14:10:18 01-уми Июли 2025 сол

ҲУШДОРИ ДАВЛАТИ ЛИБӢ: ҚАБОИЛИ ВАФОДОР БА ҚАЗЗОФӢ ДАР МИСРОТА ВОРИДИ АМАЛ МЕШАВАНД

Давлати Либӣ ҳушдор дода, ки қабоили вафодор ба сарҳанг Қаззофӣ, раҳбари Либӣ дар сурате, ки артиш натавонад бар мухолифони мусаллаҳ дар Мисрота пирӯз шавад, вориди амал хоҳанд шуд. Холид Каъим, муъовини вазири хориҷаи Либӣ гуфтааст, ки “қабоили вафодор ба сарҳанг Қаззофӣ аз ин ки зиндагии мардуми ин шаҳр ба воситаи ин даргириҳо мухтал шуда, асабонӣ ҳастанд.”  қои Каъим афзуд, артиш то кунун дар набард бо шӯришиён аз равишҳои “ҳисобшуда” истифода карда, то омори талафот кам бимонад.

Либия010101Ӯ дар айни ҳол таъкид кард, дар сурате ки қабоили мусаллаҳ даргири ҷанг шаванд, чандон хештандорӣ аз худ нишон нахоҳанд дод. Ҷереми Боуен, хабарнигори Би-би-сӣ дар Либӣ мегӯяд, давлат пеш аз ин ҳам аз таҳдид ба қабоили маҳаллӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ истифода кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳукумати Либӣ ба шиддат мунзавӣ шуда ва дар садади ёфтани роҳи ҳалли диплумотик барои поён додан ба бӯҳрон аст.

Даргириҳо дар Мисрота ду моҳ аз ки ҷараён дорад ва то кунун теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ғайринизомӣ дар ин даргириҳо кушта шудаанд. Артиши Либӣ дар рӯзҳои гузашта бар ҳаҷми ҳамалоти худ дар Мисрота барои поён додан ба тасаллути мухолифон бар ин шаҳр афзудааст. Гурӯҳҳои имдодии мустақар дар Мисрота мегӯянд, ин шаҳр бо бӯҳрони инсонӣ рӯбарӯст.

Ин гурӯҳҳо мегӯянд беш аз ҳазор нафар дар даргириҳо кушта шудаанд. Ҳамалот ба пойтахт. Давлати Либӣ мегӯяд, бар асари ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои НОТУ ба Таробулус, пойтахти ин кишвар, се нафар кушта шудаанд. Либӣ мегӯяд, дар ҳамалоти ҳавоии НОТУ, як поркинги худрав дар маркази Таробулус ҳадаф қарор гирифт.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Таробулус, ки дар миёни хабарнигорони хориҷӣ буд, ки ба боздид аз маҳал бурда шуда буд, мегӯяд, ин маҳал ду бор ҳадафи қарор грифтааст. Ӯ мегӯяд, гурӯҳи зиёде аз ҳаводорони Муъаммар Қаззофӣ дар маҳал ҳузур доштанд ва шиъор медоданд. Нерӯҳои эътилоф тайи ҳафтаи ахир борҳо ба мавозеъе дар Таробулус ҳамла кардаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ