04:18:05 02-уми Июли 2025 сол

ҲАМЛАИ МУҲОҶИМИ ИНТИҲОРӢ БА СОХТМОНИ ВАЗОРАТИ ДИФОЪИ АФҒОНИСТОН

Мақомоти афғон мегӯянд, ҳадди ақал ду сарбози артиши Афғонистон дар асари ҳамлаи марди мусаллаҳ ба сохтмони Вазорати дифоъи ин кишвар кушта шудаанд. Ин ҳамла субҳи рӯзи душанбе, 18 апрел, сурат гирифт ва дар он ҳафт нафари дигар низ захмӣ шуданд.

afghan_security_546645.jpgГузоришҳо ҳокист, ки фарди муҳоҷим либоси нерӯҳои артиши Афғонистон ба тан доштааст, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин фард аз сарбозони артиш буда ва ё бо истифода аз либоси артиш даст ба ҳамла задааст. Женерол Зоҳир Азимӣ, сухангӯйи Вазорати дифоъи Афғонистон, гуфт, ки ин фард дар муҳавватаи вазорати дифоъ ба сӯйи соири сарбозон тирандозӣ кардааст.

Гузоришҳо мерасонад, ки ин фард худро то табақаи дувуми сохтмони Вазорати дифоъ ҷое, ки дафтари Абдураҳим Вардак, вазири дифоъи Афғонистон, низ он қарор дорад, расонда ва ба рӯйи муҳофизон амниятӣ тирандозӣ кардааст. Ин фард аммо пеш аз он ки битавонад вориди дафтари кори вазири дифоъ шавад, аз сӯйи соири муҳофизони амниятӣ аз по даромадааст. Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта ва гуфтаанд, ки қасди он куштани вазири дифоъ будааст.

Корти шиносоӣ

Мақомоти вазорати дифоъ аммо гуфтаанд, ки женерол Вардак, вазири дифоъ, дар замони вуқӯъи ҳамла дар сохтмон ҳузур надоштааст. Фарди муҳоҷим ҷалиқаи интиҳорӣ низ ба тан доштааст, аммо ба назар мерасад фурсати мунфаҷир кардани бумбҳоро наёфтааст. Бо ин ҳол, бархе расонаҳои дохилӣ аз вуқӯъи як инфиҷор дар вазорати дифоъ хабар додаанд.

Мақомот мегӯянд, ки ин фард аз посгоҳҳои амниятии беруни вазорати дифоъ бароҳатӣ убур карда, чун корти шиносоии артиши миллиро доштааст. Дар гузашта борҳо афроде бо либоси пулис ва ё артиш ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла кардаанд.

Мунтақидон мегӯянд, Вазорати дифоъи Афғонистон ва НОТУ бояд бар раванди истихдоми нерӯҳои амниятӣ бештар аз ин назорат дошта бошанд то итминон ҳосил шавад, ки афроди марбут ба гурӯҳи Толибон фурсати вуруд ба суфуфи нерӯҳои амниятиро надошта бошанд. Сохтмони Вазорати дифоъ дар фосилаи каме аз кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон мавқеъият дорад ва тадобири амниятӣ дар атрофи он ҳамвора шадид аст.

Ҷодае, ки аз баробари вазорати дифоъ ва раёсати ҷумҳурии Афғонистон убур мекунад, низ ба рӯйи трофик масдуд аст ва танҳо васоити давлатӣ иҷозаи рафту омад ба ин минтақаро доранд. Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст то чанд моҳи дигар, амнияти Кобул, пойтахти Афғонистон, ба нерӯҳои амниятии афғон вогузор шавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ