони ман, Иёлоти Муттаҳида як амалиёти вижаеро дар он бино дар шаҳри Абботободи Покистон пиёда сохт. Як гурӯҳи хурди амрикоиҳо ин амалиётро бо шуҷоату маҳорати фавқулодда гузаронид, ки дар он ягон нафар аз онҳо осеб надидааст. Ин гурӯҳ тамоми чораҳои заруриро дид, то касе аз мардуми ғайринизомӣ дар натиҷаи ин амалиёт зиён набинад. Дар натиҷаи оташфишонӣ онҳо Усома бин Лоданро ба қатл расониданду ҷисмашро ба даст оварданд. Дар тӯли ду даҳсола бин Лодан сарвар ва рамзи Ал-Қоида буду ба муқобили кишвари мо ва дӯстону шариконамон ҳамлаҳоро тарҳрезӣ менамуд. Марги бин Лодан бузургтарин муваффақияти кишвари мо то имрӯз дар ҷанг бо Ал-Қоида аст. Албатта, марги ӯ наметавонад нишони анҷом ёфтани кӯшишҳои мо бошад. Ҳеҷ шакке нест, ки Ал-Қоида ҳамлаҳои худро алайҳи кишвари мо давом хоҳад дод. Мо бояд ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он ҳушёриро аз даст надиҳем.
Бори дигар таъкид менамоем, ки Иёлоти Муттаҳида ба муқобили Ислом наҷангидааст ва нахоҳад ҷангид. Ман инро борҳо таъкид кардаам ва Президент Буш низ ба зудӣ пас аз 11 сентябр гуфта буд, ки ҷанги мо на ба муқобили Ислом аст. Бин Лодан ҳеҷ гоҳ пешвои мусалмонон набуд, балки вай як қотили мусалмонон буд. Воқеан ҳам Ал-Қоида теъдоди зиёди мусалмононро дар ҷаҳон, минҷумла дар кишвари мо, ба қатл расонидааст ва аз ин рӯ, марги ӯ аз ҷониби ҳамаи онҳое, ки ба сулҳу шарафи инсонӣ эътимод доранд, ба хушнудӣ пазируфта хоҳад шуд.
Дар тӯли ҳамаи ин солҳо ман такрор мекардам, ки ҳар гоҳ мо иттилоъ пайдо кунем, ки бин Лодан дар кадом минтақаи Покистон қарор дорад, мо ҳатман дар он ҷо амалиёт мегузаронем. Ва мо ин корро кардем. Қайд кардан зарур аст, ки мо дар бораи паноҳгоҳи бин Лодан да Покистон дар натиҷаи ҳамкориамон бо ин кишвар дар самти мубориза бо терроризм маълумот пайдо кардем. Дар асл бин Лодан алайҳи Покистон низ ҷанг эълон намуда буд ва тибқи фармони вай бар зидди мардуми Покистон ҳамлаҳо сурат гирифтаанд.
Имшаб ман ба Президент Зардорӣ занг зада будам. Гурӯҳи ман низ бо ҳамкорони покистониашон гуфтугӯ карда буданд. Мо ҳама бар онем, ки ин рӯз барои мардумони ҳарду кишвар як рӯзи хуби таърихӣ ба шумор хоҳад рафт. Ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки Покистон аз ин пас ҳам моро дар мубориза бо Ал-Қоида ва шабакаи он ҳамроҳӣ хохад кард. Ин ҷанг интихоби мардуми Амрико набуд. Онро ба мо бор карданд ва он аз куштори бемисли шаҳрвандони мо оғоз ёфт. Дар тӯли ин даҳ соли муборизаву қурбониҳо мо чӣ будани ҷангро ба хубӣ дарк кардем. Ҳар гохе, ки ман, ҳамчун сарфармондеҳ, мактуберо ба номи оилае имзо мекунам, ки ҷигарбанди худро дар ин ҷанг аз даст додаст ва ё ба чашми ҳарбие менигарам, ки дар ин ҷанг ҷароҳати марговар бардоштааст, бори ин ҷанг ба дӯши ман меафтад.
Ҳамин аст, ки мардуми Амрико қиммати ҷангро ба хубӣ дарк мекунанд. Мо ҳеҷ қабул надорем, ки амнияти кишварамон халадор шавад ва ҳеҷ гоҳ хомӯш намеистем, агар бинем, ки шахрвандони моро қатл мекунанд. Мо ба арзишҳое содиқ хоҳем монд, ки моро ба ин мартабаамон расонидаанд. Ва имшаб мо ба он хонаводаҳое, ки дар ин ҷанг бо Ал-Қоида наздикони худро аз даст додаанд, бо сари баланд метавонем гӯем: ҳақ ба ҳақдор расид! Имшаб мо назди ҳама он кормандони бешумори хадамоти иттилоотӣ ва зиддитеррористӣ, ки барои расидан ба ин натиҷа заҳмати зиёд кашидаанд, сари таъзим фуруд меорем. Меҳнати онҳо аз чашми мардуми Амрико пинҳон аст ва касе ҳатто номи онҳоро намедонад. Вале имшаб мардум аз натиҷаи кори онҳо, ки адолатро ҳукмфармо намудааст, қаноатмандӣ ҳосил намудаанд.
Мо ба онҳое арзи сипос мекунем, ки ин амалиётро пиёда сохтаанду намунаи касбият, ватандӯстӣ ва шуҷоат ҳангоми ҳидмат ба ватан гаштаанд. Онҳо намояндагони насли наве мебошанд, ки бори вазнини рӯзгори пас аз 11 сентябрро ба дӯш гирифтаанд. Ниҳоят, ман ба оилаҳое, ки дар он рӯзи мудҳиши 11 сентябр азизони худро аз даст додаанд, мегӯям, ки мо фоҷиаи шуморо фаромӯш накардаем ва ҳеҷ гоҳ дар пешгирӣ намудани чунин ҳамлаҳо дар хоки ватанамон аз разми хеш нагаштаем. Биёед имшаб он ваҳдатеро, ки моро пас аз 11 сентябр фаро гирифта буд, бори дигар эҳсос намоем. Ман албатта мефаҳмам, ки бо гузашти айём ин ҳиссиёт кунд мешавад, вале ғалабаи имрӯза нишони бузургии кишвари мо ва азми қавии мардуми Амрико мебошад.
Бунёди амнияти кишвари мо ба итмом нарасидааст, вале имшаб мо бори дигар собит намудем, ки Амрико қодир аст мақсади худро амалӣ созад. Ин як саҳифаест аз таърихи кишвари мо – таърихи кӯшишҳоямон барои пешрафти мардум; таърихи ҷидолҳоямон барои баробарии шаҳрвандон; таърихи дифоъ аз арзишҳоямон берун аз кишвар; таърихи қурбониҳоямон дар роҳи таъмини амният дар ҷаҳон. Мо бояд дар хотир дорем, ки ин ҳамаро на аз рӯи сарвату қудрат, балки аз он сабаб ба даст овардаем, ки мо як миллати, бо амри Худо, ҷудонашавандае ҳастем, ки мехоҳад ба ҳамагон озодиву адолат оварад.
Ташаккур аз шумо. Худо нигаҳбонатон бошад. Худо Иёлоти Муттаҳидаро дар паноҳаш нигоҳ дорад.
1 маи соли 2011
«Рӯзгор»