ГУРӮҲИ ТАМОС: "МУЪАММАР ҚАЗЗОФӢ БОЯД КАНОР РАВАД"
Вазирони хориҷаи кишварҳои мухолифи Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар иҷлосашон дар Дуҳа, пойтахти Қатар, тасмим гирифтанд сандуқеро эҷод кунанд, то дар кӯтоҳ муддат ниёзҳои молии мухолифонро бартараф кунад.

"Гурӯҳи тамос"-и Либӣ, ки батозагӣ шакл гирифта ва рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Дуҳа нишаст дошт, хостори канорагирии Муъаммар Қаззофӣ аз қудрат шудааст. н гурӯҳ гуфт, ки идомаи ҳузури оқои Қаззофӣ эҳтимоли ёфтани ҳар гуна роҳи ҳалле барои буҳрон дар ин кишварро таҳдид мекунад ва либиёиҳо бояд иҷоза ёбанд сарнавишти худро рақам бизананд.
Гурӯҳи тамос рӯзи 29 март пас аз нишасте дар сатҳи вазирон дар Ландан ташкил шуд. Ин гурӯҳ шомили қудратҳои урупоӣ, Омрико ва муттаҳидони онҳо дар Ховари Миёна ва чанд созмони байналмилалӣ аст. архости канорагирии сарҳанг Қаззофӣ дар баёнияи ниҳоии ин гурӯҳ, ки тавассути валиаҳди Қатар қироъат шуд, матраҳ шудааст.
Ин иҷлос маҳалли аввалин ҳузури пурранги диплумотики мухолифони мусаллаҳ буд, ки қасди сарнагунии сарҳанг Қаззофиро доранд. Гурӯҳи тамоси Либӣ ҳамчунин мувофиқат кард ба "ҳимояти моддӣ" аз мухолифон идома диҳад ва ҳамчунин ирсоли кумаки пулӣ ба онҳоро дар назар бигирад.
Пештар Бон Ки-Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ба намояндагони ҳозир дар иҷлос гуфт, ки беш аз ниме аз ҷамъияти шашмилюнии Либӣ дарниҳоят мумукин аст ба кумаки инсондӯстона ниёз пайдо кунанд.
Дар оғози нишасти Дуҳа Шайх Муҳаммад бини Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар, гуфт, ки бо гузашти ҳар рӯз теъдоди қурбониён дар Либӣ бештар хоҳад шуд ва ин кишвар бо буҳроне инсонӣ рӯбарӯ аст. Вилем Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, дар суханони худ дар ин нишаст хоҳони ҳузури кишварҳои бештар дар эътилоф барои анҷоми ҳамалоти ҳавоӣ дар Либӣ шуд.
Оқои Ҳейг гуфт агарчи даргирии мухолифон бо Муъаммар Қаззофӣ аз назари низомӣ ба бунбаст расидааст, аммо ҳанӯз метавон бо истифода аз диплумосӣ ва таҳрим, фишор бар раҳбари Либиро бештар кард.
Бритониё ва Фаронса ҳар ду рӯзи сешанбе хоҳони ташдиди амалиёти ҳавоии НОТУ дар Либӣ шуданд. НОТУ дар вокуниш ба ин дархост эълом кард, ки хуб амал кардааст. Итолиё ҳам эълом кардааст ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд гузинаи кумаки низомӣ ба мухолифони Муъаммар Қаззофиро дар назар бигирад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд аз оғози буҳрон дар Либӣ ҳудуди 290 ҳазор нафар ин кишварро тарк кардаанд ва ҳудуди 330 ҳазор нафар маҷбур ба муҳоҷирати дохили ин кишвар шудаанд. Оқои Бон дар бораи бархӯрди сиёсӣ бо буҳрони сиёсӣ бо буҳрони Либӣ гуфт, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд дар бархӯрд бо ин кишвар "ҳамсадо" бошад.
Ин нишаст дар шароите баргузор мешавад, ки ҳамлаҳои нерӯҳои давлатӣ ва тарафдорони сарҳанг Қаззофӣ ба шаҳри Мисрота идома дорад. Ин шаҳр, ки таҳти кунтрули нерӯҳои мухолифи давлати Либӣ аст, барои беш аз 6 ҳафта аст, ки дар муҳосира қарор дорад ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки сокинони он бо камбуди манобеъи ғизоӣ ва дору рӯбарӯ ҳастанд.
Дархости қотеъона дар иҷлоси Дуҳа барои канорагирии Қаззофӣ аз баёнияе, ки рӯзи 29 март дар конфронси Ландан ҳангоми ташкили Гурӯҳи тамос матраҳ шуда буд, фаротар меравад. Дар баёнияи он конфронс омада буд, ки сарҳанг Қаззофӣ машруъияти худро аз даст додааст.
Пештар дар ҳафтаи ҷорӣ "Шӯрои миллии гузор", ки мухолифони мусаллаҳи оқои Қаззофӣ ташкил додаанд, пешниҳоди Иттиҳодияи Офриқо барои як оташбасро рад кард, зеро дар он ба канорагирии фаврии сарҳанг Қаззофӣ ишорае нашуда буд.
Намояндгони "Шӯрои миллии гузор" дар иҷлоси Дуҳа суханронӣ карданд. Ин Шӯро мехоҳад аз сӯйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба унвони садои мардуми Либӣ ба расмият шинохта шавад. Мусо Куссо, вазири хориҷаи собиқи Либӣ, ки моҳи гухзашта ба Бритониё гурехт, низ дар ин конфронс ҳузур дошт.
Би-Би-Си